Вокунишҳо ба инфиҷор дар Додгоҳи олӣ

Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони шаҳри Душанбе, гуфтааст, ки таркиши ахиран дар назди Додгоҳи олии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста як амали террористӣ буда, дар ҳоли ҳозир гурӯҳи махсуси муфаттишон ба омӯзиши ин ҳодиса машғул аст. Ба ақидаи оқои Муҳаббатов, ин амал бо ҳадафи эҷоди фазои тарсу ҳарос дар ҷомиъа анҷом дода шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон, на ҳама, бар фарзияи пешниҳодии додситони шаҳр дар бораи ин ҳодиса итминон доранд.

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, гуфт, ӯ баъид медонад, ки ин ҳодиса ба манзури эҷоди фазои тарсу ҳарсос дар ҷомиъа ба вуқӯъ пайваста бошад. Вай афзуд, бештар бар ин бовар аст, ки инфиҷор кори дасти нафаре ё шояд нафаронест, ки ба роҳҳои дигари баёни эътироз ва изҳори ақида алайҳи вазъи мавҷуд бовар надоранд.

Инфиҷор дар бинои Догоҳи Олӣ дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки дар ду моҳи қабл гурӯҳе аз сокинони норозӣ аз фаъолияти бархе аз додрасон дар назди он даст ба як намойиши эътирозӣ зада буданд. Баъди ин намойиши этирозӣ масъулини додгоҳ имконияти вуруд ба бинои додгоҳ ва мулоқот бо додрасҳоро маҳдуд карданд.
Раҳматулло Зойиров - раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон ҳодисаи таркиш дар бинои Додгоҳи Олиро амали тасодуфӣ намешуморад. Ба бовари вай ин ҳодиса аз қабл тарҳрезишуда мебошад ва ба усули хатарбори изҳори норизоиятии шаҳрвандон аз фаъолияти Додгоҳи олии Тоҷикистон робита мегирад, ки шумори нафарони норозӣ аз қарор ва аҳкоми додгоҳ бештар шудаст.

Сайидумар Ҳусайнӣ - муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, барои ҳизбаш ва ҷонибдорони он, ки худро масъули як тарафи сулҳи тоҷикон мешуморанд, амният ва ваҳдати мардум муҳимтарин дастоварди истиқлолият дониста мешавад. Вале оқои Ҳусайнӣ бо ишора ба он ки сохтмони Додгоҳи Олӣ аз сӯи ходимони мақомоти интизомӣ муҳофизат мешавад, вуқӯи ҳодисаи инфиҷорро як амали ғайримумкин барои нафари роҳгузар ва тасодуфӣ медонад.

Дар ҳамин ҳол Мӯсо Асозода - узви раёсати ҳизби ҳокими Халқӣ-демократии Тоҷикистон ба кори дасти ашхоси мухолифи оромиш ва суботи Тоҷикистон будани таркиши рухдода таъкид кард. Ба эътиқоди оқои Асозода ин афрод ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Тоҷикистон ҳастанд ва ҳатто имкон дорад бо ҳам иртибот низ дошта бошанд.

Аммо Шодӣ Шабдолов - раиси Ҳизби камунисти Тоҷикистон дар ин замина ба сурати рӯшан изҳори назар накард, аммо гуфт, нируҳои манфиатдор ба ташаннуҷи авзоъ дар дохил ва хориҷ вуҷуд доранд, ки имкон доранд онҳо даст ба чунин иқдом зада бошанд.

Ин ҳодисаи инфиҷор дар ҳоле рух додааст, ки охирин мавриди таркиш дар Тоҷикистони баъди ҷанг дар ду соли пеш, дар назди вазорати умри изтирорӣ ба вуқӯъ пайваста буд.