Сӯистифодаи бозиҳои олимпӣ дар Чин

Брифни Орурк Чин дар сӯиистифодаи нирӯи кӯдак ва калонсолоне муттаҳам шудааст, ки барои омодагиҳо ба бозиҳои Олимпии соли 2008-и Пекин сафарбар шуданд. Як созмони ҳуқуқи башар бо исми Эътилофи Play Fair,ки шароити корро назорат мекунад,дар гузорише назари худро ба ин мавзӯъ изҳор кардааст. Гузориш бо нигаронӣ гуфтааст, ки шумори зиёди коргарони корхонаву заводҳо барои кори пурзаҳмати худ нисфи маоши ҳадди аққалро дарёфт мекунанду халос.
Эътилофи Play Fair тасмим гирифтааст ба бахшҳои начандон хушоянди маъракаи омодагӣ ба Олимпиадаи 2008-и Пекин нигоҳе андозад. Корхонаву заводҳои маҳаллӣ ин шабу рӯз бо суръати зуд ба тавлиди милёнҳо адад маводи рамзии олимпӣ, ки расман иҷоза дода шудаанд,машғул ҳастанд. Дар миёни онҳо кулоҳҳо, халтаҳо, нишонҳои олимпӣ, қаламу дигар моли хурду резаи бозорёб мебошад. Гузориши ин созмон, ки бо оҳанги изтиробомез навишта шудааст, мегӯяд, аксар мудирони ин корхонаҳо маълумоти воқеъиро роҷеъ ба коргарони худ пинҳон мекунанд ва онҳоро маҷбуран бо пули кам ва шароити номусоид ба кор қабул мекунанд.



Овен Тюдор, ки раиси департаменти давлатии Конгресси Иттиҳодияҳои тиҷоратии Бритониё аст, вазъро чунин шарҳ дод: "Он чи ки муҳаққиқони мо ба даст оварданд, шаҳодати он аст, ки барои таҳияи моли олимпӣ хурдсолони аз 12-сола боло ҷалб мешаванд. Онҳо инчунин калонсолонеро пайдо карданд, ки барои як соати кор 14 пенс, баробар бо 25 сенти амрикойӣ ба даст меоваранд. Ин маблағ нисфи маоши ҳадди ақалли Чинро ташкил мекунад, ки худ бе ин ҳам хеле кам аст ва коргарон маҷбур ҳастанд 15 соат дар рӯз ва ҳафт рӯз дар ҳафта кор кунанд".




Тюдор мегӯяд, ки чунин сӯистифодаи шадид аз нирӯи коргарон зери исми Олимпиада ба обрӯи ин бозиҳо зарба мезанад. Вай гуфт, ки ҷумбишҳои коргарӣ намехоҳанд қонуншиканиҳоеро мисли ин дар бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон шоҳид шаванд. Аммо дар чунин шароит нақши Кумитаи байналмилалии Олимпӣ аз чӣ иборат буда метавонад? Тюдор гуфт: "Кумитаи байналмилалии Олимпӣ бояд ҳуқуқи коргаронро дар низомномаи ин Кумита ворид кунад. Онҳо инчунин бояд маблағи муайян дошта бошанд, ки шароити корро таҳқиқ карда мутмаин бошанд, ки касе азият намешавад ва ҳеҷ мушкили пинҳоние дар ин ҷо мавҷуд нест"




Як сухангӯи Кумитаи байналмилалии Олимпӣ дар Швейсария гуфтааст, ки ин созмон тамоми масъулияти иҷтимойии марбут ба бозиҳои Олимпиро ба дӯш дошта, дар андешаи ҳифзи номи неки рамзи ин бозиҳо дар ҳама гуна сатҳҳо мебошад. Аммо бо зикри ин, хонум Гизел Дейвис мегӯяд, ки ин кумита ба таври мустақим наметавонад моли марбут ба бозиҳои олимпӣ тавлидшавандаро пурра таҳти назорат дошта бошад.
Ҳоло Овен Тюдор аз конгресси Иттиҳодияҳои тиҷоратии Бритониё мегӯяд, ки барои ислоҳи вазъ дар Чин бо мақомоти ин кишвар дар тамоси мустақим мебошад ва ҳамроҳ бо онҳо барои ҳалли ин мушкил талош ба харҷ хоҳад дод.