Владимир Путин бо ишора ба кишварҳои узви гурӯҳи ҳафт Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҷопон ва Канада гуфт: «Агар 50 соли пеш 60 дар сади тавлидоти ҷаҳонӣ аз кишварҳои гурӯҳи ҳафт меомад, ҳоло бошад баръакс аст».
Владимир Путин гуфт, ҷаҳони феълӣ ба низоми нави ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ ниёз дорад, ки бар пояи эътимод ва ҳамоиши муфиди тарафайн асос ёфта бошад.
Владимир Путин созмонҳои ҷаҳонии иқтисодиро қадимӣ, ғайридемократӣ ва сустҳаракат номид. Раиси ҷумҳури Русия гуфт, аз таҷрибаи протексионизм, ки бояд Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ бо он мубориза кунад, аксаран кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ кор мегиранд.
Дмитрий Медведов муовини аввали нахуствазири Русия ва ҷойгузини эҳтимолии Владимир Путин гуфт, истифодаи таҷрибаи протексионизм, ё ҳимоят аз тавлидоти дохилӣ обрӯи созмонҳои байналмилалиро мебарад: «Ҳамаи мо бояд доир ба як низоми равобити иқтисодӣ фикр кунем, ки дар он паҳн кардани таҷрибаҳои нави пешқадам, тавлидоти нав ва фанновариҳои пешрафта муфид бошад. Ҳамзамон бо ин мо бояд фармудаи маъруфи файласуфи Чини бостонӣ Лао Цзиро фаромуш накунем, ки гуфтааст, Ончиро ки мефишоранд, васеъ мешавад, ончиро ки заъиф мекунанд, мустаҳкам мешавад, ончиро ки маҳв мекунанд, мешукуфад ва онкасе, ки чизи каси дигарро ситондан мехоҳад, ногузир моли худро аз даст медиҳад».
Интиқоди раиси ҷумҳур Владимир Путин аз созмонҳои иқтисодии ғарбӣ дар ҳолест, ки Русия саъй дорад, то ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, маҳфили ҷаҳонии ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ бипайвандад. Аммо баъзе аз 150 узви ин созмон Русияро танқид мекунанд, ки баъзе аз муқаррароти созмонро риоят намекунад, аз ҷумла қонуни ҳаққи муаллифро. Аммо пешниҳодоти раиси ҷумҳур Путин дар ҳамоиши иқтисодии Санкт Петербург чандон мавриди истиқболи гарми мақомоти расмии кишварҳои хориҷӣ қарор нагирифт. Питер Манделсон масъули умури тиҷорати Иттиҳодияи Аврупо бо пешниҳоди раиси ҷумҳури Русия дар мавриди таъсиси созмонҳои минтақавӣ ба ҷойи созмонҳои ҷаҳонии молӣ ба мисли Сандуқи Байналмилалии Пул мухолифат кард.
Вай гуфт, ҷаҳонишавӣ манотиқи таҳти нуфузро хуш надорад ва узвияти Русия дар созмони ҷаҳонии тиҷорат узвияти ӯ дар низоми тиҷорати бар асоси меъёрҳо асосёфта хоҳад буд.
Ба навиштаи расонаҳои ғарбӣ ҳамлаи лафзии раиси ҷумҳур Путин ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат зоҳиран на танҳо баёнгари ноумедиаш аз эътирофи Русия ҳамчун як иқтисоди дар ҳоли рушд, балки ҳамчун як қудрати ҷаҳонӣ аст. Голдман Сакс иқтисодони шинохта дар ҷаҳон пешбинӣ кардааст, ки то соли 2050 Бразилия, Русия ва Ҳинду Чин ба иқтисодҳои қавитарини ҷаҳон табдил хоҳанд ёфт.