ИМА мехоҳад дар Полша ё худ Лаҳистон 10 мушаки бозгардонанда ва дар Ҷумҳурии Чех пойгоҳи радарро ҷойгир намояд.
Дар арафаи зиёрати президенти ИМА Ҷорҷ Буш аз пойтахти Ҷумҳурии Чех сокинони се деҳа дар наздикиҳои макони эҳтимолии пойгоҳ, яъне 70 километрии ҷанубу ғарби шаҳри Прага, назархоҳӣ баргузор намуда, аксаран бар зидди иҷрои барномаи мазкур раъй доданд. Умуман, панҷ шаҳри ин минтақа овоздиҳии умумимардумӣ барпо намуда, бар зидди бунёди пойгоҳи радар раъй додаанд. Татбиқи ҳукми назархоҳиҳо барои ҳукумати Ҷумҳурии Чех ҳатмӣ нест, вале натиҷаҳои назархоҳиҳо инъикоси ихтилоф ба сипари зидди мушакӣ дар ҷомеаи чех аст. Агар имрӯз дар ин кишвар назархоҳии умумимардумӣ дар мавриди сипари зиддмушакӣ доир гардад, тибқи баъзе пажӯҳишҳо то 60 дар сади раъйдиҳандагон ба он мухолиф хоҳанд буд.
Рӯзи панҷуми июн президенти ИМА бо президенти Чех Ватслав Клаус, сарвазири ин кишвар Мирек Тополанек ва пешвои мухолифин Иржи Парубек вомехӯрад. Тополанек ва ҳукумати марказу ростгарои зери раҳбарии ӯ тарафдори бунёди сипари зидди мушакӣ буда, пешниҳоди эътилофи марказу чапгарои зери раҳбарии Парубек дар масъалаи баргузории назархоҳии умумиро рад менамояд. Ба қавли сарвазир Тополанек, барои бунёди сипари зидди мушакӣ дастгирии Парламент кифоят мекунад.
Аммо дар Парламент ҳам ҳосил намудани пуштибонӣ ба ин барнома осон нахоҳад буд. Феълан аз 200 курсии Маҷлиси қонунгузори Ҷумҳурии Чех 100 курсӣ зери назорати эътилофи ҳоким ва 100 курсии боқимонда таҳти тасарруфи мухолифин қарор дорад. Яъне барои тасдиқи барнома бояд ҳадди ақалл як вакили мухолифи ҳукумат онро дастгирӣ намояд.
Ахиран, сарвазири Чех гуфт, ки агар Конгресси ИМА маблағгузории бунёди сипарро пурра бар дӯш нагирад, Ҷумҳурии Чех музокироти бунёди онро мутаваққиф хоҳад кард. Феълан, Конгресси таҳти назорати ҳизби демократи ИМА нақша дорад, ки аз тахсиси 310 миллион доллар барои бунёди сипар худдорӣ кунад.
Мухолифини бунёди сипар изҳори нигаронӣ мекунанд, ки пойгоҳи радар ба вазъи саломатии сокинони шаҳру деҳот атроф таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Дигарон хавф доранд, ки дар ҷавоб ба бунёди сипар мушакҳои Русия Ҷумҳурии Чехро ҳадаф мегиранд.
Ҷои ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Чех мардуми зиёде аз бунёди сипари зидди мушакӣ пуштибонӣ мекунанд ва онҳо низ ба зиёрати президенти ИМА аз Ҷумҳурии Чех омодагӣ мегиранд. Гурӯҳе бо номи ПРО дар як паёме имзоҳои ҳафт ҳазор пуштибони бунёди сипари Амрико дар Аврупоро ба Ричард Грабер сафири Вашингтон дар Прага таслим намуд.