G-8 ва ояндаи ҷаҳон

Дар остонаи ин мулоқот дар шаҳри Ростоки Олмон миёни тазоҳуркунандагон ва пулис задухурд ба амал омад, ки дар натиҷаи он ҳудуди ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд. Ахим Ридер, сухангуи пулис гуфт, дар ин задухурдҳо аз 20-ҳазор тазоҳуркунанда шумораи ночизи онҳо ширкат доштанд ва аксари ононе, ки ҷароҳат бардоштанд, кормандони пулис будаанд:

"Дар маҷмуъ 433 афсари пулис захмӣ шудаанд, ҷароҳати 30 нафари онҳо ҷиддист. 125 нафар барои чунин хушунат боздошт шудаанд. 52 нафари онҳо дубора раҳо шуданд. Субҳи имруз ду мошини дигарро оташ заданд. Дар маҷмуъ, 3 мошин туъмаи оташ шудааст. Мо ташдиди хушунатро интизор набудем, вале ҳарос ҳам надоштем.»

Дар ҳар сурат, бо назардошти чунин вазъ, яъне задухурдҳо, пулис ба мулоқоти раҳбарони ин ҳашт кишвар омодагӣ мегирад.

Мулоқот рузҳои 6-ум ва 8-уми июн дар ҳаволии Ҳеллигендам баргузор хоҳад шуд. Ин шаҳр дар тафреҳгоҳе дар каронаи баҳри Болтик ҷой гирифтааст ва раҳбарони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои баррасӣ дастури рузи мулоқотро мушаххас кардаанд. Дар дастури руз масоиле шомил шудаанд, ки ширкаткунандагони мулоқот роҷеъ ба онҳо шадидан назари мухолиф доранд. Тағйири иқлим дар сайёра, истиқрори системи дифоъи мушакии Амрико дар Аврупо ва таъйини мақоми ҳуқуқии Косово аз ҷумлаи чунин масоил ба шумор мераванд.

Гарчӣ Ангела Меркел, нахуствазири Олмон ва мизбони ин мулоқот масъалаи тағйири иқлимро дар сархати масоили дастури рузи ин мулоқот қарор додааст, вале мулоқоти Ҷорҷ Буш ва Влодимир Путин зоҳиран муҳимтарин масъала ва сархат боқӣ мемонад. Муносиботи Русияву Амрико моҳҳои ахир ба сардӣ гароидааст, ки яке аз сабабҳои он нақшаҳои истиқрори мушакҳои дифоъи ҳавоии Амрико дар манотиқи наздик ба қаламрави Русия, аз ҷумла дар ҷумҳурии Чех ва дар Лаҳистон мебошад. Путин ба ин нақшаи Амрико ғазаболуд вокуниш нишон дод. Русия ҳушдор дод, ки дар посух ба истиқрори чунин мушакҳо дар Аврупо даст ба иқдомоти ҷавобӣ хоҳад зад:

Ҷорҷ Буш ба хотири он, ки Влодимир Путин аз чунин раванд дар ҳарос набошад, дар паёме ба таври рушан ишора кардааст, ки вай қабл аз мулоқоти ҶӢ-8 ва пас аз он аз ҷумҳуриҳои Чех ва Лаҳистон боздид хоҳад кард, ҷумҳуриҳое, ки дар онон замоне сатилайтҳо ё дастгоҳҳои мавҷгири моҳвораии Иттиҳоди Шуравӣ мустақар буд. Стефан Ҳадлей, мушовири раиси ҷумҳури Амрико дар умури амнияти миллӣ гуфт, ки Ҷорҷ Буш мехоҳад дар ин боздиди худ аслан ба масоили демократия такя кунад, демократияе, ки Вошингтон бо он дар Русия мушкил дорад. Ба гуфтаи вай, ояндаи Русия дар дасти худаш аст. Суботу оромии ҳар кишвар замоне муяссар мешавад, ки ба мардуми он озодиҳои иқтисодӣ дода шавад ва ниҳодҳои демократӣ фаъол бошад.

Масъалаи дигари мавриди ихтилофи Маскаву Вошингтон мақоми ҳуқуқии Косово мебошад. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико бар ин ақидаанд, ки ба ин вилояти Сербистон, яъне ба Косово тадриҷан истиқлолият дода шавад, вале Русия ба ин пешниҳод мухолифат дорад.

Дар мулоқоти ҶӢ-8 масоили дигари марбут ба тиҷорат низ баррасӣ хоҳанд шуд.