Қотили эҳтимолӣ мақтулро муттаҳам мекунад

Андрей Луговой, ки дар Бритониё ӯро ба қатли Александр Литвиненко муттаҳам кардаанд, рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, Литвиненко ҷосуси Бритониё буд ва ӯро ё хадамоти вижаи он кишвар, ё сармоядори низ дар Бритониё паноҳбурдаи рус Борис Березовский ва ё мафияи рус куштаанд. Дар ҳар сурат, гуфт Андрей Луговой, заҳролуд кардани Александр Литвиненко дар моҳи ноябри соли гузашта таҳти, ба гуфтаи вай, назорати хадамоти кашфи Бритониё, мавсум MI-6, сурат гирифтааст.

"Як чиз барои ман яқин аст. Ба ҳеҷ сурат, заҳролуд кардани Литвиненко наметавонист хориҷ аз таҳти назорати хадамоти вижаи Бритониё бимонад."

Андрей Луговой гуфт, ки ӯ барои исботи ин иддаои худ далел дорад, вале аз ифшои ин далел ё далоил худдорӣ кард. Дар ҳафтаи гузашта Бритониё расман Андрей Луговойро, ки дар гузашта ҷосуси КГБ буда, акнун як ширкати хусусии амниятӣ таъсис додааст, ба даст доштан дар куштори Литвиненко муттаҳам кард. Аммо Русия истирдоди Луговой ба Бритониёро муғойир бо муқаррароти Қонуни асосиаш дониста, радд мекунад. Луговой иттиҳоми муфаттишини бритониёиро радд карда, дар нишасти хабарии рӯзи панҷшанбеаш гуфт, изи полониум-210-ро ба хотири ба гарданаш задани ин ҷиноят барқасд ба ӯ нисбат медиҳанд.

Дар ин нишаст, ки худи Луговой аз қабл пурҳангома эълонаш карда буд, ӯ гуфт, ки мақомоти Бритониё мехоҳанд аз вай як гӯсфанди қурбонӣ бисозанд.

Александр Литвиненко, корманди собиқи хадамоти кашфи Русия, ки чанд сол боз ҳамчун паноҳанда дар Бритониё ба сар мебурд, рӯзи 23 ноябр дар асари заҳролуд шудан аз моддаи радиоактивии полониум – 210 ба ҳалокат расид. Ин қазия хотироти солҳои ҷанги сардро дар зеҳнҳо зинда карда, билофосила вирди забонҳо шуд. Дра номаи пеш аз маргаш Литвиненко мустақиман президенти Русия Владимир Путинро муттаҳам кард, ки дар сӯъиқасд ба ҷони вай даст дорад. Иттиҳоме, ки Маскав бебунёдаш хондааст.

Андрей Луговой, ки дар рӯзҳои пеш аз марги Литвиненко бо ӯ чандин бор дар Лондон мулоқот кардааст, акнун мегӯяд, Литвиненко барои хадамоти кашфи Бритониё кор мекард. Ба иддаои Луговой, Борис Березовский, сармоядори фирории рус, низ корманди MI-6 аст. Березовский, қарори маълум, дар пайи бад шудани муносиботаш бо президенти Русия Владимир Путин дар Бритониё паноҳанда шудааст.

Андрей Луговой, муттаҳами аслӣ ба қатли Литвиненко мегӯяд, шояд муносиботи Литвиненко бо корфармоёни наваш дар Бритониё бад шуда буд, ки онҳо сӯъиқасд ба ҷони ӯро ташкил карданд:

"Ба инглисҳо хуш намеомад, ки ӯ дар назди ман аз равобити наздикаш бо МI-6 дар сатҳи мақомоти баландпояи он хадамот лоф мезад. Ва ё ин ки тавассути ҳамкорӣ бо хадамоти вижаи Бритониё ӯ ҳамон роҳи Гордиевский ва Калугинро пеш гирифтааст. Березовскию Закаев низ ба думболи ӯ рафтаанд. Аз ин рӯ, душворт аст ин андешаро аз сар дур андохтан, ки Литвиненко ба ҷосус табдил ёфт, ки аз таҳти назорати онҳо хориҷ рафтааст ва ба ҳамин далел, вайро аз байн бурданд."

Аммо Борис Березовский дар сӯҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ билофосила иддаои Андрей Луговой дар бораи бо хадамоти кашфи Бритониё ҳамкорӣ доштани худи ӯро радд кард ва гуфт, он чӣ ки Андрей Луговой дар нишасти хабариаш ба забон овард, дар асл на суханони ӯ, балки назари Кремлин буд.

"Имрӯз, ин посухи Кремлин бовари Скотланд Ярд ба ин фарзияро, ки дар паси ин ҷиноят Кремлин ва шахсан Путин истодаанд, таъйид кард."

Андрей Луговой дар нишасти хабариаш гуфт, мақомоти Лондон мехостанд аз ӯ низ дар бораи Путин ва хонаводааш маълумот ба даст биоранд.

Вазорати хориҷаи Бритониё аз ташреҳи ин даъвоҳо худдорӣ варзида, танҳо ҳамин қадар гуфтааст, ки парвандаи Литвиненко бештар як парвандаи ҷиноист, на масъалаи ҷосусӣ. Аммо ба эҳтимоли ғолиб, баёнияҳои рӯзи панҷшанбеи Андрей Луговой равобити бе ин ҳам танишомези Русияву Бритониёро бо танишҳои амиқтаре рӯбарӯ хоҳанд кард.