Аз бозору хиёбон ба мактаб

Дар доираи ин барнома ба духтарон ҳунари таббохӣ, пешхизмат ва дузандагӣ омӯзонида хоҳад шуд. Олга Картошева корманди Хонаи Ҷавонон мегӯяд, ҳамзамон духтарон забони англисӣ, компютер ва хондану навиштанро низ хоҳанд омӯхт. Хонум Олга афзуд, бо ин васила мехоҳанд он духтаронеро, ки бо иллати нодорӣ мактабро тарк ва кори бозорро ихтиёр кардаанд, ба дабистон баргардонанд: «Бо ҳамкории шӯъбаҳои маориф ва масъулини мактабҳо мехоҳем, 80 наврасро ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва омӯзишгоҳҳо баргардонем. Мақсади дигари мо барои дарёфти кор мусоидат кардан аст. Яъне мехоҳем ҳадди аққал 40 нафари онҳое, ки хуб таҳсил мекунад соҳиби ҷойи кори мувофиқ шаванд. Ба ҳамин тартиб кӯдакон соҳиби касб ва аз кори вазнин, озору шиканҷа озод мешаванд. Дар баробари ин онҳо бо истифодаи донишу малака маблағ ҳам ба даст меоранд, аммо дар шакли дигар. Ин ба онҳо бовари ва эътимод низ мебахшад».

Тибқи як назарсанҷии Маркази таҳқиқоти сторотежии кишвар муайян шудааст, ки дар Душанбе ҳудуди 6 ҳазор кӯдаки хиёбонӣ ба сар мебарад, ки 70 дарсади онҳо сини аз 12 сола боло дошта, ғолибан дар кӯчаву бозорҳо ба хизматарсонӣ, талбандагӣ ё дуздӣ машғул будаанд.

Ин кӯдаконро нодории хонавода ва масъулияти таъмини оила барои дар бозорҳо кор кардан маҷбур месозад. Мусоҳиби ман як духтари 14 сола аст, ки дар бозори Шоҳмансур тухм ва гушти мурғ мефурушад, мегӯяд: «Духтарак - Ман аз синфи шашум аз мактаб баромадам, дар оилаамон панҷ нафар ҳастем ва ман бо модарам онҳоро таъмин мекунем. Зиндагӣ душвор аст....
Хабарнигор - Оянда кӣ шудан мехоҳӣ?
Садои корфармо – Хай ҳейййййййййй инҷа гап зани омадиииииии ё запис кунииииииии!? Ин хел накунед, ӯ бояд кор кунад!!!!! »

Аз оне ки ин наврас чанд дақиқа бо мо сӯҳбат карда бекор монд, сарзаниш шунид. Рухшона як духтари 12 солаи дигар мегӯяд, дар бозор духтарони хурдсолро мавриди хушунат ва ҳатто баъзан лату куб қарор медиҳанд: «Иҷада агар ягон гуноҳ кунанд мезананд. Масалан, мегӯянд рафта халта биёр ва агар наоварданд онҳоро мезананд».

Ба гуфти равоншинос Наргис Ҳомидова кори вазнин ва азобу шиканҷа монеъаи рушди равонии кӯдак гашта сабаби бесаводӣ ё аз мактаб дур мондани онҳо мегардад: «Бисёри онҳо ба мактаб мераванд, аммо танҳо барои худро нишон додан, ки баъдан волидонашонро ба ҷавобгарӣ накашанд. Бисёри онҳо дар зиндагӣ мақсад надоранд, бисёри онҳо интизор мешаванд, ки кай ба шавҳар мебароянд, зеро интиҳои азобҳои хешро дар оиладор шудан мебинанд. Аммо то ба воя расидан меҳнати вазнин ба рӯҳу равони онҳо таъсир мекунад. Онҳо рушд нахоҳанд кард».

Ба назари коршиносон аз меҳнати духтарони тоҷик ба ғайр аз кӯча дар хона низ васеъ истифода мешавад. Дар бисёре аз маворид кори хона, тарбияи фарзандони хурдсол, кори саҳро, нигоҳубини чорво ва ғайра ба дӯши духтарони наврас гузошта шудааст, ки ғолибан барои омӯзиш ҳатто вақт пайдо намекунанд. Аммо бисёре аз волидон бар он назаранд, ки меҳнат ҷисми кӯдакро обу тоб медиҳад: «Нон мепаза, ҳавлӣ мерӯбад, либос мешӯяд, кори колхоз пахта, боғ, ҳама корро анҷом медиҳад. Кора, ки ёд гирифт оянда ба худаш лозим аст».

Дар ҳамин замина коршиноси соҳа Нилуфари Пурзан мегӯяд, ба волидон ёри расонидани кӯдакон, ки мувофиқи синн ва тавоноии онҳост, то андозае барои тарбияи хуби онҳо мусоидат мекунад, аммо он набояд суистифода ва ба саломатию ҷараёни омӯзиши онҳо таъсири манфӣ бирасонад: «Агар кор ба рӯҳу равони кӯдак, ба бозӣ ва тафреҳу омӯзиши ӯ халал ворид месозад дар ҳар ҷое дунё, ки набошад, бад аст».

Гуфта мешавад, барои коҳиши меҳнати кӯдакон, ҳимоя ва беҳбуд бахшидани вазъи атфоли хиёбонӣ созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ тайи 10 соли ахир фаъолият мекунанд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки шумори атфоли коргар дар бозорҳо дар ҳоли афзоиш аст. Зеро ба назари коршиносон, камбизоатии оилаҳо фарзандонро маҷбур месозад, ки аз синни хурдӣ аз пайи дарёфти як бурда нон рӯ ба бозорҳои шаҳрҳои кишвар оранд.