"Кӣ мега, ки рэпи тоҷикӣ нестай?"

Ин озмуни интернетӣ аз тариқи сомонаи рэпсароёни тоҷик, www.rc.clan.su сурат мегирад. Ва хоҳишмандон аз дохил ва ҳам аз хориҷи кишвар метавонанд барои ширкат дар озмун, таронаҳои дар услуби ҳип ҳоп сароидаи хешро ба сомонаи мазкур ирсол бидиҳанд.

Исмоил Исмоилов ё худ Диҷей Измайл, рэпсарои ҷавони тоҷик ва яке аз мубтакирони озмун мегӯяд, барои интихоби рэпсарои беҳтарини тоҷик овозхонони таҷрибадори Русияву Австрия ба ҳайси довар даъват шудаанд. Ба гуфтаи Исмоил, мусобиқа дар 5 давр гузаронида мешавад ва иштирокчиён 10 рӯз муҳлат доранд, то дар мавзӯе, ки аз ҷониби доварон пешниҳод мешавад, таронаи худро омода созанд:

"Дар Тоҷикистон овозхонони рэп хеле зиёданд, ки таронаҳои хуб иҷро мекунанд, аммо аксарият шароит надоранд, ки ин сурудҳоро омода ва сабт кунанд. Мо бо баргузории ин озмун ба чунин овозхонҳо имконият медиҳем ва студияи худро пешкаш менамоем. Аз сӯи дигар, ҳакамони мусобиқа - яке продюссер аз Қазоқистон ва дигарӣ яке аз рэпсароёи маъруфи Русия мебошанд".

Маъруф Қобилҷонов, ки миёни репсароён бо тахаллуси МС шинохта мешавад ва дар озмуни ҳип-ҳоп ба ҳайси довар ширкат мекунад, мегӯяд, феълан дар Тоҷикистон аксари наврасону ҷавонон шавқи рэпсаройи доранд ва ин озмун метавонад барои онҳо як санҷиши хуб бошад.

«Ин мусобиқа имрӯз барои ҷавонони мо хеле зарур аст. Бачаҳо таҷриба мегиранд ва бисёр паҳлӯҳои рэпро меомӯзанд. Ва ҳамчунин бо ҳам шинос шудаву ба ҷавонон муаррифӣ мешаванд»

Аммо аввалин озмун миёни репсароёни ҷавони тоҷик бо забони русӣ сурат мегирад, Исмоил Исмоилов мегӯяд, ин нахустин таҷриба аст ва аксари рэпсароён шояд дар сурудан ба забони тоҷикӣ мушкилӣ мекашанд. Аз ҷониби дигар доварон ин забонро балад нестанд. Аммо ба гуфтаи Исмоил, аз ин ба баъд онҳо кӯшиш мекунанд бо забони модарӣ чунин мусобиқотро ба роҳ монанд, зеро ба оҳистагӣ дар кишвар шумори рэп бо тоҷикӣ меафзояд.

Пора аз суруди рэпи тоҷикии Диҷей Измайл:

"Кӣ мега, ки рэпи тоҷикӣ нестай?
То вақте, ки Исмайл зиндаҳай
Дар любой кунҷи шавр,
Дар кучаи ту,
Да кучаи ма
Да кучаи дига,
Рэпи тоҷикӣ зиндаҳай"


Ба иттилои Исмоил Исмоилов, феълан, танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 90 овозхону гурӯҳҳои реп фаъолият доранд. Агарчӣ ба гуфтаи вай шумори мухлисони рэп дар кишвар меафзояд, аммо ин навъи мусиқӣ аз ҷониби масъулин хуш пазироӣ намешавад. Онҳо дар баргузории консерту дигар маҳфилҳо мушкилӣ мекашанд ва умуман шароити хуби эҷодӣ надоранд. Ҳарчанд рэп мусиқиест, ки метавонад дар коҳиш додани машкилоти доғи рӯзи ҷавонон нақши муассир дошта бошад, мегӯяд Исмоил:

«Рэп ин ҷавонро мард мекунад. Рэп антитеррор аст, ба зидди нашъамандӣ ва дигар мушкилоти ҷавонон мубориза мебарад. Ба ҷавон ба забони оддӣ ва ошнои ӯ мефаҳмонад, ки ба кадом роҳ бояд равад ва ба кадом не »

Ва аммо Мунира Шаҳидӣ, як муннақиди мусиқии тоҷик мегӯяд, он услуберо, ки имрӯз рэпсароёни тоҷик интихоб кардаанд, ба вижа тарзи ифода дар матни сурудаҳояшон бештар таассуб ба кишварҳои ғарб аст. Дигар аз мусиқашиносони тоҷик низ ба ин навъи мусиқӣ чандон баҳои хуб намедиҳанд ва ба вижа аз матнҳои пур аз суханони қабеҳи мавзӯъҳои сабуки таронаҳои рэпсароён интиқод мекунанд.