Нашрия ва телевизиони домоди Назарбоевро бастанд

ctr
Додситонии кулли Қазоқистон фаъолияти шабакаи телевизионии КТК ва нашрияи "Караван"-ро барои вайрон кардани Қонуни забон барои се моҳ мутаваққиф кард.


Ба иттилоъи хабаргузориҳо, шабакаи телевизионӣ ва нашрия аз сӯи Роҳат Алиев - домоди раисҷумҳури Қазоқистон сармоягузорӣ мешаванд.


Ахиран Додситонии кулл алайҳи Роҳат Алиев бо иттиҳоми даст доштан дар рабудани ду раҳбари собиқи Нурбонк парвандаи ҷиноӣ боз кард.