Нигаронии САҲА аз озодии баён дар Озарбойҷон

cr
Миклош Ҳараштӣ, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мақомоти Озарбойҷонро дар таъқиби расонаҳои хабарии мустақил муттаҳам кард.


Ӯ аз ҷумла аз қаъти нашри рӯзномаҳои "Реалний Азербайджан" ва "Ежедневний Азербайджан" изҳори нигаронӣ кардааст.


Дар Боку алайҳи Айнулло Фатҳуллоев, сардабири ин ду нашрияи мухолиф парвандаи ҷиноии нав ифтитоҳ шуд. Моҳи гузашта ӯ барои нашри як матлаб дар бораи ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ ба дуву ним соли маҳбас маҳкум шуда буд. Дирӯз манзил ва дафтари кори ӯ аз сӯи кормандони амниятӣ тафтиш шуданд.


Мақомот Айнулло Фатҳуллоевро дар таҳдиди терроризм муттаҳам мекунанд ва аммо дар мавриди он ки ин чӣ гуна таҳдид аст, иттилоъ дода намешавад.