ЮНИСЕФ маргумири модару кӯдакро коҳиш хоҳад дод

Дар ҳамин ҳол ин созмон фаъолияти худро, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои гуногуни ҳукуматии Тоҷикистон сурат мегирад, куллан муваффақ арзёбӣ мекунад.

Юкие Мокуо, раиси дафтари бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон, рӯзи панҷшанбеи 17 май дар ҳамоиши намояндагони ин созмон бо мақомоти давлатии Тоҷикистон, ки дар он масъалаи ҳамкории дуҷониба баррасӣ шудааст, гуфт, то имрӯз ЮНИСЕФ дар самтҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, беҳдошт ва омӯзишу парвариш ба натиҷаҳои мусбат даст ёфтааст.

Ӯ гуфт: «Фаъолияти ЮНИСЕФ дар асоси созишномаи ҳуқуқи кӯдак ва дар ҳамкории муштарак бо ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, новобаста аз ҳамагуна тасмимҳои сиёсӣ, қабл аз ҳама мо кӯшиш мекунем дар доираи ҳамин созишнома кор барем. Бояд тазаккур бидиҳам, ки дар якҷоягӣ бо ҳукумати кишвар, мо тавонистем дар самтҳои ҳифзи сиҳҳати модару кӯдак, ғизои атфол ва коҳиши мизони маргу мири кӯдакон муваффақ шавем».

Аммо дар вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, новобаста ба кӯшишҳои ин бунёд, дар кишвар ҳанӯз мизони маргу мири модару кӯдак дар сатҳи баланд қарор дорад.

Ба гуфтаи Шамсиддин Қурбонов, сардори шуъбаи ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон, нишондоди баланди вогирии занони қобили таваллуд ва кӯдакони синни то панҷсола ба бемории камхуниву норасоии оҳан низ нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Аз сӯи дигар, масъулини бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи атфоли Созмони Милал иқрор карданд, ки мизони гирифторони HIV AIDS дар Тоҷикистон, рӯ ба афзоиш аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки яке аз авлавиятҳои кори ЮНИСЕФ дар сартосари дунё ҷилавгирӣ аз бемориҳо, бахусус аз марази HIV AIDS, мебошад.

Масъулини созмони ЮНИСЕФ нақша доранд, ки дар ду соли дигар барои ҷилавгирӣ аз маризии HIV AIDS, коҳиши мизони маргумири модару кӯдак ва сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон дар Тоҷикистон барномаҳои бештар роҳандозӣ кунанд.