Сарез наҷот меҷӯяд

Гулсара Пӯлодова: "Ин дувумин нишасти байналмилалӣ бахшида ба мушкили кӯли Сарез аст. Нишасти аввал расо даҳ сол пеш дар соли 1997 доир шуда буд. Он замон мо бори аввал таваҷҷӯҳи аҳли оламро ба мушкили Сарез ҷалб намудем. Конфронс бо муваффақият гузашт. Бар асоси натиҷаҳои он якчанд лоиҳа иҷро шуд. Аз ҷумла як лоиҳаи бузурги Ҳукумати Тоҷикистону Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар моҳи декабри соли 2006-ум ба анҷом расид. Аммо дар ҳоле, ки мо лоиҳаро иҷро мекардем, возеҳ гардид, ки ин лоиҳа баъзе мушкилиҳоро мадди назар қарор надодааст. Табиати зинда дар ҳоли рушд аст. Чашмаҳои нав пайдо шудааст. Вазъи гирду атрофи кӯл ҳам тағйир ёфтааст. Хулоса, маълум шуд, ки таҳқиқот бояд идома ёбад. Аз ин ҷост, ки мо дар паи таҳияи Конфронси дуюм шудаем".


Бале, мо ҳам иттилоъ дорем, ки дар ҷараёни татбиқи бахши аввали ин барнома 4,3 миллион доллар барои бунёди низоми ҳушдори пешакӣ масраф шуд ва ҳозир таҷҳизоти муосир доимо вазъи кӯлро назорат мекунад.
Баъзе коршиносон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки кандани сарбанди кӯли Сарез ва ё сарбанди Усой тавре онро мардуми маҳал ёд мекунад, метавонад ҳаёти 5 миллион мардуми Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон ва Туркманистонро зери хатар гузорад. Вале шумо дар як сӯҳбат ин нигарониҳоро беасос шумурдаед?


Гулсара Пӯлодова: "Медонед, сабаби оғози ҳамон авалин лоиҳа ин буд, ки дар минтақа заминҷунбӣ ба вуқӯъ пайваст ва мо хавф доштем, ки сарбанд метавонад вайрон шавад. Аз ин рӯ, насби низоми назорат ё худ мониторинг ва огаҳсозии мардум зарур буд. Дар айни замон донишмандон вазъи сарбанд ва умумман кӯлро арзёбӣ мекарданд. Хуллас, донишмандон ба натиҷае расиданд, ки таҳдид ҷой дорад, вале он ба ҳадде бузург нест, ки ҳаёти 5 миллион нафаррро зери хатар қарор диҳад".


Вале як коршинос аз Бадахшон Гелос Муҳаммадлоиқов мегӯяд, ба ғайр аз кандани сарбанд хатарҳои дигар низ ҷой дорад. Ӯ як ҳодисаи 20 соли пешро ба хотир меорад.

Гелос Муҳаммадлоиқов: "22 август соли 1987 12 километр дуртар аз сарбанди Усой як пора кӯҳ, ки 18 миллион метри мукааб ҳаҷм дошт, ба об лағжида дар се қисмат ба даруни кӯл даромад. Дар натиҷаи ин офати табиӣ дар соҳили муқобили кӯл мавҷи баробар бо 16-17 метр, дар бошишгоҳи геологҳо 3-4 метр ва дар мавзеи Сангтӯдаи Усой ба 2-3 метр расида буд".


Оё барномаи рафъи дарозмуддати хатари кандани сарбанди Усой, ки Шумо мехоҳед пешниҳод кунед, ин қабил ҳодисаҳоро низ мадди назар дорад?

Гулсара Пӯлодова: "Медонед, ин роҳи ҳалли дарозмуддат дар давраи Шӯравӣ ҳам баҳс шуда буд. Масалан, метавон тунеле сохту ба воситаи он сатҳи обро каме поинтар намуд. Дар ин ҳол ҳам кӯл боқӣ мемонаду ҳам хатар рафъ мегардад. Обе, ки тариқи тунел аз кӯл хориҷ мешавад, мумкин аст, дар тавлиди нерӯи барқ, кишоварзӣ ва барқарор кардани мувозинати рӯдҳои Панҷу Амударё мавриди истифода қарор гирад".