Ҳамзамон, бо нашри ин иттилоъ созмони байналмилалии Christian Aid ва ё кумаки насронӣ, ки марказаш дар шаҳри Лондон мебошад, таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир 155 миллион аҳолии гӯшаҳои мухталифи олам маҷбур шудаанд, ки макони низоъ, офати табиӣ ва ё лоиҳаҳои бузурги сохтмониро тарк намоянд. Ҷон Дейвисон, яке аз муаллифони гузориши Christian Aid дар соли 2007-ум мегӯяд, "ба фикри мо бузургтарин таҳдид ба ҳаёти мардуми камбизоат дар олами рӯ ба тараққӣ муҳоҷирати иҷборӣ мебошад."
Ӯ меафзояд, эҳтимол тағйири иқлим ҳодисаҳои обхезӣ, хушксолӣ ва гуруснагиро афзоиш дода, миллионҳо нафарро ба тарки макони зисти доимиашон водор намояд. Шореҳон хавф доранд, ки мавҷи муҳоҷирати иҷборӣ низоъҳои мавҷударо тавсеа бахшида, муноқишаҳои навро аланга хоҳад дод. Ба ақидаи созмони Christian Aid аксари муҳоҷирони иҷборӣ дар дохили кишварҳояшон кӯч хоҳанд баст ва шахси ба истилоҳ "дар дохили кишвар бе ҷо шуда" ва тибқи қонунҳои байналмилалӣ садои расмӣ надорад.
Йенс-Ҳаген Эхенбахер раҳбари "Маркази назорати муҳоҷирати иҷбории дохилӣ", созмони мустақили байналмилалии нозири мардуми бар асари низоъҳо бе ҷо шуда мегӯяд: "мардуми дар дохил бе ҷо шуда" беш аз ҳар гурӯҳи дигар осебпазир мебошанд.
Дар таҳқиқоти созмони Christian Aid вазъи ногувори мардуми дар дохили кишвар бе ҷо шудаи Судон, Уганда ва Шриланка хотирнишон шудааст.
Дар Тоҷикистон пиромуни обшавии босуръати пиряхҳо ҳарфи зиёде гуфта шудааст. Ҳафтаи оянда дар шаҳри Душанбе нишасти байналмилалӣ бахшида ба ҷилавгирӣ аз офати табии эҳтимолӣ дар кӯли Сарез барпо хоҳад шуд. Рахна шудани сарбанди ин обанбор метавонад ҳаёти миллионҳо нафар сокинони Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон ва Туркманистонро бо хатар мувоҷеҳ намояд.
Дар як сӯҳбати телефонӣ бо шаҳри Душанбе аз Гулсара Пулодова, ҳамоҳангсози Стратегияи байналмилалии ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон пурсидам, ки оё имконе вуҷуд дорад, ки обшавии пиряхҳо ва ё суръати обшавии пиряхҳо заифтар гардонида шавад?
"Медонед, ки ҳозир мардум барои гарм кардани хонаҳои сарди бебарқ дарахт мебуранд. Дар Помири шарқӣ ба қадре дарахт буридаанд, ки акнун дар он ҷо чанг ба ҳаво мехезад. Ин чанг дар рӯи пиряхҳо нишаста, сабабгори обшавии босуръати ин пиряхҳо мегардад. Аз ин рӯ мо ҳар сол шоҳиди оби бештару обхезиҳои бештар мешавем. Онро ба фикрам набояд ба ҳисоби тағйири иқлим, балки ба маҳсули дасти инсон иртибот диҳем. Агар ҳозир дарахтбуриро бас кунем, эҳтимол шумораи обхезиҳо низ коҳиш ёбад."
Гулсара Пулодова бо ишора ба таҳқиқоти ахири коршиносони байналмилалӣ иброз дошт, ки феълан хатари рахна шудани сарбанди кӯли Сарез аз эҳтимол дур аст. Соли 1911 дар баландии 3200 метр аз саҳти баҳр кӯҳпорае фурӯ рехта сарбанди Сарез гардид. Тахмин мешавад, ки захираи оби Сарез ба 17 километри мукааб мусовӣ мебошад.
Вале баргардем ба арзёбии гузориши созмони Christian Aid. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо шаҳри Лондон аз хонум Сара Вилсон, яке аз муаллифони дигари ин гузориш пурсидам, ки ба фикри вай таъсири манфии тағйири иқлим дар кадом гӯшаҳои олам бештар эҳсос мешавад?
"Яке аз паёмадҳои тағйири иқлим камбуди об аст. Масалан дар минтақаи Суҳал, воқеъ дар Шимоли Африқо каме ҷанубтар аз биёбони Саҳрои Кабир заминҳои корам зиё буданд, вале ҳозир боронҳо камтар ва ғайри қобили пешбинӣ шудааст. Акнун дар ин ҷо кишоварзӣ душвортар шудааст. Мардум бо дастоварди кишоварзӣ рӯзгорашонро таъмин карда наметавонанд ва маҷбур мешаванд, ки ба ҷойҳои дгар кӯч банданд."
Вале бубахшед, хонум Вилсон дар Тоҷикистон ҳам кишоварзӣ душвортар ва камдаромад шудаасту мардум барои таъмини рӯзгор ба кишварҳои дигар сафар мекунанд. Вале ин амал бо тағйири иқлим чӣ иртибот дорад?
"Медонед, дар кишвари африқоии Малӣ мо аз маркази обуҳавосанҷӣ зиёрат кардем. Онҳо ба мо мизони миёнаи борон дар соли 1921-ро нишон доданд. Дар он ҷо дидем, ки сар аз солҳои ҳафтодуми қарни гузашта дар ин кишвар борон кам шудааст. Сипас дар ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар он ҷо аслан хушксолӣ мушоҳида мешуд. Аз он вақт то кунун иқлим ба вазъи пештарааш барнагаштааст. Мизони бориш хеле кам аст. Ҳар сол вазъ ғайри қобили пешбинӣ мешавад. Мардум намедонад, ки оби кофӣ барои кишту кор хоҳад ёфт ё не? Мардуми ин минтақа маҷбур шудааст, ки ба ҷойҳои дигар рафта, дар он ҷо биринҷу дигар зироатҳоро кишт кунад, ва ё ин, ки дар ҷустуҷӯи кор ба шаҳрҳо сафар кунанд. Мардуми сину соли корӣ тарбияи кӯдаконашонро ба пирон супурда худ ба шаҳрҳо мераванд. "
Дар поёни гузориши созмони ёдшуда таъкид кардааст, ки кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла бунёди системаҳои ҳушдори пешакӣ аз офатҳои табиӣ, ҳифзи соҳилҳову ҷангалҳо, коҳиши партобҳои саноатӣ ва беҳбуди шароити зисти мардуми камбизоат имкон дорад аз афзоиши мавҷи муҳоҷират ҷилавгирӣ намояд ва пешбинии нигаронкунандаи ин созмон дар мавриди як миллиард паноҳанда соли 2050-ум амалӣ нагардад.