Алифбои тоҷикӣ...

Дар бораи ин мавзӯъ
Ва боз ҳам дар ин бора
Матлабе дигар дар ҳамин мавзӯъ

Хатти тоҷикон хатти форсист ва забони тоҷикон забони форсист. Баҳона овардан,ки ин хатт мушкиласт,танҳо баҳонаи як танбал аст. Фаромӯш кардани 70 - соли таърих ҳам баҳонаи бани Исроили дигар аст. Яъне мефармоед,ки 1400 сол таърихи арзиши 70 - соли ахирро надорад? Лутфан танбалӣ ва таассубро канор гузоред ва бихонед ва биомӯзед форсиро - забони модариатонро. Оё шармандагӣ бештар аз ин ҳам мешавад,ки одам аз омухтани хатти забони худ икроҳ дошта бошад?

Ҳоттис


Ман болшевик нестам ва набудам! - фақат гуфтаниам, ки бо сирилик мо хонда паст нарафтем бародари азиз. назар ба дигар кишварҳо сатхи донишомузӣ ва мактабу маориф дар Тоҷикистону дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар аввал буду дар аввал мемонад. Факат ҳамин ки пеш рафтан лозим на бо ақиб. Муваффақ бошед! Ман дар назар дорам, ки бештар шахсони бо дин сару кор дошта хуруфи форисро хонда метавонанду халос ва холо бисёрии одамон ба ин тайёр нестанд
Тоҷикбача
-----------------------------

Ин ки шумо бародари арҷманд мегӯяд, гузаштан ба хатти форсӣ боиси афзоиши муллоҳо дар Тоҷикистон мегардад, комилан бепоя ва дур аз ҳақиқат аст. Ман барои мисол ҳама рӯз даҳҳо матолиб аз илмӣ гирифта то сиёсиву иқтисодӣ дар сайтҳои форсӣ мехонам, вале мулло нашудаам. Ин нигаронии шумо бархоста аз идеологияи мурдаи болшевикист,ки ба хотири эҷоди тафриқа миёни бародарони форсизабон дар тафаккури мо тоҷикҳо ҷой додаанд. Шумо эронӣ гуфтаед. Ва ҳамчунин гуфтаед забони мо тоҷикист. Ин комилан иштибоҳ аст. Забони тоҷикӣ сохтаи забоншиносони собиқ шуравист. Шумо дар ҳеҷ як фарҳанги мӯътабари гузаштаи ниёгони мо забони тоҷикиро наметавонед пайдо намоед. Як бор назар кунед илтимос. Бале мо имрӯз мардуми тоҷикем, вале забонамон забони форсист. Магар то инқилоби болшевикӣ дар Самарқанду Бухоро аз забоне бо номи забони тоҷикӣ ёд мешуд?
Абдурауф, Душанбе
------------------------------------

Бародари азиз! Ин ҷо гап сари осон будани сирилик ва душвор будани хатти форсӣ нест (гарчи азбаркунии ин хат ҳеч душворие надорад ва худи онки гузаштагони ба гуфти баъзеҳо «ақибмонда»-и мо ин хатро роҳат медонистанду эрониҳову афғониҳои имрӯзӣ ҳам). Ман фикр мекунам, баҳс сари он аст, ки донистани ин хат барои мо, ворисони он «ақибмондаҳо»-и дар фарҳанги башарият саҳм дошта, донистани ин хат аслан фарҳанг аст - фаҳанг ба маънии томмаш, ва бо он хондану навиштани озод масъалаи усулист!
Бубинед, имрӯз дар Эрон ҳама аслан танҳо бо ҳамин хат таҳсилу зиндагӣ мекунанд, вале ин хатти «душвор» ба эшон дар аз бар кардани тамоми донишҳои муъосири ҷаҳонӣ ва адабиёту дигару дигар садди чинӣ намешавад. Мактаббачагони эронӣ, ёдрасатон кунам, ки ҳар сол дар тамоми олимпиадаҳои фаннии байнулмилалӣ (физика, химия, риёзиёт, информатика ва барномарезии компютерӣ, биология ва ғайра) иштироки фаъъол доранд ва медолҳои тилову нуқраву брунз ба даст меоранд.
Исфандиёр аз Ҳисор.
----------------------------------------


Даст кашидан аз хати сириликӣ хатост! Барои онҳое, ки китобҳои динӣ мехонанд душвор нест, аммо тайи чанд сол аст, ки дар мактабҳо кӯдакон бо китобҳои дарсии Эрон тақдим карда дарс мехонанду то ҳол ба онҳо душвор аст. Дар як синфхона аз 30 нафар хонанда фақат 5-6 нафараш бо хатти ниёгон каму беш хонда метавонад. Агар аз сирилик даст кашем ҳама мулло мешаванду, ба шумораи зиёди аҳолӣ ба мушкилӣ бар мехӯрем. Шумо "бо фарҳанги бо шукӯҳи хеш пайвасти бештаре пайдо мекунем" гуфта фарҳанги Эронро дар назар доред. Ақаллият гуфтаҳои эрониро намефаҳманд. Точики ин забони алоҳида аст. Сирилик баракс осони оварда истодааст ва боз ҳам нағзтар ва васетар фикр кунед. Ин ҷо мо муллою доммуллоҳоро дар назар надорем - мо бояд дар бораи тамоми аҳолии меҳн фикру андеша кунем.
Тоҷикбача
----------------------------------


Салом ба ҳаммеҳанони азиз!
Тоҷикистон бояд аз хати сирилик даст кашад ва ҳамон замон мо ҳам бо ин мушкилӣ бар намехӯрем ва ҳам бо фарҳанги бо шукӯҳи хеш пайвасти бештаре пайдо мекунем.
Ҳодизода
-----------------------------


Ба Фаромарз. Агар аз ҳуруфи сирилик даст кашем, пас таърихи хафтодсолаамонро фаромӯш мекунем. Мо бояд ба таври на инкилобӣ, балки эволюсионӣ ба ҳуруфи форсӣ баргардем, яъне дар мактабҳо бояд ҳам сирилик ва ҳам форсӣ омӯзонида шаванд. Барои мардуми Тоҷикистон ва тоҷикзабонони дунё албатта ҳуруфи тоҷикӣ лозим аст, то мо тавонем фикрҳоямонро дар ин бахши радиои Озодӣ бо ҳарфҳои тоҷикӣ гузорем.
Тоҷики озод
----------------------------

Ононе, ки муштоқи тахтакалид(keyboard)-и тоҷикӣ ҳастанд, метавонанд нармафзори нави Windows Vista-ро пиёда кунанд. Windows Vista хатти тоҷикӣ ҳам дорад.
Ҳоттис
----------------------------

Барои чӣ ин қадар воҳима мекунему мегӯем, ки ҳуруфи тоҷикӣ нест. Ҳуруфи тоҷикӣ алаккай ҳаст ва бисёр шахсони аз Интернет ва компутар сарукор дошта аллакай истифода мекунанд. Ман худам як нармафзореро истифода мекунам, ки дар Виндовз бе ягон мамоният ҳарфҳои Ғғ, Ҳҳ, Ҷҷ-ро менависам. Шуморо ба Википедиаи тоҷикӣ даъват мекунам. Агар нармафзоре надошта бошед дар Википедиаи тоҷикӣ нависед. Он ҷо имконияти навиштан аст. Бахшиш, ки ман Википедиаро дар ин ҷо чи хеле ки мегӯянд "реклом" кардам. http://tg.wikipedia.org
OpenOffice ва Firefox аллакай ба тоҷикӣ тарҷума шудааст.
Агар монанди узбакҳо дигаргунӣ кунем - мо ҳуруфи сирилликро ба форс дигар кунем. Ман боварӣ дорам, сатҳи дониши мо бадтар мешаваду беҳтар не.
--------------------------

Барои ҷойгир намудани ин ҳарфҳо танҳо маблағғузорӣ лозим аст ва марди камбағалро дар болои аспаш саг мегазад... Дуо кунед, шояд ин сахтӣ ҳам ба тезӣ гузарад...
Ба диққати касоне, ки ҳарфи тоҷикӣ барояшон зарур аст, метавонанд онро аз www.tajislam.com дастрас кунанд...
-------------------------------

Аз ин алифбо бояд ҳарчи зудтар даст кашид ва алифбои форсиро роиҷ сохт. Алифбои русӣ дар Тоҷикистон сабабгори ақабмондагӣ ва бетафаккурии мардуми мост.
Фаромарз
-----------------------------------

Набуди ҳуруфи тоҷикӣ дар компютер мушкилӣ дорад. Чаро ҳама ҳуруфи худашонро дар комютер доранд, вале мо не? Эй шахсоне ки ба ҳамин корҳо алоқамандӣ доред, ба куҷо нигоҳ мекунед? Кор кардан даркор. Ҳама чиз беҳудааст ва фақат ба фикрам ҳамин кор аз ҳама муҳим аст.
Респект
-----------------------------------

Дар Windows Vista сафҳакалиди тоҷикӣ ҳаст!
Насрулло
-----------------------------------

Бе компютер ва интернет ҳам забон ва ҳам дониши мо аз пешрафт мемонад. Шахсан се бор ба ман аз Тоҷикистон ҳуруфи тоҷикӣ фиристоданд, ҳанӯз ҳам дар ҳеч барномае кор намекунанд. Ҳол он ки ман тасмим доштам, як китобро ба забони тоҷикӣ баргардон кунам, як сол боз ба сабаби набуди ҳуруфи тоҷикӣ корам пас хобидааст.
Мутмаинам, ки имрӯз ҳазорон нафар дар сартосари ҷаҳон ва дар Тоҷикистон мисли ман ниёз ба хатти тоҷикӣ доранд ва аз набуди он ранҷ мебаранд. Фикр мекунам, ки танҳо кишваре ки хаташ дар Микрософт нест, моем. Ва хусусан ман ҳайрони давлату идораҳои давлатӣ ҳастам, ки чигуна мактубҳои худашонро менависанд, албатта, роҳат ба забони русӣ.
Қадри зарро заргар бидонад.
Бо эҳтиром, Суҳайл
-----------------------------------

Хеле ниёз дорем. Бубинед, дар Интернет ҳатто сириллики узбакӣ ҳам ҳаст. Пас чаро тоҷикӣ набошад? Магар хатти мо камрангтар аз дигар хатҳо аст? Ташакккур.
Абдусалом, Данғара
-----------------------------------

Салом! Имрӯз точикони аз Интернет истифодакунанда ба word ва explorer-и точикӣ чун ба обу ҳаво зарурат доранд! Чаро не? Ку ҳамон ҳимматбаланде, ки ин гуна барномахоро таррохи намояд?
Ин кори муҳим бояд дар замони ворид шудани аввалин пентиумҳо ба Тоҷикистон аз ҷониби масъулини воломақоми Тоҷикистон иҷро мешуд.
Донишҷӯи ДДМТ
-----------------------------------

Бале, ниёз дорем. Мо тоҷикистонӣ ҳастем, забони давлатии Ватани мо тоҷикист ва барои ҳурмати он ва худамон мо бояд ин корро кайҳо мекардем. Дер ҳам бошад, ин корро бояд амалӣ кард, ҳол онки ин кори душворе нест. Вақат дар ин робита барои ҳукумат иродаи сиёсӣ лозим аст. Албатта, ҳукумате, ки худашро ва шаҳрвандонашро ҳурмат мекунад.
Иҷро кардани ин кор нишон хоҳад дод, ки мо ақаллан фарҳанг дорем, чунки аслан ин амали усулӣ (принсипиалӣ) аст. Охир, чигуна мешавад, ки забони як миллате, ки худро мутамаддин меҳисобад, дар шабакаи ҷаҳонии иттилоъотӣ ё Интернет набошад! Ин, агар мулоим карда гӯем, айб аст.
Мурод Азизов, шаҳри Душанбе
-----------------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.