Тобистон - фасли хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон

Бо шурӯъи фасли гармо дар Тоҷикистон, ба вижа пойтахти кишвар аксари маризиҳои сироятии рӯда хуруҷ кардааст. Вале Насим Икромов, корманди масъули маркази беҳдошт ва вогиршиносии шаҳри Душанбе мегӯяд, дар қиёс бо соли гузашта теъдоди ин қабил маризиҳо бо шумули домана ва зардпарвин дар пойтахт коҳиш дорад: «Вазъи маризиҳои сироятӣ дар қиёс ба соли гузашта беҳтар аст. Соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 26 нафар ба маризии домана гирифтор шудааст. Зардпарвини вируси А дар ҳудуди шаҳр имсол зиёд сабт шудааст ва баробар ба бештар аз 200 нафар мебошад. Ин маризӣ низ ба мисли домана ҳам аз тариқи тамоси маишӣ ва ҳам аз тариқи об сироёт меёбад».



Дар ҳоле, ки оқои Икромов як василаи аслии густариши маризиҳои сироятии шадиди рӯдаро оби ошомиданӣ ном мебарад, вале иддаъо мекунад, ки чор шабакаи об таъминкунии пойтахт зери назорати шадиди маркази беҳдошт ва вогиршиносӣ қарор дорад ва оби ошомидании сокинони пойтахт безарар карда мешавад. Ва аммо тавре сокинон мегӯянд, пас аз боришоти рӯзи гузашта оби ошомиидании аксари маҳаллоти пойтахт то ҳадде ифлос ҷорӣ мешуд, ки ҳатто барои дастшӯӣ ва анҷоми амалҳои ғайри истеъмол ғайри қобили истифода буд. Ба гуфтаи онҳо аз қубурҳо аслан оби нополудаи гилолуд мерехт.



Дар ҳамин ҳол Баҳриддин Абдуллоев, мудири шӯъбаи маризиҳои сироятии рӯдаи бемористони маризиҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе мегӯяд аслан ҳоли ҳозир замони афзоиши маризиҳои сироятӣ, ба вижа дар миёни атфол аст: «Дар бемористон шурӯъ аз интиҳои моҳи апрел мо теъдоди маризони гирифтори бемориҳои сироятии рӯда меафзояд. Сабаб гармшавии ҳаво аст, ки дар зимн кӯдакон оби ноҷӯшида ва нопокро зиёд истеъмол мекунанд».



Ва аммо дар бемористони маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе сироятшавии кӯдакон ба бемориии домана дар натиҷаи истеъмоли оби ошомидании нопоки лулаҳои обгузари манзилҳо собит шуд. Лола як кӯдаки ҳафтсолаи маризи домана, ки дар ин бемористон бистарӣ аст,гуфт: «Очам духтур овард анализома супорид,таб кардам, шикамам дард кард, Сарам дард кард,. Обро ба коса аз водопровод менӯшидам, оби лойолӯда буд».



Ин дар ҳолест, ки ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб, ки як моҳ қабл маризии домана хуруҷ карда буд ва ба гуфтаи Сафаралӣ Раҷабмадов, мудири шӯъбаи тандурустии ҳукумати шаҳри Кӯлоб теъдоди гирифторон ба ин маризӣ то 20 нафар афзуда буд, феълан то ба 4 нафар коҳиш ёфтааст.