Телевизионҳои ҷаҳонӣ шоми якшанбе чеҳраҳои ҷавонҳои зиёди пуштибони Саркозиро дар маркази Париж намоиш доданд, ки аз ғолибияти номзади худ хурсандӣ мекарданд. Аммо худи ҳамон шом дар Париж ва дар дигар шаҳрҳои Фаронса оиди задухӯрди садҳо ҷавонҳо гузориш шуд, ки аз чунин ранг гирифтани интихобот норозӣ буданд. Рӯҳияи ҷавонҳои Фаронсаро аз таҳлилгари фаронсавӣ Жан-Кристов Пук суол кардам.
Вай гуфт: "Он чи ки маро такон дод, ин шумори ҷавонҳои зиёде буд, ки ба пуштибонии Саркозӣ овоз доданд. Баъди интихобот дар як майдони Париж ҷавонҳои бисёр ҷамъ шуданд ва дар миёни онҳо муҳоҷирон ҳам зиёд буданд. Ба фикри ман, барои ҷавонҳо Саркозӣ ҳамчун сиёсатмадори насли нави Фаронса муаррифӣ мешавад ва аз ин хотир, интизороти онҳо хеле зиёд аст. Ҷавонҳои Фаронсаро пеш аз ҳама кадом масъала ташвиш медиҳад: масъалаи бекорӣ. Саркозӣ ба ҷавонҳо ваъдаҳои зиёд кард ва гуфт, ки бекориро рафъ хоҳад кард. Аз ин хотир, ман тааҷҷуб накардам, ки ҷавонҳои зиёд барои Саркози овоз доданд"
Аммо дар айни замон, дар миёни ҷавонҳо муҳоҷироне кам нестанд, ки ду соли пеш даст ба бенизомиҳо зада буданд ва Саркозӣ буд, ки ин ошӯбҳоро бо лаҳни шадид фурӯ нишонд. Тибқи гузоришҳо, аксари онҳо ҷонибдори сари қудрат омадани Руаял, нафаре, ки ҷонибдори баробарии ҳуқуқи муҳоҷирон бо дигар шаҳрвандони Фаронса буд. Дар ин бора чӣ мегӯед?
"Масалан, дирӯз, дар маркази Париж ва дар шаҳрҳои калони Фаронса бетартибиҳои зиёд ба мушоҳида расид. Шояд ҳам онҳое, ки ду сол пеш масъули ташкили ошубҳову бенизомиҳо буданд, дирӯз талош карданд ҳамин кори худро такрор кунанд. Аммо ба андешаи ман, онҳо аз аққалияти ҷавонҳои Фаронса ҳастанд ва барои онҳо Саркози номзади мувофиқ нест. Барои аксари ҷавонҳо, фарқи зиёд надошт, ки кӣ ба сари қудрат меояд: Саркозӣ ё Руаял"
Жан-Кристов, мо медонем, ки Саркозӣ хоҳони аз Афғонистон берун шудани нирӯҳои кишвараш шудааст. Дар ин кишвар садҳо нирӯҳои Фаронса таҳти раҳбарии НАТО хизмат мекунанд ва як қисми онҳо, ба вижа нирӯҳои ҳавойии ин кишвар дар Тоҷикистон мустақар мебошанд. То куҷо чунин ҳушдорҳои вай амалишаванда аст ва оё таъсири чунин тасмимгириҳо ба ҳамкориҳои Фаронса бо Осиёи Миёнаву мушаххасан, Тоҷикистон дар амалиёти зиддитеррори Афғонистон чӣ мешавад?
"Вай гуфта буд, ки агар президент шавад, масъалаи аз Афғонистон берун кашидани нирӯҳоро дар миён хоҳад гузошт. Вай ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки нирӯҳоро хориҷ кунад ё на. Як факти ҷолиб ин аст, ки вазири дифоъи феълии Фаронса Мишел Алиомари номзади аслӣ ба мақоми нахуствазирии ҳукумати Саркозӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар миёни элитаи сиёсии Фаронса як ризоияти умумие вуҷуд дорад, ки ба вазъи Афғонистон нигоҳи ҷиддӣ шавад ва ҳузури низомии Фаронсаро дар Афғонистон идома дод. Ҳеҷ гоҳ Фаронса ҳамкориашро бо Амрико дар мубориза зидди террор қатъ нахоҳад кард, ва бо кишварҳои Осиёи Марказиву Тоҷикистон низ ҳамчунин"
Дар суханронии нахустини худ баъди пирӯзӣ дар интихобот Саркозӣ гуфт, ки дар навбати аввал барои ҳалли масоили дохилии кишвар талош ба харҷ дода ҳамкориашро бо ИМА тақвият мебахшад. Бо омадани Саркозӣ, аксар таҳлилгарон пешгӯйӣ мекунанд, ки симойи сиёсии Фаронса дар арсаи байналмилалӣ метавонад хеле тағйир кунад.