Камтарин ҳақмузд дар фарҳанг ва бештаринаш дар молия

Носирҷон Маъмурзода
Ба иттилои Кумитаи омори Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ даромади пулии сокинони ин кишвар 32 % афзудааст.

Тибқи арзёбиҳои муқаддамотии ниҳоди мазкур, танҳо дар ду моҳи аввали соли 2007 аҳолии Тоҷикистон беш аз 900 миллион сомонӣ даромад доштаанд.

Ҳамзамон ба гуфтаи манбаъ, камтарин ҳақмуздро дар Тоҷикистон кормандони соҳаҳои кишоварзию ҷангалдорӣ, беҳдошту таъмини иҷтимоӣ ва фарҳангу ҳунар доштаанд, ки моҳонаи онҳо аз 10 то 23 доллари амрикоиро ташкил медодааст.

Ва аз ҳама бештар кори намояндагони ширкатҳои сохтмонию муассисаҳои нақлиётӣ ва соҳаҳои мухобироту молия ва қарз, инчунин кормандони ширкатҳои хусусӣ қадрдонӣ мешудааст. Ҳақмузди моҳонаи онҳо аз 90 то 133 доллари амрикоӣ будааст.

Ва давлат ҳудуди 25 миллион сомонӣ ҳақмузди кормандони муассисаҳоро пардохт накардааст, яъне дар пардохти моҳона қарздор шудааст.