Ҷавонгароӣ: Самти нави сиёсати наҳзатиҳо?

Ба қавли Муҳиддин Кабарӣ, тайи чанд вақти ахир таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик нисбати ин ҳизб бештар гаштааст. Аммо бо ин вуҷуд Муҳиддин Кабирӣ ба ин назар аст, ки дар ҳоли ҳозир нисбат ба дигар аҳзоби сиёсии кишвар, ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон бо истифода аз имконоти васеъи худ тавони ҷалби бештари ҷавононро ба сафи ҳизб доро аст.



Дар ин радиф Зоҳир Ҳабибов, ҳамоҳангсози бахши ҷавонони ҳизби халқӣ-демокартӣ гуфт, айни ҳол ҳизби онҳо барои ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизбашон аз услуҳои мухталиф, мисли ташкили давраҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои сарварони ҷавони сиёсӣ кор мегиранд ва ин аст, ки ба иддаъои онҳо, 45 ҳазор ва ё 35 дар сади аъзои ин ҳизбро ҷавонони аз 18 то 30 сола ташкил медиҳанд.




Аммо Ҳайдулло Абдуллоев, ноиби раиси ҳизби демократии Тоҷикистон гуфт, онҳо танҳо пас аз санҷиши махсус ҷавононро ба ҳизби худ мепазиранд ва имрӯз шумори аъзои ҷавони ҳизби демократӣ то ҳазор нафар мерасад. Вале оғои Абдуллоев мегӯяд, дар ҳоле, ки қонунгузории кишвар ташкили созмонҳои аввалияи ҳизбиро дар донишгоҳҳо ва ҷойҳои таҷаммӯъи зиёди ҷавонон манъ мекунад, онҳо барои ҷалби бештари ҷавонон ба сафҳои худ мушкил доранд.




Ин ҳама дар ҳолест, ки ба қавли коршиносон, новобаста ба изҳороти ҳизбҳои сиёсӣ, дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам як навъ беэътиноӣ ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ мушоҳида мешавад. Бархе ҷавонон роҷеъ ба хоҳиши ҳузури худ дар ҳизбҳои сиёсӣ ба гуфтори Ояндасоз гуфтанд,ки намехоҳанд побанди ягон аҳзоби сиёсӣ бошанд.



Ва аммо Муҳиддин Кабирӣ раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон камтаваҷҷӯҳии ҷавононро нисбати фаъолияти аҳзоби сиёсӣ падидаи муваққатӣ меномад ва ба чунин бовар аст, ки дар чанд соли дигар аксари кулли аъзои ҳизбҳоро ҷавонон ташкил хоҳанд кард.