Озодӣ дар Hotbird: Номаи шунаванда

Радиои Озодӣ дар телевизиони Шумо Дар охирин ҳафтаи моҳи март хабар додем, ки сар аз аввали апрели 2007 барномаҳои тоҷикии радиои Озодӣ аз моҳвораи Hotbird низ пахш хоҳанд шуд. Инак, нахустин вокуниши шунавандаи азизи мо даррасид.
Салом радиои Озодӣ,

Аз хабари пахши барномаҳои шумо аз моҳвораи Hotbird басе хурсанд шудам.

Бояд гуфт, ки дар мавҷи родиоии 12 226 GHZ бо мизони (symbol rate) 27 500 (3/4), қутбнишонии вертикалӣ замоне, ки барномаи тоҷикӣ пахш мешавад, ҳамзамон барномаҳои радиои Озодӣ бо забонҳои дигар (агар саҳв накунам белорусӣ ва чиноӣ) пахш мешавад. Барномаи точики дар канали чап (Mono-Left Channel) ҷо дода шудааст, ки дарёфти он хело мушкил аст. Ва ҳамчунин дар канали 12 226 GHZ қариб 10 барномаи радиои Озодӣ ба забонҳои гуногун мавҷуданд.

Хуб мешуд, маълумоти зеринро пешкаши шунавандагоне мекардед, ки мехоҳанд, барномаи шуморо бо сифати беҳтар аз моҳвора бишнаванд:

мавҷи родио: 12 226 GHZ
мизони (symbol rate): 27 500 (3/4)
Vertical -14(V)
Номи канал: IBIB VOA REFERL Rad
Audio PID: 4232
Audio Mode: Mono-Left


Ду сатри охир барои зудтар дарёфт намудани барномаи тоҷикӣ лозиманд.

Шунавандаи доимии шумо