Боздошт барои заминфурӯшӣ

Ситоди умури дохилаи Суғд мегӯяд, ки Илҳом Ваҳобиддинов, раиси иттифоқи касабаи хоҷагии ба номи Домулло Азизов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар тайи панҷ соли ахир бар ивази ришва ба маблағҳои се, шаш ва сеюним ҳазор доллари амрикоӣ ба се сокини маҳаллӣ барои бунёди манзил бе таҳияи асноди зарурӣ аз 12 то 18 сотихӣ замин додааст. Аз рӯи ин қазия идораи умури дохилаи Суғд нисбати Илҳом Ваҳобиддинов мутобиқи банди 39 - и Асноди ҷиноии Тоҷикистон барои ситонидани ришва парванда боз кардааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Суғд аз афзудани мавориди қонуншиканиҳо дар тақсим ва истифодаи замин изҳори нигаронӣ мекунад. То ҷое, ки додситонии Суғд барои таҳқиқи то кадом андоза қонунӣ сурат гирифтани беш аз 60 мавриди тақсими замин, ба вижа дар шаҳрҳои Хуҷанду Қайроқум як кумиссиюни вижа таъсис додааст.

Аз нигоҳи коршиносон ва таҳлилгарони маҳаллӣ, масоили марбут ба тақсим ва ҷудо кардани замин дар вилояти Суғд, дар ҳоли кунунӣ бо назардошти он ки даҳҳо ҳазор сокини устон ба талаби замин барои бунёди манзил ва кишту кор дар навбат меистанд, дар қатори муҳимтарин масоили ҳалталаб ба шумор меояд. Вале коршинос - Улмаси Эрка мегӯяд, боздошти масъулин дар пайи заминфурӯшӣ танҳо роҳи ҳалли ин масъала нест:

«Имрӯз Тоҷикистон ниёз ба як барномаи мушаххаси тақсими замин дорад. Ба хотири он ки заминҳои корам дар Тоҷикистон хеле ночиз аст, нисбати талабот. Аз ин рӯ, як барномаи хубу мушаххас барои истифодаи заминҳои бекорхобида дар манотиқи Суғд ва тақсими он зарур аст. Ва ин имконият медиҳад пеши роҳи фасодкорӣ дар тақсими замин гирифта шавад, яъне - харидани замин бо додани маблағи муайян ба масъулини идораҳои заминсозӣ ва ё мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ. Вагарна бо боздоштҳои як - ду нафар мо пеши роҳи фасодкориро дар ин самт гирифта наметавонем.»