Наврӯзи хуҷастапайро ба ҳамаи оламиён табрик мегӯям!
Наврӯз як иди фархундапай аст ва дар қиёс бо соири идҳои дигар як иди табиист, ки марбут ба тағйири фасли сол аст.
Наврӯз иди худовандист, он худованде, ки тамоми яктопарастон ӯро мешиносанд. Биёед беҳтар аст, аз накҳати НаврӮз лаззат бубаред ва баҳси бемаврид дар ин бора накунед.
Наврoз идест, пурнишот ва пурфараҳ, зеро табиат дар ин руз зинда мешавад, шабу рoз баробар мешавад, умедsо зинда мешаванд, рушноӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ пирӯз мешавад. Ва дуруст аст, ки Худованд ҳам аз ин дилшод аст. Аз ин рӯ, ба хотири Худое, ки мову Шумо мешиносемаш, биёед ин ҷашни зеборо истиқбол намоем.
Бори дигар Наврӯзатонро муборак арз медорам.
Некхоҳи шумо, азизон!
Симин
----------------------------------
Cалом ба иштирокчиёни ин баҳс.
Ман як масъаларо тарҳ мекунам, ки биёед дар эътиқодоти ҳамдигар даст назанем. Аз радиои Озодӣ хоҳиш мекунам, ки фикрҳоеро, ки дар онҳо тавҳин ба эътиқодоти дигар ашхос ҷой дорад, (чунончи, Фаромарз даъво дорад, дини ислом дини арабҳост ва гӯё мо арабҳоро пайравӣ дорем) ва ё шахсиятҳои волои исломи тоҷикиро (чунончи Фаромарз Аллома Имом Ғаззолиро тавҳин менамояд), роҳ наёбанд.
Барои ин баҳси илмӣ зарур аст бо ширкати донишмандону уламо. Он гоҳ баҳс ҳама паҳлуҳоро дар бар хоҳад гирифт.
Бо эҳтиром
Сафаракӣ
----------------------------------
Бародар Назарзода, пас ба гуфтаи ту, ки бобокалонҳои мо зардуштӣ буданд, бояд дини зардуштиро қабул кунем? Аммо ислом дини ҳақ аст ва Худованд гуфтааст, ман дини шуморо пурра гардонидам.
Ончи ту мегӯӣ, ки ин иди падару модар аст, аз ҷиҳати исломӣ ҳам хатост, аз ҷиҳати ақлӣ низ.
Ф. Наимов
----------------------------------
Мардуме ки дод аз фарҳанги миллӣ мезананд, оё кадом фарҳангро дар назар доранд? Фарҳанги тоисломии мо саросар ғайриахлоқӣ буд. Магар баъди омадани ислом набуд, ки фарҳанги мо рӯ ба тараққӣ ниҳод?
Бале, мо танҳо ду ид дорем, иди қурбон ва дид рамазон. Иди наврӯз аз ислом нест ва мо ҳеч вақт ин идро намепазирем!
Бо эҳтиром
Т. Камолзода
----------------------------------
Бо вуҷуди он ки наврӯз таърихи беш аз 3 ҳазор сол дорад, натавонистааст, ки дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи сазовор дошта бошад.
Банда, шахсан, наврӯзро пешвоз намегирам ва ба он ҳамчун ба як иди худ мӯътақид нестам.
Аммо аз нигоҳи исломӣ мегӯям, ки он наметавонад сабқате ба дини ислом дошта бошад. Зеро ислом аз замони Одам (а) сар шудааст. Мусулмонон то ин дам наврузро ҳамчун як ид эътироф накардаанд.
Агарчи навруз дар осори шоирону зиёиёни мо зикр шудааст, он на маъноест, ки имрӯз мефаҳманд, балки ба маънои дигаргуниҳои табиат аст. Бархе ба ин аст, ки ҷашн гирифтани навруз эҳтиром ба аҷдодони онҳост ва инро ба амри худованд нисбат медиҳанд. Ба фикрам, гуфтаи Худовандро бештар таваҷҷӯҳ накардаанд, ки агар замоне ба Холиқашон нофармонӣ карданд, аз онҳо итоат накунед.
Бо эҳтиром
Б. Мусофир
----------------------------------
Мо ориёӣ ҳастем ва мемонем!!
Наврӯз муборак!!!
Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Хар рузатон Наврӯз бод, Наврӯзатон фирӯз бод!!!
Бахтӣ
----------------------------------
Манкуртӣ аз ин бештар намешавад, ки ба хотири кадом як араб аз баҳри ҷашне бад-ин зебоӣ ба номи Наврӯз гузашт ва онро накӯҳид! Айби шармандагӣ!
Faramarz
----------------------------------
Саломун алайкум ба ҳамаи шумо ширкаткунандагони ин баҳси ҷолиб.
Ман фақат як чизро гуям ки баъзеҳо аслан мутаваҷҷеҳ нестанд ки баҳс дар кадом мавзуъ матраҳ аст ва як чизҳоеро бозгу мекунад, ки ҳеч рабте ба ин баҳс надорад ва ҳоли хонанда аз хонданаш баҳам мехурад.
Бо эхтиром
Абдусамади Карим
----------------------------------
Чаро ҳар мавзуе, ки дар родиои "Озоди" бараси мегардад бо дин онро омезиш дода, миёни одамон баҳс бармеангезанд.? Мебинам, ки мавзуи навруз низ аз ин иситисно нест. Биёед ба торҳои мазҳабӣ ва миллии якдигар нохун назанем! Мо мусулмонем ва дар баробари Идҳои Рамазон ва Курбон иди Наврӯзро низ ҷашн мегирем!
Тоҷикпур
----------------------------------
Дӯсти азиз, Микоил (аҷаб номи мусулмонӣ!)
Ман фикр намекунам, ки бо баёни андешаам шуморо таҳқир карда бошам ва лутфан шумо ҳам, агар одоби ҳақиқии исломӣ ва инсонӣ доред, маро таҳқир накунед. Бубинед, исломгароён чи табиате доранд, ки ба каси дигар имкони сухан кардан намедиҳанд ва инчунин аз доираи танги чизҳое ки муаллимонашон гуфтаанд, берунро дидан ва фаҳмидан ҳам намехоҳанд. Чунин афрод, бешубҳа, боиси шармсории исломанд ва терроризми онҳо аз ҳамин андешаронияшон маншаъ мегирад. Агар хуб таҳқиқ кунем, шояд ман аз шумо мусулмонтарам ва он гуна ки ислом мегӯяд, бояд волидайни худро ҳурмат кард, ман ин корро мекунам ва иди волидайни худро болотар аз ҳар чизи дигар мегузорам. Зиндаву поянда бод Наврӯз!
Аз кормандони Озодӣ хоҳиш мекунам, чун ин посухи ман аст, онро таҳрир накунанд.
А. Назарзода
----------------------------------
Cалом бародарон.
Магар шарт ҳаст ки тамоми мавзӯъҳоро ба дини мубини ислом тобиш диҳем. Ҳарчанд ки ҳадс мезанем, ки Навруз як иди мазҳаби аст, вале то куҷо имруз ҷашнгирии Навруз ба ислом муғойир аст. Дарвоқеъ ҳеч куҷое аз Навруз ба ислом мухолифат намекунад. Пас, агар ИСЛОМ ифтихор ва шарафи мо бошад, НАВРУЗ НАМОДИ миллии мост.
Касе, ки фалсафи ИСЛОМРО медонад дарвоқеъ аз НАВРУЗ ба хуби истиқбол хоҳад кард. Барои ҳамин навруз иди ҳамаи мову шумост, ки: "Мо бо Навруз тулуъ кардем ва бо Навруз ғуруб хоҳем кард". Ё ба ибораи дигар : НАВРУЗИ МАН, НАВРУЗИ ТУ, НАВРУЗИ ВАЙ, НАВРУЗИ МО...
ТОҶИКИ БЕБАРҚ
----------------------------------
Дарвоқеъ Тоҷикистон бояд ба солшумории миллии хуршедӣ баргардад ва аз тақвим ва солшумории Масеҳӣ, ки мероси колониализм ва даврони истеъмор аст, бакуллӣ даст бикашад. Бояд аз моҳҳои зебои порсӣ - Фарвардин, Ардибиҳишт, Хурдод, Амурдод...-ро эҳё кард ва моҳҳои урупоиро канор гузошт.
Вале солшумориро бояд аз таърихи нашри эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Бузург (такрибан аз 538 пм) оғоз кард, зеро ин таърих бештар баёнгари дардҳои башар аст, то таърихи валодати Масеҳ, ки амре комилан мазҳабӣ ва муғойир бо арзишҳои секулористӣ аст.
Фаромарз
----------------------------------
Салом, ҳамватанони азиз.
Намехоҳам сухан ба дарозо кашам, зеро бисёр андешаҳо ин ҷо гуфта шудаанд.
Фақат инро гуфтанӣ ҳастам, ки Наврӯз иди зардуштиҳост ва ман ҳамчун як фарди мусулмони тоҷик ин идро эътироф намекунам, зеро ислом барои мо идҳои муайянеро таъин кардааст ва он чизе ки дар ислом нест, набояд эътироф кард.
Худованд мегӯяд, "имрӯз ман динро пурра кардам ва тамом кардам барои шумо неъматашро ва исломро бароятон бахшидам."
Идро ба пеш будан ё баъд будан нигоҳ намекунем, балки ба ақидаи мо баробар аст ё не, ба он нигоҳ мекунем, ҳамватан Назарзода ва наметавон гуфт, ки иди наврӯз ид иди тамоми башарият аст. Ҳангоми сухан гуфтан бояд аз далел ҳуҷҷат гап гад, на аз ҳавои хоҳиш...
Бо эҳтиром
Абӯ Муҳаммад аз хориҷи кишвар
----------------------------------
Наврӯз аз ҷониби ҳукуматҳои вақти ҳамон давр мондааст (рӯзи ба тахт нишастани Ҷамшед) ва бо мурури замон бо омилҳои дигари қавмиву мазҳабӣ омехта шудааст ва аз ин рӯ рӯҳияи хубе дар байни мардуми оддӣ надорад ва он ҷаззобияте ки дар иди Рамазону Қурбон дида мешавад дар Наврӯз дида намешавад
Слд
----------------------------------
Аз ин морхор аҳриманчеҳрагон
Зи доноиву шарм бебаҳрагон
На ганҷу на тахту на ному нажод
Ҳаме дод хоҳанд гетӣ ба бод
Ҳам оташ бимирад ба оташкада
ШАВАД ТИРА НАВРУЗУ ЧАШНИ САДА
Ин ҳушдори паёмабари сухан Фирдавсии бузург буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл аз "тира гаштани Наврӯз" ҳушдор дода буд.
Алҳамдуллилоҳ,ки мусалмонем ва Фирдавсии бузургвор низ мусалмон буд,аммо ӯ дар баробари дин миллатро аз ёд набароварда буд. Мо низ набояд ҷашни миллии худро ҳақир шуморем. Наврӯз чашни ниёкони (на ниёгон) мост, ки ҳазорсолаҳо боз ба ҳуҷуми аҷнабиҳо нигоҳ накарда мавҷудияти худро нигоҳ дошт. Дар ҳар давру замон, чи турку аъроб ва чи муғулу манғит замони забти сарзаминҳои Хуросони Кабир Наврӯзро ба худ қабул карданд ва ба шеваи худ онро шинохтанд. Ва тули ин муддат Наврӯз каму беш асолати хешро аз даст дод. Сурхҳо онро дар аввал напазируфтанд ва сипас онро ба идеологияи худ мутобиқ намуда (Иди деҳқони хокпош) ҷашн гирифтанд.
Узр,ки барои баёни андеша фурсат танг аст.
ВА хулоса НАВРУЗ ИДИ ОЗОДАГОН АСТ! ИД МУБОРАК!
МӮЪМИН АЗ КӮЛОБ
----------------------------------
Ассалому алейкум, бародар Назарзода.
Ислом он вақт вуҷуд надошт мегӯӣ, оё асли худро медонӣ, ки аз куҷо пайдо шудаӣ? Бародар гапҳоят хато аст. Падарамон Одам алайҳиссалом дар кадом дин буд? Оё исломро ту мегӯӣ, ки нав пайдо шудааст ва наврузе ки дина пайдо шуд, мегӯӣ қадимист.
Наврузро ниёгонатон офарид, ниёгонатро кӣ офарид. Ту бародар, пеш аз он ки ҳарф аз ислом мезанӣ, аввал таърихро хуб бихон, баъд аз ислом ҳарф бизан.
Мо иди наврузро эътироф мекунем, ки иди миллии тоҷикон аст, локин аз ислом ҳеч вақт болояш намедонем.
Микаил
----------------------------------
Салому алейкум, бародарони исломӣ.
Ин иди Навруз дар даврае ки ислом бақувват буд, набуд. Ин ид аз зардуштиҳост, охир наход дар давлати мо ин хел идро ҷашн гиранд. Охир, мо мардум мусулмон ҳастем.
Ф. Наимов
----------------------------------
Салом, ҳамватанони гиромӣ.
Мо бояд як чизро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки динҳои гузашта хоси як қавм буданд, аммо дини ислом танҳо барои арабҳо на, балки барои тамоми ҷаҳониён аст. Ҳазрати муҳаммад мефармояд, ки мусулмонон ду ид доранд -- Иди Қурбон ва Иди Рамазон. Фикр мекунам, ки калом паёмбари гиромӣ барои ҳар як мусулмон кофист. Аммо Иди Наврӯз ҳамчун истиқболи соли нав, ба фикри ман, мухолифате бо маросимҳои динии мо надорад.
Озодбахш
----------------------------------
Салому алейкум, бародарони исломӣ.
Гапи шумо ҳам рост, лекин дар даврае ки зиндагӣ мекунем, бояд ба ислом таваҷҷӯҳ кунем, ки ислом аз байн дур шуда истодааст. Барои он ки ҳоло бештари мардум мегӯянд, ки ориёӣ ҳастанд. Ин гап хатои калон аст. Ҳозир дар замони мо ҳам зардуштпарастиву исмоилия зиёд шуда истодааст. Аҳли суннат ва ҷамоат аз байн рафта истодааст. Дар масҷидҳо ба ғайр аз чанд мӯйсафед, касеро намебинӣ. Фардо рӯзи қиёмат аз мо намепурсанд, ки наврӯзро ҷашн гирифтӣ ё на. Аз мо мепурсанд, ки чи амали солеҳе кардӣ.
Бубинед, як мисоли оддӣ. Баланд хондани азонро дар масҷидҳои мо манъ кардаанд. Дар кӯчаву тарабхонаҳо мусиқиро баланд мондан мумкин, вале азонро баланд хондан мумкин нест. Ба ин тартиб баъд аз 10-15 сол ҳама ориёӣ мешавад.
Девил Макс
----------------------------------
Муқаддамтар гузоштани ҳар ид ё чизи дигарро аз Навруз ман хиёнат ба фарҳанги миллй медонам. Забони мо ва иди Наврузи мо миллати моро аз нобуд шудан нигоҳ доштанд, пас чаро бояд чизҳои дигарро аз навруз боло гузорем.
Арабҳо ҳам мусулмонанд, аммо идҳои миллии худро дар чои аввал мегузоранд. Фақат бардасифатии мо, тоҷикон буд, ки 75 сол иди Октябрро аз Наврӯз болотар гузоштем, акнун иди Фитр ҷои иди Октябрро мегирад. Замоне агар миррихиён кишвари моро мутеъ кунанд, иди Миррих барои мо болотар аз навруз хоҳад буд.
Муҳсин, шаҳри Душанбе
----------------------------------
Ба номи Худованди меҳрубон.
Иди Наврӯзро пешопеш ба ҳамаи ҳамватанонмон табрик арз мекунам.
Дини ҷаҳонӣ бо одоб ва сунатҳои миллӣ чӣ рафторе дорад? Оё онҳоро канор мениҳад ва худаш ба сохтани одоб ва русуми тоза мепардозад? Ё онҳоро тасдиқ мекунад ва дар канори хеш менишонад? Ва ё аз миёни онҳо гузиниш мекунад?
Нахуст бояд донист, ки дини комил он нест, ки худ ҳама чизро бар ӯҳда гирад ва ба ҷои ҳамаи истеъдодҳои одамӣ ва ҳамаи ниҳодҳои маданӣ бинишинад, балки дини комил, динест, ки ҳамаи инҳоро дар ҷои худ ба дурустӣ мебинад ва ҷиҳати куллӣ ба онҳо медиҳад ва ончиро аз тавони "қувои фардӣ" ва "ниҳодҳои ҷамъӣ" хориҷ аст бар ӯҳда мегирад... ва ин фалсафаи амиқ дорад, зеро чунонки дини феъли қонунгузории Худовандӣ аст қувои одaмӣ ва лавозими тобиеи он (монанди ниҳодҳои ҷамъӣ) низ феъли таквини Илоҳианд ва ҳеҷ гоҳ таквин ва ташреъ носозгори надоранд, чароки аз як сарчашма воҳиде дастур мегиранд.
Агар ин пешзаминаи ақлӣ ба манобеъ ва масодири динӣ бингарем меёбем, ки хости дин барчидани бисоти сунани миллӣ - қавмӣ нест, балки бар он аст, ки ин суннатҳоро самт ва сӯи олӣ бахшад ва дин танҳо ончиро ки бо фитрати одмӣ созгорӣ надорад бармечинад. Чунончи ки Қуръони Карим эҳтироми моҳҳои ҳаромро "ки расми ҷоҳилӣ буд", нигоҳ дошт: пас моҳҳои ҳаром сипарӣ шуданд, мушриконро бикушед.(сураи тавба, офти 5) Эй касоне, ки имон овардед эҳтироми шиорҳои худо ва моҳи ҳаромро нигахдоред.(Сураи Моида, ояти 2) Расули Худо фармудасст: он ки суннати некро поягузорӣ кунад ва ба он амал шавад подоши амали худашро ба андозаи подоши дигар амалкунандагон ба вай дода мешавад бе он ки аз подоши амалкунандагон кам шавад ва он ки суннати бадро поягузрад ва ба он амал шавад гуноҳи амали худаш ва дигарон бар ӯҳдаи ӯст бе он ки аз гуноҳи дигарон кам шавад. Натиҷа аз гуфтори Худованд ва Паймбараш инро мефахмем ки иди навруз агарчи аз аъёди дини набошад бо фитарати башари ва дини чаҳнии Ислом дар тазод нест ва Ислом онро тасдиқ мекунад.
Бо эҳтиром
Абусамади Карим
----------------------------------
Бо салом.
Мо Наврузро қабул дорем, чун дин онро қабул дорад, аммо ҳеч гоҳ онро ё ҳар чизи дигарро аз дину мазҳабамон мyқаддам намедонем.(Таваҷҷӯҳ!)
Аммо аз қавли имом Алй (а): Агар рузе ки инсон дар он гуноҳ накунад, навруз аст. Ин навруз бо эътиқодоти тамоми адён ва макотиб мувoфиқ аст.
Дар охар тамоми мардуми форсизабон, ба вижа точикони азизро ба наврузи чаҳонафруз табрик мегуям.
Алиҷон аз Душанбе
----------------------------------
Ассалому алейкум.
Ин иди мо, мусулмонҳо нест, иди оташпарастон аст. Мо ду ид дорем, иди қурбон ва иди фитр. Локин фоида надорад навиштани ман, барои он ки шумо ин гапҳоро нобуд мекунед.
Михаил
----------------------------------
Салому алейкум барои халқи Тоҷикистон.
Аввало Наврӯзи ояндаро ба ҳамаи онҳо табрик мекунам. Мехоҳам, ки ҳар руз дар Тоҷикистони мо ҳамин хел хурсандӣ бошад. Инчунин ба халқи худ ва ватани худ хизмати худро дареғ надорад.
Тавба
----------------------------------
Банда бар инам, ки аз Наврӯз болотар гузоштани идҳои исломӣ хатои маҳз аст. Замоне ки ниёкони мо Наврӯзро ид мекарданд, ислом ҳануз вуҷуд надошт. Биноан, бояд бартариро бо Наврӯз дод, ки яке аз аввалин идҳои башарият аст ва бояд ҷои ифтихор бошад, ки онро ниёкони мо офаридаанд.
Бо эҳтиром
А. Назарзода
----------------------------------
Бародарони азиз!
Хуб нест, ки мо ба ҳар гапу калоча чангол ба дину мазҳаб занем. Дар байни баҳскунандагони "Майдони баҳс"-и Озодӣ он қадар ҳам "Исломшиносон"-у "Таърихдонҳо" пайдо шудаанд, ки дигар ҳоҷат ба гуфтаҳои фақеҳону муаррихон намондааст.
Наврўз ҷашнест, ки ҳамтои худро дар ақсои олам надорад. Ин ҷашн ба қавле рамзи ХУДШИНОСИИ МИЛЛИи мост. Ҷашнест, ки марзҳои таърихро убур намуда моро ба Ҷаму Кай мепайвандад. Агар мантиқан ба мавсимии ҷашнгирии ин иди БУЗУРГ нигарем, фалсафаҳоеро дар худ ниҳон кардааст, ки аз фаросати аҷдодони мо дарак медиҳад...
Дар баробари ин дар ҳеҷ як давру замон Наврўз ба эътиқоди мазҳабии ягон нафар таъсири манфӣ нарасондааст. Дар ҳақиқат Идҳои Саиди ҚУРБОНу РАМАЗОН идҳои бузурганд, вале набояд мо тоҷикон Наврўзро аз инҳо қафо донем, гарчанде пеш намедонем. Дар ҳоле ки ҳамсоя миллатҳоямон ҳам мусалмонанд ва ин ҷашнро моли худ мешуморанд, мо ба сўи ин Рамзи Худшиносии Миллӣ санг занем, камоли Номардист.
Набояд фаромўш кард, ки имрўз Наврўзро дар хонадони мо бе дини Ислом дидан зеб надорад. Бубинед дар аксар манотиқ дар ин рўз Қуръон тиловат менамоянд.
Хулоса чунин аст, ки Наврўз айни ҳол ба мо эҳтиёҷе надорад, чунки онро чандин миллатҳову қавмҳо имрўз ҷашн мегиранд. Имом Муҳаммади Ғаззолӣ ниёзе барои он надорад, ки Фаромарзе хоҳиши Ўро дар байни бузургон дидан дорад ё не.
Биёед, биандешему ба сўи ҳамдигар санг наандозем. Дигарон кайҳонро фатҳ карданду мо дар шабакаи интернет дари ғайбат меҷўем
Bahman
----------------------------------
Салому алейкум ба халқи тоҷик!
Наврӯз ҷони ман ва ҷонони ман аст. Ман иди Наврӯзро бисёр дуст медорам ва баьд аз иди Қурбон ва Рамазон беҳтарин ид агар Наврӯз аст гуем хато намекунем. Вале афсус, ки 5 сол шуд, Наврӯзро ид карда наметавонам, зеро дар хориҷ аз Тоҷикистон мебошам. Як байти Лоиқро гуфтаниам, ки
Бо умеди боз як рузи дигар
Бо умеди боз як соли дигар.
Эй худованди замину осмон: мо СТУДЕНТҲОИ бечораро то Наврӯзи дигар расон!!!
Мо ҳамон булбулоне ҳастем, ки ҳоло дар даруни қафас ҳастем.
Зинда бод Наврӯз!
Саломат бошед.
Ҷовидон
----------------------------------
Салому алейкум барои халқи Тоҷикистон.
Аввало Наврӯзи ояндаро ба ҳамаи онҳо табрик мекунам. Мехоҳам, ки ҳар руз дар Тоҷикистони мо ҳамин хел хурсандӣ бошад. Боз як гапи дигар ногуфта намонад, ки мувофиқи ислом иди Наврӯз қайд карда намешавад, ба ғайр аз иди Қурбон ва Рамазон. Агар хуб мешуд, ки ҳамин хел идҳо аз байн мерафт.
Ф. Наимов
----------------------------------
Дуруд бар "Озодиён" ва озодагон!
Наврӯз ки бар замин бувад ҳуснфизо,
Рафтанд чи асрҳову ӯрост бақо.
Хоҳӣ ту агар бақои умрат бошад,
Бар рӯи замин ба мисли Наврӯз биё!
Наврӯз бояд сароғози солшумории расмии Тоҷикистон бошад. Он гоҳ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо хоҳад кард.
Хоҷагон ва бонувони арҷманд!
Аз шумо хоҳишмандам аз пешниҳоди банда барои оғози солшумории кишвар эълом кардани Наврӯз пуштибонӣ кунед!
Умеди Ҷайҳoнӣ
----------------------------------
Ман аз як кашмири шунидам, ки дар он чо пас аз инқилоби исломии Эрон муллоҳо мардуми мусалмонро аз ҷашн гирифтани Наврӯз монеъ шудаанд ба ин далел ки он решаи эронӣ дорад. Ингуна бархӯрди нораво ва душмани бо Наврӯз дар миёни бархе аз мусалмонон дар гушаву канори ҷаҳон дар гузашта буда ва ҳоло низ мушоҳида мешавад.
Масалан шайх-ул-ислом Ғаззолӣ, ки аз пешвоёни дин ва тасаввуф буд, дар яке аз кутубаш навишта, ки Наврӯз ҷашни габрон аст ва бояд дар ин руз аз фурӯши шамшеру фил ва асбоби дигари бози ба кудакон ҷилавгирӣ шавад! Имрӯз бархе ба ин шахс иродат ва эътикод доранд, аммо ман барои ин суханон номи ӯро дар миёни бузургон дидан намехоҳам.
Холо душманони Наврӯз дар бархе кишварҳо, масалан Туркия мехоҳанд, аз таҷлили он (бавижа дар миёни курдҳо) ҷилавгирӣ кунанд. Ангезаи чунин иқдом ҷуз фарҳангситезӣ нест.
Фаромарз
----------------------------------
Наврӯз бартар аз ҳаргуна мазҳаб ва эътиқод аст!
Фаромарз
----------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.