Оё умри қумондонсолорӣ дар Тоҷикистон ба сар омад?

Фарҳоди Мелод Бо истеъфои Сӯҳроб Қосимов охирин қумондон ва ё фармондеҳи шинохташудаи айёми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ғайринизомӣ шуд. Ба ҳамин минвол дар ҳукумати имрӯзи Тоҷикистон ягон чеҳраи шинохташуда аз миёни фармондеҳони чӣ оппозитсион ва чӣ Фронти халқӣ боқӣ намонд.
Эмомалӣ Раҳмонов то муддате онҳоро розӣ нигоҳ дошт, аммо тадриҷан онҳоро аз қудрат дур сохт ва ба эътиқоди коршиносон акнун мешавад гуфт, ки қумондонсолорӣ дар Тоҷикистон расман поён ёфт.Қосимшоҳ Искандаров, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, ин як раванди табиист ва барканории Қосимов пеш аз ҳама ҷойгузинии қумондонони пешин бо мутахассисини ҷавон аст.








Оқои Қосимов гуфт, ин тағйирот навҳаи сиёсӣ надорад. Дар таҷрибаи ҳукуматдории 15 соли ахири Тоҷикистон фармондеҳони чӣ ҷониби оппозитсион ва чӣ ҳукумати вақт як зуҳур намудаанду бо ҳар навҳа ва дар шароити мухталиф саҳнаи сиёсии кишварро тарк кардаанд. Сароғоз Сангак Сафаров ва Файзалӣ Сайидов, фармондеҳони умдаи Фронти халқӣ аз дасти ҳамдигар кушта шуданд. Ризвон Содиров, сарфармондеҳи ИНОТ дар пайи сардии муносибатҳояш бо раҳбарият аз мақомаш маҳрум ва ниҳоят ҳангоми як амалиёт аз сӯйи нируҳои ҳукуматӣ ба қатл расид.






Маҳмуд Худойбердиев ва Ёқуб Салимов, фармондеҳони Фронти халқӣ бо ҳукумати вақт созиш накарда, аз кишвар фирор намуданд. Тибқи иттилооти расмӣ, Маҳмуд Худойбердиев ҳоло дар Ӯзбакистон паноҳ бурдааст. Аммо Ёқуб Салимов бо дархости Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Русия дастгир ва аз сӯйи Додгоҳи Тоҷикистон ба 15 сол зиндонӣ шуд. Ба ҳамин минвол, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, аз фармондеҳони собиқи оппозитсион дар айёми ҷанг ва райиси Ҳизби демократ, инчунин Ғаффор Мирзоев, раҳбари Горди президентӣ дар айёми ҷанг ва райиси Оҷонсии мубориза алайҳи маводи мухаддири назди раёсатиҷумҳур низ зиндонӣ шуданд.






Тайи тағйироти ахирӣ дар ҳукумати Тоҷикистон Мирзо Зиёев, сарфармондеҳи нирӯҳои оппозитсион дар замони ҷанг ва вазири ҳолатҳои фавқулодда низ аз вазифа барканор гардид. Сӯҳроб Қосимов, ки чандин сол ба ин сӯ сарварии фармондеҳи гурӯҳи зудамали Вазорати умури дохилаи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, низ ба истеъфо рафт. Абдуллоҳи Ҳаким, коршиноси дигари сиёсӣ мегӯяд, барканории Қосимов бо он вуҷуд, ки далели расман ба поён расидани даврони қумондонсолорӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, аммо ҳеҷ таъсири мусбат ё манфӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар гузошта наметавонад.






Оқои Ҳаким меафзояд, ҷойивазкунии кадрҳо яке аз хусусиятҳои замони муосир аст ва даврони қумондонсолорӣ амалан пештар ба итмом расида буд. Дар Душанбе аксари мардум бо чеҳраи ӯ ошноӣ доранд. Аксари ҳамсӯҳбатони ман дар мавриди ӯ нахостанд сӯҳбат кунанд.








Як сокини шаҳри Душанбе, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, воқеан Сӯҳроб Қосимовро мешиносад, аммо аз вазифа барканор шудани ӯ барояш аҳамияте надорад. Дар сӯҳбат бо расонаҳои Тоҷикистон худи Қосимов гуфтааст, ки акнун ба кори дигар ва хизмат ба варзиши Тоҷикистон пурра машғул хоҳад шуд. Оқои Қосимов чанд сол ба ин сӯ райисии Федератсиони футболи Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.