Таъриху фарҳанги тоҷиконро медузданд

Зебо Абдураҳмонова, раиси мурофиъа ба Радиои Озодӣ гуфт, дар таърихи додгоҳи ҷумҳурӣ ин барои нахустин бор аст, ки парвандаи дуздии фарҳангӣ матраҳ мешавад ва барои баррасии ин парванда додгоҳ ба коршиносони фарҳангӣ ва бостоншиносон ниёз дорад. Ба иттилоъи Юсуфшоҳ Ёқубов раиси пажӯҳишгоҳи мазкур, барои нахустин бор аст, ки нигораҳои таърихӣ аз маъхази ин осорхона рабуда шудаанд.

Оқои Ёқубов мегӯяд, ин дар мавридест, ки тамоми ашёи нодири осорхона номнавис шудаанд ва соҳиби шиноснома мебошанд. Ва аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, нигораву ашёе, ки зимни ҳафриёт меёбанд, ба китобҳои сафарӣ нигошта мешаванд. Вале онҳо баъдан соҳиби шиноснома мешаванд ё на суоли дигар аст.

Коршиносон меафзоянд, ҳамакнун замоне расидааст, ки барои ҷилавгирӣ аз қочоқи нигораҳои таърихӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ бояд як кумиссиюни масъул таъсис ёбад, то ашёи осорхонаҳо ва анборҳои пажӯҳишгоҳҳоро номнавис кунад.

Дар мавриде, ки дар Душанбе барои нахустин бор парванда бо иттиҳоми рабудани нигораҳои таърихӣ баррасӣ мешавад, коршиносон мегӯянд, аз ҳудуди кишвар ашёи бисёр нодири таърихиро, ки арзиши баланди фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, садсолаҳост, ки берун мекунанд.



«Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод»

Пурсарусадотарин қочоқи ашёи таърихӣ дар таърихи тоҷикон рабудани Дафинаи Омӯ ва ё хазинаи Окс, бо шумули 200 нигораи тиллоӣ дар соли 1877 аст, ки ҳамакнун дар осорхонаи Лондон маҳфуз аст.

Музаффар Азизӣ, раиси бозрасии фарҳангӣ ва ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги кишвар мегӯяд, дар ҳамин маврид, хазинаи муҳимтарине, ки ҳамсанги Дафинаи Омӯст, Маъхази Скифҳо дар даврони Шӯравӣ аз сӯи бостонишиносони рус дарёфт шудаву ба Осорхонаи Эрмитажи Санкт Петербург интиқол ёфтааст:

«Ду маъхази гаронарзиштарин, ҳам Дафинаи Омӯ ва ҳам Хазинаи Скифҳо аз мост! Аммо берун аз хоки кишвар ҷойгиранд ва дар дасти дигар ақвом қарор доранд»

Ин дар мавридест, ки шурӯъ аз авоили солҳои навади асри гузашта пурсарусадотарин дуздии осорхона дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳамин тартиб, дар соли 1991 ашёи аз анборҳои пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ рабударо, ки ба иттилоъи коршиносон қиммати беш аз миллион доллари амрикоӣ доштааст, дар фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав мусодира кардаанд. Ва аммо ба иттилоъи Юсуфшоҳ Ёқубов, то ҳанӯз сарнавишти қочоқчӣ ва гузашта аз ин ашёи осорхона номуайян мондааст.

Музаффар Азизӣ, раиси бозрасии фарҳангӣ ва ҳифзи нигораҳои таърихии кишвар мегӯяд, то ҳанӯз дар Тоҷикистон механизми бозгардонии нигораҳои фарҳангӣ вуҷуд надорад. Ба иттилоъи ин манбаъ, барои баргардонидани нигораву ашёи таърихӣ, ки бебаҳо ва баландарзишанд, Тоҷикистон ҳадди ақалл бояд расман меросхӯри давлати Бухорои Шарқӣ буда бошад