Изҳороти Додоҷони Атовулло дар бораи таъсиси ҷунбиши "Ватандор" аз сӯи сафорат чун "амали тарҳрезишуда ба хотири раҳгум сохтани ҷомеъаи кишвар ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ, таҳрифи вазъи аслии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва талоши дар зеҳнҳо пайдо кардани тасаввур дар бораи неруи нави мухолифи ҳукумат" арзёбӣ шудааст. Дар баёнияи ахир сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳороти Додоҷони Атовуллоро дасисае унвон кардааст, ки ҳадафаш, "намоиши фаъолияти, ба истилоҳ, дигарандешии хабарнигор дар назди гурӯҳҳои сармоягузор аст".
Муҳаммади Эгамзод - сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар сӯҳбат бо мо гуфт, намояндагии дипломатии Тоҷикистон аз ташреҳи нуктаҳои изҳороти Додоҷони Атовулло худдорӣ меварзад:
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи баёнияи Додоҷон Атовуллоевро шоистаи таваҷҷуҳ намедонад. Фақат ҳамин чиз мусаллам аст, ки алайҳи пешгӯиҳои Додоҷон Атовуллоев, ки ҷанбаи воқеӣ надорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон самти пешрафти худро, ки асоси онро ҳамеша сулҳ, меҳнати созанда, пешрафту нумӯъи кишвар ва беҳбуди ҳаёти сокинони он ташкил медиҳанду ҳамин тариқ мемонанд, идома хоҳад дод.
Ва аммо дар баёнияи сафорат омадааст, "Додоҷони Атовуллоро наметавон муборизи манфиатҳои мардум хонд", зеро ӯ, ба навиштаи муаллифон, "ягона тоҷике буд, ки моҳи ноябри соли 1998 ошӯб ва куштори садҳо сокинони осоиштаи вилояти Суғд аз сӯи мусаллаҳони Маҳмуд Худойбердиевро ҷонибдорӣ карда буд".
Дар робита ба ҷунбиши "Ватандор" сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо такя ба ниҳодҳои давлатӣ гуфтааст, ки ин гуна созмон аслан вуҷуд надорад, зеро он дар Русия, кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ ваё ягон кишвари хориҷӣ сабти ном нашудааст. Сафорат ҳамчунин ба ин ҷунбиш шомил будани собиқ сарвазир ва вазирони ҳукумату аъзои пешини парлумонро такзиб кардааст.
Додоҷони Атовулло - сардабири нашрияи Чароғи рӯз ва яке аз муассисони ҷунбиши "Ватандор" дар сӯҳбат бо мо баёнияи сафорати Тоҷикистон дар Русияро талоши худсафедкунии дипломатҳои тоҷик дар назди ҳукумат номид ва афзуд, бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро ифротгаро ва ҳамнишини афроди муттаҳам дар терроризм мехонанд:
Он айбҳое, ки эълон кардаанд ва гӯё ин созмон ин асту он аст... ин кори созмон аст ва на кори онҳо, ин як созмони ҷамъиятӣ аст, созмони мардумӣ аст, ки аъзояш ихтиёрӣ ҷамъ шудаанд. Ин пӯшида ҳам нест, ки ҳадафҳояшонро гуфтанд. Ва аз ҳама айбномаи ҷиддие, ки гӯё ман террорист ҳастаму ину он, ин ҳам барои ман нав нест - чандин сол пеш маро айбдор карда буданд, ки ман дӯсти Шамил Басаев ҳастам, ҳамроҳи Шамил Басаев дар қатли чандин олимону вазирҳои Тоҷикистон даст доштам, баъдан маро ҷосуси сионизми байналхалқӣ эълон карданд, боз як замоне маро исломгаро меномиданд, лекин як чизро пурсиданиам, ки оё Маҳмуд Худойбердиев дар замонаш яке аз қумандонҳо, яке аз наздикони беҳтарини ин ҳукумат ва оғои Раҳмонов набуд? Оё як замоне Маҳмуд Худойбердиевро қаҳрамони миллии Тоҷикистон намешумурданд ҳамин ҳукуматдорон? Агар вай ошубгар бошад, агар вай террорист бошад, паси инҳо ҳам террористу ошубгаранд, на як журналист.
Аввали ҳафта дар бораи таъсиси ҷунбиши "Ватандор" дар Маскав - як ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ расид. Додоҷони Атовулло, яке аз созмондиҳандагони ин ниҳоди сиёсӣ дар сӯҳбат бо Родиёи Озодӣ ҳадафи ҷунбишро - "тағйир додани зиндагӣ дар Тоҷикистон аз роҳи тағйир додани ҳукумат" арзёбӣ карда буд, зеро ба гуфтаи ӯ, "ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон наметавонад, ки кишварро аз вартаи бисёр амиқи ҳам фарҳангӣ, ҳам иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ берун кашад".