Ҷумбиши "Ватандор" чӣ мехоҳад?

Радиои Озодӣ: "Чӣ касоне ба ин созмон шомиланд?"

Додоҷони Атовуллоҳ:
"Ҷумбиши мардумии "Ватандор" ҳафтаи гузашта таъсис ёфта буд, вале омодагӣ ба ин кор ду сол боз идома дошт. Дар "Ватандор" беҳтарин фарзандони мардуми тоҷик, беҳтарин алломаҳои тоҷик ворид ҳастанд, аз ҷумла чанде аз сарвазирону вазирони собиқ ва аъзои собиқи парлумон ва як гурӯҳи дигар аз доираҳои расмии ҳукумати имрӯза."

Радиои Озодӣ: "Ҳадафи аслии ин ҷумбиш чист ва чаро онро ҷумбиши мардумӣ ном гузоштед?"

Додоҷони Атовуллоҳ:
"Ҳадафи асосии ин ҷумбиш тағйир додани зиндагӣ дар Тоҷикистон аст ва тағйир додани зиндагӣ - бо роҳи тағйир додани ҳукумат. Мо ошкоро, ба таври возеҳ мегӯем, ки ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон дигар наметавонад, ки кишварро аз ин вартаи бисёр амиқи ҳам фарҳангӣ, ҳам иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ берун кашад. Барои ҳамин , мо гумон мекунем, ки Тоҷикистон ба як наҳзати нав, ба як ҳаракати нав, ба як ҷумбиши нав ниёз дорад. Мо мехоҳем як шартномаи сиёсӣ бо халқ бубандем. Дар ин шартнома мо хоҳем гуфт, ки мо чиҳо мехоҳем ва чиҳоро муваззаф ҳастем, иҷро кунем, ба мардум чӣ ваъда медиҳем ва дар сурати иҷро нашудани ин чизҳо чӣ хоҳем кард. "

Радиои Озодӣ: "Ҳар созмони сиёсӣ барои худ барномаҳои ба истилоҳ минимум ва максимум дорад. Барномаи минимум ва максимуми шумо чиро дар бар мегирад?

Додоҷони Атовуллоҳ:
"Мо ошкоро изҳор кардем, ки ҳукумати Раҳмонов бояд ба истеъфо равад ва як ҳукумати мусолиҳаи миллӣ иборат аз намояндагони гурӯҳҳои гуногун, аз профессионалҳо таркиб ёбад ва ин ҳукумат интихоботи навро созмон диҳад. Дар ин интихобот ҳар касе, ки мехоҳад, иштирок кунад ва танҳо худи мардуми тоҷик сарнавишташро муайян кунад. Ҷумбиши мардумии "Ватандор" ҳам дар ин кор бетараф намеистад ва мо алакай 5 номзади мушаххас дорем ва ин 5 нафар дар он интихобот иштирок хоҳанд кард."