Назарҳо ба "Ватандор" аз дохили Тоҷикистон

Дар шаҳри Маскав - пойтахти Русия як ҳаракати наве бо номи «Ватандор» зери роҳбарии журналист Додоҷони Атовулло таъсис ёфта ва муассисони ин ҳаракат аз худ чун аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ном бурдаанд.

Додоҷони Атовулло ба нашрияи русии «Коммерсант» гуфтааст, собиқ вакилони порлумони Тоҷикистон, собиқ сарвазирон, намояндаҳои ҳаракатҳои донишҷӯӣ, рӯҳоният ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аъзои ин ҳаракат будаанд.

Гуфта шудааст, ҳадафи ин ҳаракат дур сохтани ҳукумати феълӣ ва баргузории интихоботи нави демократӣ дар Тоҷикистон мебошад. Нашрияи русӣ аз қавли Додоҷони Атовулло навиштааст, таъсиси ин ҳаракат кори саҳле набудааст ва барои он нишастҳое дар Лондону Маскав, Вашингтону Берлин, Тошканду Алмаато баргузор шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир 47 нафар узви ин ҳаракат будаанд. Гуфта шудааст, дар сурате, ки агар ҳукумати феълӣ ба истеъфо наравад, ҳаракат тариқи баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ истеъфои ҳукуматро тақозо хоҳад кард.

Мӯсо Асозода, раиси Дастгоҳи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократӣ, ҳизби ҳукмрони Тоҷикистон мегӯяд, дар дохили кишвар тамоми шароит барои фаъолияти аҳзоби мухолифи ҳукумат мавҷуд аст, аммо ҷое барои аҳзобе, ки амнияти Тоҷикистонро ба ҳам зананд, нест:

«Мардуми Тоҷикистон нав чанд сол мешавад, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ баромадааст. Ҳеҷ кас мардуми моро ба даҳшати ҷанги дохилиӣ баргардонида наметавонад, ҳатто Додоҷон Атовуллоев ва шахсоне, ки аз пушти ӯ ҳастанд ё аз пеши ӯ ҳастанд. Мардуми Тоҷикистон дигар аз пушти чунин шахсоне, ки боз мардумро ба кӯчаҳо, майдонҳо мебароранд, ҳиҷ вақт намеравад»

Ба ҳамин минвол, Раҳматулло Валиев, муовини Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бар он аст, ки новобаста аз фишори ҳукумат сари аҳзоби мухолифи давлат ва ба зиндон афтидани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари Ҳизби демократ, фаъолият кардан дар дохили кишвар дурусттар аст:

«Он нафароне, ки аз Тоҷикистон фирор кардаанд, бояд омада дар Тоҷикистон ин корро кунанд. Инҳо дар хориҷа истода, нақша накашанд. Он чизе, ки онҳо мегӯянд, бояд дар худи қаламрави Тоҷикистон сурат гирад. Ин чӣ қабул нест»

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ҳизбаш мухолифи ба зӯр иваз кардани ҳокимияти давлатӣ аст. Вай гуфт, барои муборизаи сиёсӣ аз мушкили муҳоҷирони тоҷик истифода бурдан низ як далели заъиф аст. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт:

«Пеши роҳи ҳама митингу намоишҳо бо баҳонаи он ки дар мо ҷанги шаҳрвандӣ буд ва метавонад ба кашокаши нав расонад, ман ҷонибдори он нестам. Билохира, мо бояд ба мардум ҳаққи конститутсионии онро қоил бошем ва ба ҳизби созмонҳое, ки метавонанд мардум ва худро идора кунанд, иҷоза бидиҳем, ки ин корро кунанд. Агар воқеан зарурат барои ин кор ҳаст. Вале ҳама дар чорчӯбаи қонун бояд бошад. Мо ҷонибдори ҳамагуна рафтори берун аз қонун нестем».

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, азбаски дар Тоҷикистон имкони фаъолияти озоди сиёсӣ нест, як идда сиёсатмадорон рӯ ба хориҷи кишвар оварда, он ҷо ба фаъолият шурӯъ кардаанд:

«Ба таври расмӣ Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократ ин мавзӯъро баррасӣ накардааст, ҳоло як чиз гуфтан хеле мушкил аст. Вале ба ҳар ҳол мо ба маҳкум кардани ин амали Додоҷон Атовуллоев ва доираҳои муайяни дигар ҳақ надорем»

Дар ҳамин ҳол, Нуралӣ Давлатов, коршиноси сиёсӣ бар он аст, ки ин як изҳороти навбатӣ ва беасоси Додоҷон Атовуллоев аст:

«Дар тамоми ҷаҳон, дар тамоми таърихи инсоният ҳама вақт инсонҳое буданд, ки аз ҳукумат норозӣ буданд. Чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар. Ва ин гурӯҳ, ки изҳорот пахш кардаанд, як гурӯҳи норозиёне ҳастанд, ки имрӯз хориҷ аз кишвар ҳастанд. Ба ҳар сурат, наметавонанд ба дохили кишвар таъсир расонанд, агар метавонистанд замоне, ки ин ҷо буданд, мерасонданд»