Дониёр бар додситонии Русия пируз шуд...

Дониёр медонист, ки бегуноҳ аст, ба шиканҷаҳо тоб овард ва иродаашро нашикаст, баръакс муборизаро идома дод ва тавассути дустон ва ҳомиёни воқеъии ҳуқуқи инсон то ба додгоҳи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар Страссбурги Фаронса муроҷеъа кард, зеро равзанаи умедро дар он ҷо дар хориҷ аз Русия медид. Дониёр тавонист собит созад, ки додситоии вилояти Влодимири Русия вайро бо иттиҳоми сохтаву дуруғин ба зиндон афкандааст.

Гузашта аз ин, вай тавонист навори видёии кормандони вазорати дохилаи Русияро аз ҷараёни боздошташ дар шаҳри Влодимир бар зидди худи онҳо истифода кунад, зеро кормандони ба ном ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Влодимир ҳангоми боздошти Худоёр барои саркубии ба истилоҳи худашон "мафияи тоҷикон" саҳнасозиҳои худро ба навор гирифтанд, то ин наворро ба мардум пешкаш кунанд ва нишон диҳанд, ки чеҳраи "воқеъии" тоҷикон чӣ гуна аст.

Онҳо мехостанд бо пахши ин навор хашму ғазаби сокинони маҳаллиро бар зидди тоҷикон барангезанд. Ҳомиёни тартиботи Влодимир фикр мекарданд, ки ин дафъа ҳам тоҷики бесоҳиб чун сайди раҳгум қурбони доми танидаи онҳо хоҳад шуд. Вале иштибоҳ карданд. Додгоҳи байналмилалии Аврупо баъд аз омузиши ин парванда ҳақиқатро руи об баровард. Карина Акоповна-раиси созмони фаронсавӣ ё маркази байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ, ки аз ҷониби додгоҳи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар Страссбург ба парвандаи Дониёр Худоёров расидагӣ кардааст, дар суҳбат бо мо чунин гуфт:


"Ин яке аз пешомадҳои хушҳолкунанда ва парвандаҳои муваффақ аст, ки додгоҳи Аврупо амалан ҳамаи навиштаҳои даъвогарро қабул кард ва тибқи чанд моддаи конвенсия ё муқовиланомаи Аврупо ин боздоштро иштибоҳ шуморид".


Аз Карина Акоповна пурсидам, дар догоҳи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар Страссбург дар бораи парвандаи Дониёр Худоёров чӣ назар доранд? Карина чунин посух дод:


"Роҷеъ ба ин парванда рушан аст, ки дар Влодимир талош кардаанд гуё як мафияеро ошкор созанд. Тақрибан 20 нафар ба зиндон афканда шуданд, таври дигар онро наметавон баён кард... ба далоили миллӣ. Идаъо шуда буд, ки онҳо ба корҳои ҷиноӣ машғул будаанд. Албатта, ин ҷо тоҷикони маҳаллӣ тавониста буданд дар тиҷорат муваффақона кори худро пеш баранд. Ба назарам, ин ҳолат касонеро ором намегузошт, ки тоҷикон ин гуна бо муваффақият кор мекунанд".


Дар як суҳбати телефонӣ бо мо Дониёр Худоёров лаҳзаи боздоштро ин гуна ба ёд овард:


"Дарвозаро кушоданд ва баробари кушодани дар бо дубинка ба сарам заданд. Ман беҳуш шуда ба замин афтидам... Шаттакуб карда, оварда ба таги диван зер карданд ва ба пояҳои диван маро занҷирбанд карданд. Рафиқамр ҳам заданд..., бо дашномҳои сахт нисбат ба дин, миллат. Яке аз суханҳои гуфтаи сардори муфаттишон Дзюков Андрей Михайлович ҳеҷ аз ёдам намебарояд. Вай бо чунин суханон ба ман дашном медод, ки тоҷиконро, мусулмононро ман нобуд мекунам. Ман шахсан мунтазир будам ҳамин иди мубораки шуморо (манзур иди фитр аст, зеро боздошт дар ин руз рух додааст) . Чӣ хел будани ин идро ман ба шумо нишон медиҳам".


Суҳбатҳои мо бо Дониёр Худоёров, бо Карина Акопова-вакили мудофеъи вай дар Страссубрги Фаронса ва бо Филлип Багрянский-вакили мудофеъи вай дар шаҳри Влодимири Русия дар бораи ин парвандаи пурсару садо тулонист. Ин нукот танҳо ёдоварӣ аз муборизаи бебоконаи як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бар мақомоти додситонии Русия пируз шудааст, вале баъд аз панҷ соли зиндон...


Чӣ гуфта метавон, агар садҳо нафари дигар мисли Дониёри бегуноҳ ба зиндон афканда шуда бошанд. Шояд онҳо зери шиканҷа ва азияту озори ҷонкоҳ гуноҳи накардаашонро эътироф кардаанд ва ҳоло дар зиндонҳои Руссия заҷр мекашанд? Мо дар барномаи ояндаи "Садои Ҳамватан", ки субҳи рузи шанбе, 24-уми феврал ва шоми рузи якшанбе, 25-уми феврал пахш мешавад, дар бораи ин парванда ба шумо муфассал ҳикоят хоҳем кард... На, бубахшед, мо ҳикоят намекунем, худи Дониёр аз шаҳри Маскав ва вакилони мудофеъаш аз шаҳрҳои Страссбурги Фаронса ва Влодимири Русия ҳикоят мекунанд... ва он вақт шумо хоҳед донист, ки Дониёр Худоёров кист ва чӣ гуна як мошини нируманд ва ба истилоҳ ғулпайкарро дар симои додситонӣ ба зону дароварда, дуруғҳову иштибоҳҳои онҳоро исбот кардааст. Фақат ҳаминро мегуем, ки ҳоло Дониёр дар озодист.