Қадамҳои нахустини Туркманбошӣ - II

Пайроҳаи Туркманбошӣ тағйир меёбад?
Раиси ҷумҳури ҷадиди Туркманистон дастури Сафармурод Ниёзовро, ки соли таҳсил дар кишварро то ба нӯҳ сол коҳиш дода буд, бекор кард ва фармон дод, низоми пешинаи таҳсил, яъне даҳсола ҷорӣ шавад.


Вай ҳамчунин доир ба ифтитоҳи нахустин интернет - кафе дар Туркманистон хабар дод.


Сафармурод Ниёзов, ки бо дастурҳои ғайриоддиаш маъруф буд, соли 2003 соли таҳсил дар кишварашро то ба нӯҳ сол коҳиш дод.