"Ховар" рӯ ба ховар меорад

Хабаргузории давлатии Тоҷикистон "Ховар" нашри ахбори муҳими Тоҷикистонро бо ҳуруфи арабиасоси тоҷикӣ ва ё алифбори ниёгон ба роҳ монд. Зафар Сайидов, раиси хабаргузорӣ дар бора ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Ин иқдоми хабаргузории миллии Тоҷикистон "Ховар" кайҳо боз мавриди интизор буд ва комилан ҷавобгӯи сиёсати президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба форисзабонони олам ва кишварҳои форсизабон аст. Дар яке аз мулоқотҳои ахири раҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон қарор шуда буд, ки як канали муштараки телевизионии фарҳангӣ таъсис биёбад. Қарорҳои муҳимтарин дар мавриди густариши ҳамаҷонибаи равобити кишварҳои форсизабон ва форсизабонони олам дар Форуми ахири тоҷикон ва форсизабонони дунё низ қабул шуда буданд. Аз ин лиҳоз хабаргузории миллии Тоҷикистон "Ховар басо муҳим мешуморад, ки ахбори умдаи хеш, аз ҷумла ахбори расмию давлатиро бо ҳуруфи арабӣ интишор дода, манзури форсизабонон ва ҳамватанони бурунмарзии худ гардонад."

Оё то ҳоло аз нашрияҳои мамолики форсизабон ваё онҳое ки дар берун аз ин кишварҳо ба забони форсӣ нашр мешавад, хостори обуна ва дастрасӣ ба ин ахбор шудаанд?

Зафар Сайидов: "Мутаассифона, то ҳол ин гуна аксисадо нашудааст, зеро мо ба ин кор ҳамагӣ чанд рӯз пеш шурӯъ кардем ва шояд ҳоло зуд аст, аммо мутмаъинем, ки чунин дархост ба миён хоҳад омад. Мутасаддии бахши нашри ахбор бо ҳуруфи форсӣ дастпарвари Донишгоҳи Исломобод, собиқ корманди сафорати Тоҷикистон дар Исломобод Мустафо Сурхов мебошад. Фикр мекунем, ки минбаъд мо ин бахшро густариш хоҳем дод."

Истифодаи ҳуруфи арабиасос ё алифбои ниёгон дар фанновариҳои нав оё мушкиле пеш овард, тавре замони муборизаҳо барои мақоми давлатии забони тоҷикӣ ҳушдор дода мешуд?

Зафар Сайидов: "Ягон мушкиле пеш наомадааст. Мо сирфан бо нирӯи худ дар зарфи як шабонарӯз ин масъаларо ба таври мусбат ҳал кардем. Ягон мушкил вуҷуд надорад. Аз ҳеч лиҳозе нашри ахбор ба алифбои ниёгон аз нашри хабарҳо ба забонҳои русӣ, англисӣ ё ҳурфуи сириллик вуҷуд надорад."