Қиссаи шаҳи садсолаву арӯси навадсола

Рашт
Мақомоти расмии Тоҷикистон соли гузашта гуфта буданд, ки дар водии кӯҳистонии Рашт даҳҳо нафар кӯҳансолоне ба сар мебаранд, ки синнашон аз 100 сол болост.

Шояд муҳити зисти беолоиш сабаби дарозумрӣ дар ин минтақа бошад вале ҳадс намезанем ва ба сӯҳбати як ҷуфти куҳансоли ноҳияи Рашт меравем, ки яке 100 сол дорад ва дигарӣ 90 сол.

Аммо хонандаи азиз. Ин ду нафар пайваста дар бистари худ хоб нестанд ва мегӯянд, ки бори рӯзгорашонро худашон мекашанд ва бо кори сахт, яъне кишоварзӣ.

Ин ҷуфти дарозумри ноҳияи Рашт, Забир Шарифов ва Гулбон Мӯсоева ҳастанд, ки мегӯянд, то ҳол дастнигари касе низ нестанд.

Рамзи радио дар паҳлӯи сарлавҳаро зер бикунед ва ин гузоришро бишнавед.