Ҷасади ҳамқисматҳои Ромео ва Ҷулйеттаро ба намоишгоҳ мебаранд

Бостоншиносони итолиёӣ мегӯянд, ки ҷасадҳои як ҷуфтеро, ки дар оғӯши ҳам ба хок супурда шудаанд, дар намоишгоҳе дар маърази омм хоҳанд гузошт.


Тахмин мешавад, ки ин ҷуфтро тақрибан панҷ ё шаш ҳазор сол пеш дафн кардаанд.


Ин ду ҷасадро ҳангоми корҳои сохтмонӣ дар маҳалли 40 километр дуртар аз шаҳри Верона, ки Вилям Шекспир Ромео ва Ҷулйеттаи худро эҷод кардааст, ёфта буданд.


Ҷасади ошиқонро дар Осорхонаи бостоншиносии Мантова хоҳанд гузошт, ки дар наздикии маҳҳали пайдо кардани ҷасадҳо воқеъ шудааст.