Интернетро дӯст медоред?

Интернет ҳам хубиҳо дорад ва ҳам бадиҳо. Кадоме ки аз он илман истифода мекунад, фоида мебарад. Аммо дар Тоҷикистони мо мебинӣ, ки бачаҳо асосан ба бозӣ машғуланд ва духтарҳову баъзе бачаҳо бо чат ва дигар корҳое ки аз вай фоида намебаранд. Фақат зиёни молӣ, бероҳа рафтани ақл ва зеъ шудани умр.

Белов
----------------------------------------
Салом.
Ман низ аз интернет ба таври фаровон истифода мекунам. Сомонаҳое ки ман бештар ба онҳо сари кор дорам инҳоянд: ВВС, Озодӣ ва сомонаҳои дигари хабарӣ. Чаро ки аз тариқи онҳо аз воқеъоту ҳодисоти ҷаҳон огаҳӣ пайдо мекунам.

Ҷелон аз МАСЧО
----------------------------------------
Ҳова!!! Ҳар рӯз аз интернет истифода мебарам ва ҳар бор умед мекунам,ки ягон хабари тозае меёбам,ки аз беҳтар шудани вазъи зиндагии мардум, болоравии эҳсоси худшиносӣ ва бедории ҷавонон дарак диҳад ,аммо ҳазор афсӯс, фақат шикоят ва наҳзании беҳуда!

Аз сайтҳойи русӣ бештар истифода мебарам ва эҳсос менамоям,ки ин мардум ,яъне русҳо рўз то рўз аз нигоҳи моддиву маънавӣ пеш рафта истодаанд. ПАС аз ИНТЕРНЕТ ман аз хондани ҳафтаномаҳойи тоҷикӣ даст кашидам ,зеро ҳамаи онҳо хабарҳоро аз ОЗОДӢ ва ВВС нусхабардорӣ мекунанд ва боқӣ ба сафсаттафурӯшӣ машғуланд.

ИНТЕРНЕТ чашми маро боз кард ,зеро ҳар боре, ки аз он истифода мекунам, дарк менамоям, ки саводи кофӣ надорам ва аз бисёр чизҳо хеле қафо мондаам.Ҳафтаи охир бо ёрии ИНТЕРНЕТ бо париваше шинос шудам ва инак дар ин "шаҳри пурмоҷаро" ҳамроҳи ў бофароғат ба сар мебарам .

Бо эҳтиром
МУСОФИРИ АРЧАМАЙДОНӢ
----------------------------------------
Ба номи худованд ва бо арзи салом
ба набераҳои Сомон!

Банда интернетро хеле дӯст медорам ва аксар вақтҳои бекориямро дар он мегузаронам. На ба хотири бозӣ ва булҳавасӣ, балкиба хотири ин ки инсонро дарҳол ба ҳар гӯша ва канори ҷаҳон мерасонад ва аз ҳар гуна маблумот бархӯрдор мекунад.

Ногуфта намонад, ки ҷаҳони интернет як имтиёзи хос ва ҳар сомона вижагиҳое дар худ дорад. Замоне ки дар интернет нишинам, то 10 сомонаро боз мекунам, лекин ҳамеша вақти боз кардани сомонаҳо сомонаи радиои Озодӣ сомонаи аввал ё дуввум баъд аз ВВС мебошад. Сомонаи Озодиро хусусан барои ахбори хоси ватанам мутолиа мекунам. Ва ВВС-ро хос барои таҳлилҳои сиёсияш, ки хеле васеътар мебошанд.

Гоҳе мешавад, ки ҷӯёи тамоми сомонаҳои як кишвар мешавам, наметавонам хулосаи онҳоро мутолиа кунам, яъне ки аз ҳадзиёди сомонаҳои он кишвар. Локин замоне аз даричаи Миҳани азизам сар мезанам, танҳо чанд сомонаи ангуштшумореро меёбаму бас. Он ҳам иддаи зиёде аз онҳо якҷониба буда, ба манфиати як шахси озод ё инки бетараф суде намерасонад, ки аз он ҳамаҷониба баҳраманд шавед, ин боиси хастагии банда мегардад.

Ва дар баробари он, замоне ба алоқамандони интернет аз миёни ҷавонони тоҷик дар дохили Тоҷикистон менигарам, як иддаи зиёд машғули бозӣ мебошанд ва як қишри дигараш масруфи сӯҳбат (chat), ки кадом суде ба онҳо намерасонад.

Ин ҳама аз як ҷониб надоштани дониши кофӣ ва ҳамчунон надонистани дигар забонҳо ғайр аз забони худ ва тарзи истифодаи интернет мебошад. Ва дар баробари он Сардорони имрӯзаи кишвар натавонистаанд, ки қишри ояндаи миллатро аз илму одоби муосир бархӯрдор кунанд ва ҳамчунон натавонистаанд, ки дар баробари он ба миллат ё қишри ҷавоне ки ғайр аз забони худ бо дигар забонҳои пешрафта шиносоии комил надоранд, сомонаҳое ба забони тоҷикӣ боз кунанд.

Воқеан ин ҳол боиси афсӯс аст ва халали бузургест ба пешрафти насли ҷавон ва ояндаи миллате ки дар гузашта таърихи дурахшон дошт.

Бо эҳтиром
Беҳрӯзи Мусофир
----------------------------------------
Ҳамагуна навгониву ҳодисае, ки ба амал меояд, дорои ду ҷанба мебошад, яъне манфӣ ва мусбат ва наметавон ҳангоми истифодабарии интернет аз ин ҷанбаҳо чашм пӯшид. Нафаре, ки ҳақиқатан бо нияти соф дар сари дастгоҳи компютер менишинад, аз сомонаҳои фаҳшу фуҷур низ ҷиҳати мусбатро ба худ ҷӯё мешавад.

Сомонаҳое, ки ман бештар дидан мекунам: bbcpersian.com, arianastorm.com, sahar.tj ва дигар сомонаҳои расонаҳои хориҷӣ.

Баҳман
----------------------------------------
Дуруд бар Шумо,

Дарвоқеъ, Интернет ҷаҳони дигар аст. Ман ба он сахт одат кардаам. Тақрибан ҳамаи сомонаҳои интернетиро тамошо мекунам. Дидам, ки шумори сомонаҳои интернетии тоҷикӣ ҳам афзун шудаанд. Аз дидани ҳар яке аз онҳо кайфияти дигаре маро фаро мегирад. Бинобар он ки аксари ин сомонаҳои тоҷикӣ берун аз Тоҷикистон сохта шудаанд, ҳамагӣ дар худ эҳсоси ғарибиро ҷой медиҳанд. Бояд бигӯям, чун ҳамеша аз пайи иттилоъ мегардам, сомонаҳоеро дӯст дорам, ки сомонаи оҷонсиҳои иттилоотӣ бошанд. Дар Интернет танҳо порнография ё фаҳш писанд наомад. Зеро чунин сомонаҳо дар як вақт метавонанд бисёриҳоро, ки аз Интернет истифода мекунанд, ба бероҳагардӣ бикашад. Интернет ҳам бояд дар худ як сенсор ё маҳдудият дошта бошад. Агар аз гуфтаҳои ман хаста шудед, ё баъзе назари ман мақбулатон нест, як ба сомонаи интернетии www.khudshinos.freenet.tj ворид шавед. Шояд аз ин сомона чизи дигаре писанди Шумо ояд.

Бо сипос,
Дабири Кабир, Душанбе
----------------------------------------
Интернет як сабабе шуда истодааст, ки инсониятро ба якдигарфаҳмӣ мебарад. Интернет майдони баҳсест, ки одамон аз чаҳор тарафи дунё фикри худро озодона баён карда метавонанд ва бинобар ин ман фикр дорам, ки интернет хело муҳим аст.

Киропол
----------------------------------------
Аслан имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро бе интернет тасаввур кардан нашояд. Ва беҳтараш ҳарф бизанем дар бораи роли интернет дар ҳаёти мардуми тоҷик. Имрӯз ки дар Тоҷикистон озодии сухан ва ҳақиқат ба қадри ниҳоияш зери по мешавад, мардум аз ҳақиқат бархӯрдор нестанд. Ва мардум метавонанд чи будани ҳақиқатро дар Тоҷикистон аз интернет дарёфт намуда, мутолиа намоянд.

Ва дар ин ҷода хуб хизмати арзандае мекунанд сайтҳои:
Чароғи рӯз, arianstorm,ВВС, фАРГОНА РУ,Сентрал Азиа ва ба монанди инхо. аммо мутаассифона, бо ибтикори давлати Тоҷикистон аз инҳо ҳам маҳрум гаштем
Ва дуввумаш ин ки барои зиёиёне ки берун аз марзи ҷумҳурӣ кор ва зиндагӣ мекунанд интернет як воситаи арзон,дастрас ва беминнат аст
Ва танҳо орзу дорам, то тамоми мардуми тоҷик аз истифодабарии интернет бархӯрдор гарданд.

Бо эҳтиром
Ғариб
----------------------------------------
Салом.
Ман воқеан ибрози таассуф мекунам аз он ки мо, тоҷикон веб блог хеле кам менависем ва орзумандам, ки ин халоъ ва шикоф пур шавад. Боз аз он маъюсам, ки аксари вебсайтҳо ба забони русиянд.

Ман воқеан тааҷҷуб мекунам, ки коркунони баландпояи давлат забони тоҷикиро нағз намедонанд ва ба русӣ сӯҳбат мекунанд ва ё аксари матбуоти Тоҷикистон ба забони русӣ нашр мешавад.

Банда маъмулан ба сомонаҳои илмӣ, завқу ҳунарӣ ва ахбор сар мезанам ва ё барои навиштани мақола ва рисола аз google.com истифода мекунам.

Маҳмад
----------------------------------------
Ман барои донистани хабарҳои Тоҷикистон асосан аз сомонаи шумо дидан мекунам ва гоҳе ба ватанвеб низ ворид мешавам, то оҳангҳои нави тоҷикиро гӯш кунам. Ва инчунин барои омӯзиши ислом ба бархе аз сомонаҳои инглисӣ ворид мешавам.

Пештар сайти президенти кишварро низ мехондам, вале ахиран аз бисёр якнавохт ва расмӣ будани он хушам намеояд.

Бо эҳтиром
Ашӯр Н.
----------------------------------------


Ман номгӯи сомонаҳои интернетии радиои ВВС ва Озодиро бештар дӯст медорам. Ин сомонаҳо роҷеъ ба ҳаёти мардуми тоҷик ҳақиқатро менависанд. Баъзан ҳатто бо барномаҳои Озодӣ, бахусус барномаи "Ҳамнафас" ва "Майдони баҳс" тамос мегирам. Иттилоъи аниқ дар ҷаҳони сиёсат дар ин сомонаи интернетӣ низ зиёданд. Як бор ҳатто бо як хабарнигори Озодӣ дар кӯча вохӯрда будам, ки назари мардумро дар бораи интихобот мепурсид. Ман фикри худро баён карда будам. Аммо дар интернет-кафеҳои Душанбе бештар ҷавонони мо ба бозиҳои компютерӣ машғуланд. Аз сомонаҳои интернетӣ кам хабар доранд. Шояд барои онҳо дигар фарқ надошта бошад, ки дар дунё чӣ гап аст. Охир зиндагии якранги Тоҷикистон ба ҳама маълум.

Нигина, шаҳри Душанбе
----------------------------------------
Аслан ба интернет ҷомеаи ҳар кишвар ҳар гуна бархурд дорад. Масалан, амрикоихо мегуянд, ки "ман дар мусорный ящик фалон чиз хондам". Вале ҳоло дар мо то андозае ин василаи иттилоот мақоми худро дорад. Барои мисол баъди мақолаи "Технократ неудачник" дар arianastorm.com ҳоли С.Зувайдов табоҳ гашт ва ҳатто президент акнун сагҳояшро тарафи ӯ "гир!" мегӯяд. Вале ин дар ҳолест, ки ба маводи расонаҳо мақомот бо назардошти манофеи худ бархурд мекунанд.
Ва бояд бигӯям, ки сомонаҳои хонданибоб инҳо мебошанд: ozodi.tj,asiaplus.tj,arinastorm.com,centrasia.ru,avesta.tj,varorud.tj...
Ва аз ҳама дӯстдоштанияшро намегӯям!

Нозир
---------------------------------------
Ассалому алейкум, ҳамватанони азиз!
Ман бисёр сомонаҳои интернетиро истифода мекунам, ба монанди сайтҳои хабарӣ ва фарҳангӣ ва инчунин месенҷер ва ғайраро.

Ва бисёртар дӯст медорам, инҳое ки ном бурдам барои он ки ба воситаи ахбор аз ҳолу аҳволи ватан ва дигар кишварҳо бохабар мешавам ва ба воситаи месенҷер бошад, бо волидайнам ва хешу таборонам ҳамсӯҳбат шуда, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мешавам.

Ғариб
---------------------------------------
Ба номи Худо.
Саломуналайкум кормандони хуби радиои Озодӣ
Банда Интернетро дӯст медорам чаро, ки интернет беҳтарин васила ва зуд иртибот барқарор намудани аз як шаҳре ба шаҳри дигар мебошад, амма аз назари ман интернет дорои ду чанба мебошад ҷанбаи манфӣ ва ҷанбаи мусбат. Ҷанбаи манфиаш ин аст ки агар инсон эҳтиёт накунад ба фасод кашида мешавад ба иллати дидани сайтҳои шармовар. Вале ҷанбаи мусбаташ ин аст, ки инсон талош кунад, ки аз сайтҳои манфиатовар истифода кунад ин хеле хуб аст.

Бо эҳтиром
Абдусамади Карим аз шаҳри Душанбе
---------------------------------------



Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.