Қонуни нав: монеа ва ё ташвиқи сармоягузорӣ?

Юсуфҷон Аҳмадов вакиле,ки бар қабули ин тарҳ райи мухолиф дод, мӯътақидаст қонуни мазкур дар роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкории сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ як мониаи ҷиддӣ бо давлат хоҳад буд: «Дар дунё барои канданиҳои фоиданок ин қонунро истифода намебаранд. Ман метарсам,ки имрӯз ҳукуматдорон ҳамин санадро дастак карда ( инвесторҳои хориҷӣ ба моҳияти он зуд сарфаҳм мераванд) инвесторҳои дохилиро азоб надиҳанд,ки аз имрӯз бо қонуни андоз амал намекунӣ балки бо қонуни созишнома дар бораи тақсими маҳсулот кор мекунӣ. Ин барои нафту газ зарур аст. Лекин барои дигар маъодин ва коркарди онҳо ин тормоз, мониа хоҳад буд. Ҳозир агар даҳ дар сади маҳсулоти корхонаро бигиред он корхона муфлис мешавад. Мо як лазейкаи калон кардем барои коррупсия»



Оқои Аҳмадов афзуд захоири фулузоти нодиру гаронбаҳо дар кишвар ҳисоб тақрибан шуда аст ва агар давлат низ талош варзад, ки дар фоидаи тавлиди он шарик шавад , баъид ба назар мерасад, ин тарҳ ё ин манбаъи зеризаминӣ таваҷҷӯҳи сармогузорро ҷалб кунад. Аммо Мирзошариф Исломиддинов- раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон ва муаллифи пешнависи ин қонун бо ишора ба зараровар будани корхонаҳои муштараки тавлиди фулузот дар Тоҷикистон таҳия ва таъйиди қонуни мазкурро бар манфиати давлат арзёбӣ кард: «Мувофиқи ин қонун дар вақти бастани шартнома ба сармоягузор муайян карда мешавад, ки чӣ қадар сармоягузор барои азхудкунии ҳамин кон маблағ сарф мекунад. Ва ин қонун пешбинӣ менамояд ,ки аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулот маблағи сарфкардаи сармоягузор ҷуброн карда шавад. Баъд аз аз маҳсулоти фоидавӣ супориданӣ андоз мувофиқи созишнома байни Тоҷикистон ва байни сармоягузорон тақсим карда шавад.»



Дар ҳоле,ки Муҳиддин Кабирӣ -раис ва танҳо намояндаи фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар номувофиқатии ном ва муҳтавои қонуни мазкур ишора ва дар ин замина бар эҳтимоли бурузи суитафоҳум миёни ҳукумат ва сармоягузорон таъкид кард аммо Шодӣ Шабдолов-раис ва намояндаи Ҳизби комунисти Тоҷикистон қабули ин қонунро як иқдоми дуруст меҳисобад: «Ягон мақомоти давлат ҳатто раиси ҷумҳурӣ ҳаққ надорад мувофиқи қонуни асосӣ ,ки сарватҳои зеризаминиро бар зарари Тоҷикистон иҷозаи истифода диҳад. Меъёри ҳамагуна ҳамкориро ҳукумат бо сармоягузорон бояд муайян кунад.»



Аммо Юсуфҷон Аҳмадов -узви Кумитаи порлумон дар масоили байналмилалӣ иттилоот ва робита бо ҷомиа,ки ба нишони эътироз аз тасвиби қонуни мазкур дар толори бинои Маҷлиси намояндагон як нишасти хабарӣ доир кард бар ин бовар аст,ки ин қонун умдатан барои тавлиду истихроҷи нафту газ боаҳамият аст. Аз сӯи дигар афзуд оқои Аҳмадов ин қонун заминаро ба ривоҷи фасод фароҳам мекунад. Зеро меафзояд ӯ назорати иҷрои онро низ худи ҳукумат ба дӯш мегирад на порлумон.