Тоҷирони хориҷӣ аз бозорҳои Русия ронда мешаванд

Тибқи қонуни ёдшуда то якуми апрел 40 дарсади шаҳрвандони хориҷӣ, ки сабти номи расмӣ доранд, метавонанд дар бозорҳо кори худро идома диҳанд. Вале мақомоти муҳоҷират ва пулиси Русия дар баъзе шаҳрҳо аз ҳоло тоҷирони ғайрирус, аз ҷумла тоҷиконро, аз бозорҳо меронанд, дар ҳоле, ки колоҳои онҳо ба арзиши даҳҳо ҳазор доллар дар бозор бесоҳиб мондааст. Музаффар Зарифов-мудири маркази иттилоъотии намояндагии Созмони Ҷаҳонии Кор дар Душанбе узви ҳайати мазкур буд ва дар гуфтугуе бо мо таассурот аз боздидашро бо шаҳри Новосибирск оғоз кард.

МЗ: Дар баъзе бозорҳои Новосибирск, ки бозорҳои ба ном шахсӣ ё "Армянка" мегуянд, иҷозаи вуруд ба шаҳрвандони хориҷӣ намедиҳанд. Мо дар ҳайрат будем, ки чаро қонунҳои Русия ба инобат гирифта намешавад. Дар қонун гуфта шудааст, ки аз 15-уми январ то 1-уми апрел 40 дарсади фурушандагони бозор метавонанд шаҳрвандони хориҷӣ бошанд. Вале баъзе бозорҳо ба ин нигоҳ накарда, тамоми шаҳрвандони хориҷиро аз бозор берун кардаанд ва контенерҳое, ки ба маблағи сад-дусад ҳазор доллар бор доранд, баста шудаанд ва соҳибони бор ба ин контенерҳо наздик шуда наметавонанд. Ҳатто баъзе бозорҳо шаҳрвандони хориҷиро барои харид ба дохили бозор роҳ намедиҳанд.

- Оқои Музаффар, шояд онҳо шаҳрвандоне бошанд, ки санади сабти ном надоранд?

МЗ: Вақте, ки мо аз Новосибирск ба Душанбе парвоз мекардем, муҳоҷире дар фурудгоҳ ба мо гуфт, ки дар бозор қонунӣ кор мекардааст. Баъд аз 15-уми январ он касро дигар ба бозор роҳ надодаанд. Вай гуфт, ҳар вақт, ки ба дари бозор наздик мешуд, аз вай паспорт талаб мекардаанд. Чун медидаанд, ки вай хориҷист, ба бозор роҳ намедодаанд. Ман фикр мекунам, ки онҳо милиса нестанд, онҳо ҳамон одамоне ҳастанд, ки бозорро посбонӣ мекунанд. Ин бозорҳо бештар бозорҳои шахсианд на бозорҳои давлатӣ ё мунитсипалӣ. Таассуроти мо ҳамин аст ва мо фикри худро ба Вазорати Меҳнат ва Вазорати Дохилаи Тоҷикистон гуфтем. Фикр мекунам, ки то ҳафтаи оянда, бояд намояндаи Вазорати Меҳнати Тоҷикистон дар Новосибирск дар ин бора як гузориш таҳия кунад ва пеши роҳи ин кор гирифта шавад.

- Назари мақомоти пулиси Новосибирск чӣ аст? Вақте, ки шумо ба онҳо муроҷеъа кардед, онҳо ба шумо чӣ гуфтанд?

МЗ: Барои муроҷеъа ба онҳо мо вақт надоштем. Намояндаи Вазорати Меҳнати Тоҷикистон метавонист ба онҳо муроҷеъа кунад. Фикр мекунам, ки пеши роҳи ин қонуншиканӣ гирифта мешавад. Корхонае, ки худро эҳтиром мекунад, бояд ба чунин қонуншиканӣ роҳ надиҳад. Вақте, ки мо корхонаи шахсӣ мегуем, қонунҳои дихилии корхона низ ҳаст, ки баъзан нофаҳмиҳо ҷой дорад.

-Дар шаҳрҳои дигари Русия дар Маскав, Санкт-Петербург ва мисли онҳо дар ҳамин замина вазъ чӣ гуна аст?

МЗ: Масалан, дар шаҳри Қазони Тотористон кор ба дараҷаи олӣ гузошта шудааст. Муҳоҷирони корӣ, намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва корхонаҳои давлатӣ бо ҳам кор карда, имрузҳо муҳоҷирони кориро бо корти корӣ таъмин мекунанд. Ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳам кумак мекунад. Дар Маскав кор камтар дигартар аст. Иттилоъ, ки ба муҳоҷирони корӣ кам расида буд, баъзе муҳоҷирон аз надонистани вазъ дар ташвиш буданд.

-Ба назари шумо баъд аз якуми апрел вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия беҳтар мешавад ё баръакс? Бо ин вазъе, ки идома дорад, мумкин аст то он вақт ҳама натавонанд сабти ном кунанд. Он вақт чӣ хоҳад шуд?

МЗ: Барои ононе, ки сабти ном мегиранд, душворӣ пеш намеояд. Вале ононе, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ ба сар мебаранд, мумкин аст ҷазои маъмурӣ гиранд. Ё онҳоро аз Русия ихроҷ мекунанд, ки дар он сурат тибқи қонун то панҷ сол онҳо ҳақ надоранд дубора ба Русия раванд.

Баъд аз гуфтугу бо Музаффар Зарипов мо телефонӣ тоҷиреро дар Маскав пайдо кардем, то вазъи воқеъиро аз забони худи вай бишнавем:

- Ало....
- Бале...
- Салом алейкум, шумо худатонро шинос кунед...
- Содиқов Хуршед...
- Оё тоҷирон дар бозор кор мекунанд?
-Аз ҳамин наздикиҳо, ба гуфти ин ҷо "рейд" шуда истодааст, дар натиҷа пеш карда истодаанд.
- Аз кадом бозор?
- Аз торгово-ярмарочний комплекс "Тёплий Стам".
- Рейдро киҳо мегузаронанд?
- Коргарони хадамоти муҳоҷират ва коргарони ОВД-и ҳамон ноҳияи Масква.
-Оё тоҷирони рондашуда дубора ба корашон омада метавонад, шояд ришва медиҳанд ва дубора меоянд?
- Онҳо ронда мешаванд, асосан ба депортатсия тайёр карда мешаванд.
- Ононе, ки ҳуҷҷат надоранд?
- Бале, ононе, ки иҷозат барои кор надоранд.