Ин мусобиқоти байнулмилалӣ дар шаҳри Маскави Русия бо ширкати беш аз 800 нафар шатранҷбозони 22 кишвари ҷаҳон дар се гурӯҳ сурат гирифт. Гроссмейстери байнулмилалӣ Фаррух Амонатов дар гурӯҳи «А» бо беҳтарин шатранҷбозони ин ҷашнвора рақобат карда, аз нӯҳ дидор танҳо дар яктоаш аз гроссмейстери молдовӣ Владимир Светушкин мағлуб гардида, дар ниҳоят бо 6,5 имтиёз дар зинаи дувоздаҳум ҷойгир шуд.
Дар ин гурӯҳ гроссмейстери варзидаи рус Евгений Наер бо касби 7,5 имтиёз соҳиби ҷойи аввал ва ҷоми асосии ин ҷашнвора гардид.
Бояд тазаккур дод, ки Фаррух Амонатов барои севвумин бор аст, ки дар ин ҷашнвора ширкат меварзад. Вай нахустин барандаи ҷоми Moskov Open дар соли 2005 мебошад.
Ёқуб Раҳимов, ноиби раиси Федеросиюни шоҳмоти Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, шатранҷбози 29-солаи тоҷик Фаррух Амонатов тайи чанд соли ахир дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад ва дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
Дар гурӯҳи «В» шатранҷбози навраси укроинӣ Иля Нижники даҳсола бо натиҷаи хеле баланди 8,5 имтиёз аз 9 дидор дар байни беш аз 300 нафар шатранҷбозони бузургсол мақоми аввалро касб кард.