Корро кашол надиҳед! Олимон мегӯянд

Пийерс Стилл, пажӯҳишгари Донишгоҳи Калгарии Канада яке аз заминаҳои аслии таъхир дар иҷрои амре ва ё кашолкориро пайдо кардааст ва он ҳам ин аст. Ҳар қадар ки мо коре ва ё иҷрои вазифаеро хуш надорем, ҳар қадар он кор дар назари мо дилгиркунанда дилчасп нест, ҳамон қадар мо дар иҷрои он таъхир хоҳем кард.

Аммо таъхир дар иҷрои кор бисёр вақт натиҷаҳои бад дорад. Як пажӯҳиш дар Амрико нишон додааст, ки молиёт ва ё андозсупорони амрикоӣ бинобар кашолкорӣ ба хазинаи давлат қариб 500 миллион доллар молиёти изофагӣ пардохтаанд. Чаро? Чунки молиётро саривақт насупурдаанд ва ҳангоми саросема пур кардани санадҳои расмӣ ба иштибоҳ роҳ додаанд ва пули барзиёд пардохтаанд. Ин пажӯҳиш, ки тайи солҳои 1993 то соли 1997 анҷом шудааст, мегӯяд, ки афроди кашолкор худро назар ба онҳое, ки чунин одат надоранд, бадбахттар медонистаанд.

Равоншинос Пийерс Стилл мегӯяд, кашолкорӣ одатан зиёновар, баъзан безиён аст, аммо ҳеҷ гоҳ муфид нест. Бо вуҷуди пайомадҳои бади моливу равонии кашолкорӣ баъзе аз афрод дар кашолкорӣ зиёдаравӣ мекунанд. Ва ин гуна афрод онҳое будаанд, ки дигар одатҳои бад ба мисли тамокукашӣ ва пурхӯрӣ доштаанд. Чунин афрод ҳамчунин майли бештар ба кашолкорӣ доштаанд. Пийерс Стилл чунин афродро беҳавас медонад ва мегӯяд, онҳо худро дуруст идора карда наметавонанд. Равоншиноси тоҷик Маҳмадулло Давлатов низ бо ҳамкори конодоии худ ҳамфикр аст ва мегӯяд:

«Шахсе ҳаст, ки шояд сифатҳои номақбули иродавӣ ҳам дорад, масалан агар суботкор набошад, сифатҳои устувориро надошта бошад, шояд оқибатҳои иҷрои кори худро донаду лекин тарс дошта бошад, ки шояд ба натиҷаҳои мақбул ноил шавад ва ё на. Баъзан ҳамин гуна ноустувории мавқеъ ба он бурда мерасонад, ки инсон кори худро як муддати муаяйн ба таъхир мемонад.»

Афроди кашолкор одатан аз рӯи ҳавас ва одатан амреро анҷом медодаанд, ки бештар хушашон меояд, вале онҳое, ки ба таъхир гузоштани корро дӯст намедоранд, кори дилгиркунандаро аввал ва зуд иҷро мекардаанд ва амри хушояндро аз ҳама дертар ба сомон мерасонидаанд. Пйерс Стилл мегӯяд, афроди кашолкор барои имрӯз зиндагӣ мекунанд, на барои фардо. Маҳмадулло Давлатов ин гуфтаро чунин таъйид мекунад.

"Нафаре, ки чунин амалро раво донад, маънои онро дорад, ки ӯ ҳоло воқеан ягон нақшаи муайяни корро надорад ва намедонад, ки ин амали ӯ то чӣ андоза ба чӣ оқибат бурда мерасонад ва чӣ натиҷа ба даст меорад ва кадом роҳҳои асосии ноил шудан ба мақсади худро намедонад. Бинобар ин нафаре, ки чунин ҳолатҳоро пешбинӣ карда наметавонад, кӯшиш мекунад, ки амалашро вогузорад ва баъдан барои иҷрои он баргардад."

Аммо таъхире дар кор пайомадҳои дигар бадтар ҳам дорад ва пайомадҳое, ки инсонро афтодарӯҳ ва гирифтори бемориҳои рӯҳӣ низ мекунад. Тавзеҳи ин гуфтаро аз Маҳмадулло Давлатов мешунавем:

"Дар сурате, ки мо ба таъхир андозем ва он оқибати номатлубро ба бор оварад, ҳатман ин сабаби ба вуҷуд омадани ҳолатҳои бошиддати рӯҳӣ мешавад, аз он ҷумла ҳолати стресс. Агар пай дар пай ҳамин гуна рафтан гирад, онгоҳ метавонад ба ҳолатҳои гуногуни афтодарӯҳӣ бубарад. Ва агар аз ин нуқтаи назар нобаробариҳо пайиҳам шудан гирад, чунин одамон мегӯянд, ки чаро ин қадар шикаст мехӯрам. Ва ин гуна инсон мутеъи вазъият мешавад, ҳамеша ҳолатҳои депрессивӣ ӯро фаро мегирад ва кор ба дараҷае мерасад, ки агар ёрии равонӣ ба онҳо расонида нашавад, онгоҳ ин кор ба бемориҳои равонӣ бурда мерасонад."


Ба гуфтаи Пийерс Стилл, кашолкорон одатан як ҳафтаро барои иҷрои кори худ чандон вақти кӯтоҳ намедонистаанд ва барои онҳо танҳо 24 соат ва ё камтар аз он вақти кӯтоҳ будааст. Бо таҳлили решаҳои таъхир дар иҷрои кор Пйерс Стилл ба хулосае омадааст, роҳҳои халосӣ аз одати бад ҳаст. Ба эътимоди вай, барои афроди кашолкор кореро бояд ба қисматҳои хурде ҷудо карда ва таърихҳои мухталиф гузошт, то онҳоро дар он санаҳои муаяншуда иҷро кунад. Ҳамин гуна омӯзгорон метавонанд, шогирдони кашолкори худро дуруст тарбия кунанд, яъне барои онҳо имтиҳон дар охири сол муқаррар накунанд ва дар ҳар рӯз ба онҳо вазифаҳои хурд бидиҳанд. Тавсияи равоншиноси тоҷик Маҳмадулло Давлатов барои ҷилавгирӣ аз таъхир дар иҷрои кор чунин аст:

"Ҳар як инсон пеш аз он ки ягон амалро иҷро намояд, вайро бояд ба нақша бигирад. Аввал бояд пеш аз ҳама мақсадро равшан кард, яъне бояд вазифаҳои мушаххас равшан карда шавад, баъд аз он аз байни роҳҳои гуногун роҳи мақбули иҷроро интихоб кард ва онро амалӣ намуд. Ва дар ниҳоят мо ба натиҷаҳои ниҳоӣ мерасем.»

Агар ҳеҷ яке аз ин тавсияҳо муаасир набошанд, пас дарозумрӣ метавонад барои рафъи ин одати бади кашолкорӣ кӯмак кунад. Афроди бузургсол табиатан аз ҳама камтар дар иҷрои коре таъхир мекардаанд.