Соли "рубл"-и тоҷикӣ?

Нигаред ба бахшҳои аввал ва дуввуми гуфтор.

ПУЛ ҚАДР НАДОШТ

Соли 1994. Ҳарчанд, воқеаҳои ин солро дар Тоҷикистон фаромӯш накардаанд, аксаран аз ёдоварии он худдорӣ мекунанд. Аммо бештари таҳлилгарон мегӯянд, ки дар ин сол вазъи сиёсӣ, ҳамзамон вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон хеле нигаронкунанда буд. Дар ҳоле, ки одамон барои хотири дарёфти як бурида нон соатҳо навбат мепойиданд, гурӯҳи дигар дар фикри он буданд, ки бо кадом роҳ кишвари соҳибистиқлоли худро пойдор бинамоянд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони маъруфи тоҷик гуфт, соли 1994 барои мардуми тоҷик, ки дар ҷое кор намекарданд ё маоши дуруст намегирифтанд, ҳамчун соли касодии иқтисоди кишвар боқӣ монд. Ба гуфтаи вай, дар ин сол поёнравии сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ нисбат ба солҳои пешин шадидтар шудааст. Сабаби аслӣ дар он буд, ки мегӯяд оқои Умаров, сохтори молиявии ҷумҳурӣ куллан вайрон шуда, ба ҷойи пулҳои «древянӣ» ё «чӯбӣ» пули русиро ба муомилот ворид карданд:

«Дар Тоҷикистон як бӯҳрони қарзӣ оғоз шуд. Азбаски борҳо қадри пул паст фаромад, корхонаҳо наметавонситанд, ки фондҳои гардони худро барқарор кунанд. Вақте корхонаҳо фондҳои гардони худро амалӣ карда наметавонистанд, аз иҷрои додани қарзҳои худро намебаромаданд. Соли 1994, ки вазъият чунин шуд, як ислоҳоти пул гузарониданд. Вале ба ин нигоҳ накарда, ҳама аз якдигар қарздор буданд».

Луқмониддин Бойматов, таҳлилгари дигари тоҷик мегӯяд, дар соли 1994 мардум аз дастрас намудани маводи ғизоӣ танқисӣ мекашиданд. Вай шоҳиди, ба қавли худаш, воқеоти нангини Тоҷикистон аст ва вазъи иҷтимоии мардумро дар ин сол сангин арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, аз ислоҳоти пулие, ки дар ҷумҳурӣ гузаронидаанд, мардуми бисёре зарар дидаанд ва ҳатто аз камбуди маводи сӯхт дар кӯчаҳои Душанбе нақлиёт ба чашм намехӯрдааст:

«Воқеан, вазъи иқтисодию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон дар он солҳо сангин буд. Ман метавонам инро ба унвони шоҳид ва як шаҳрванди тоҷик, ки дар он муддат дар ҷумҳурӣ будаму кор мекардам, бигӯям. Аз назари иқтисодӣ мушкили зиёде доштем. Агар дар ёд дошта бошед, ислоҳоти пулӣ низ гузарониданд, ки аз он бештар мардуми одӣ зарар диданд».

СОЛИ ГУРУСНАГӢ?

Фирӯз Сайидов, корманди маркази тадқиқоти стротежии назди раёсати ҷумҳурӣ дар умури масоили иҷтимоӣ мегӯяд, камбуди аслии ҳукумати вақти Тоҷикистон ин буд, ки пули миллӣ надошт. Вай гуфт, дар ин сол бекорӣ дар миёни аҳолӣ афзуд ва як соли қаҳтию гуруснагӣ буд:

«Дар он солҳо системаи бартерӣ вуҷуд дошт. Ин бисёртар ба системаи феодализм мувофиқ аст ва мардум аз набудани пул маҳсулотро бо маҳсулот иваз мекарданд. Умуман, дар Тоҷикистон бозори иқтисодӣ мавҷуд набуд. Фикр мекунам, ки ин солро як соли гуруснагӣ гуфтан ҳам мумкин аст. Асосан дар хоҷагии қишлоқ мардум азият мекашиданд».

Фирӯз Сайидов бар ин назар аст, ки дар соли 1994, дар бозорҳои ҷумҳурӣ касе ба тиҷорат машғул намешуд. Ҳатто мардуми хориҷӣ намехостанд дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд ва ҷумҳурӣ дар ин сол давраи сангини иқтисодию иҷтимоии худро аз сар мегузаронид.

Бештари ҳамсӯҳбатонам гуфтанд, дар соли 1994 ҳама дар ҳолати фақру бенавоӣ қарор доштанд. Боз ҳам одамон дар пушти мағозаҳои нонфурӯшӣ навбат мепоиданду силоҳбадастон бо яроқҳои худ дар кӯчаҳои шаҳр ҳукфармоӣ мекарданд. Ҳанӯз ҳам дар ин сол ҷанг идома дошт. Дар ҳамин ҳол, Масрури Абдуллоҳ, муҳаққиқи тоҷик гуфт, дар ин сол ҷумҳурӣ як давраи баъдазҷангиро пушти сар мекард: «Вазъи иҷтимоию иқтисодии соли 1994 як навъ вазъияти баъдазҷангӣ буд. Чунки соли 1992 ҷангҳои шадид шуданд. Соли 1993 як соли гӯиё барқароркунӣ буд. Ҳарчанд мардум дудила буданд, як тартиботи нисбӣ барқарор шуда буд ва мардум ба ҷойҳои кории худ баргаштанд. Масъалаи нон мушкил буд. Махсусан соли 1993 нонро дарёфтан мушкил буд ва соли 1994 он давом кард. Нон дастрас мешуд, албатта. Агар гуруснагӣ гӯем, нодуруст мешавад».

Дар маҷмӯъ, соли 1994 ва солҳои пешину баъдӣ низ бо воқеаҳои нангину сангини худ дар ёди мардуми тоҷик нақши абад бастааст.