"Газпром" дар Узбакистон газ меҷӯяд

Расонаҳои давлатии Ӯзбакистон мегӯянд, ки ҳукумат барои таҳқиқи геологии захираҳои эҳтимолии газ дар ғарби ин кишвар муҷаввиз додааст.


Бино бар гузоришҳо, тарҳи мазкурро муассисаи «Устюрт Зарубежнефтегаз"-и муттаалиқ ба ширкати "Газпром" иҷро хоҳад кард.


Ва дигар ин ки Ширкати миллии нафти Чин бо Ӯзбакистон дар мавриди фурӯши таҷҳизоти истихроҷи газ як қарордоди 200 миллион долларӣ имзо кардааст.