"Биеед..., палави хушмаззаи точикӣ, биёед........!»
Ин садо ба фурушандагону бархе аз харидорони бозори Балашаки Алмаато ошност. Хайрулло Бобохонов тақрибан 8 сол аст, ки ҳар нисфирузӣ бо аробаи болояш деги палав гузошта вориди бозор мешавад ва палави тоҷикиро ба муштариён пешкаш мекунад.
Хайрулло гоҳе гуштбирён ва ё хомшурбо ва ё хуроки дигар ҳам мепазад, вале уро муштариён асосан бо палави ба истилохи худи вай тоҷикиаш мешиносанд Палави Хайрулло ҳамеша гарм ва ба гуфтаи харидорон хушмазза аст. Аз як тоҷири точик, ки дар ҳамин бозор савдо мекунаду навакак палави аз Хайрулло гирифтаашро тановул мекард, мепурсам:
- Ош чӣ хел?
- Сад фоиз нағз аст...
Фурушандаи дигар бо арзи сипос аз Хайрулло мегуяд:
-- Ҳамин мардака панҷ сол шуд ошаша хурда истодаем, раҳмат. Ин қадар оши бамазза . Супер палав аст, супер...!
Гулнафиса-фурушандаи қазоқ, ки ҳамин лаҳза аз палави Хайрулло гирифтааст, мегуяд, ки вай ба палави тоҷикӣ одат кардааст ва мизоҷи доимии Хайруллост. Вай мегуяд: Ин дафъа низ палави Хайрулло чун ҳамеша хеле хушмазза аст.
Ҳамаи ин эҳтирому сипос ба шарофати ҳунари пазандагии вай, хушмуомилагӣ ва албатта аз ҳамин ароба ва ё тавре, ки худи Хайрулло мегуяд, аз палавхонаи сайери уст, ки зераш оташи паст ҳамеша фурузон аст. Хайрулло аз он ифтихор дорад, ки чунин палавхонаро дар Алмаато бори аввал у ихтироъ кардааст.
"Он вақтҳо ошхонаеро иҷора гирифта кор мекардам, баъд нигоҳ кардам, ҳамин ошхона дар фикрам пайдо шуд ва пеши усто рафта фикрамро фаҳмондам, ки хамин хел сохта дихад. Аробаеро бо дегдоне дар руяш сохта дод. Дар чунин аробаи дегдор ош ҳамеша гарм меистад".
Ба гуфтаи Хайрулло, аввалҳо дар бозорҳо хурокро дар термосу сатил ва зарфҳои дигар меоварданд ва бисёр вақт хурок зуд сард шуда, маззаи худро гум мекард. Баъди сохтани ошхона ва ё дақиқтараш палавхонаи сайёр ин мушкил ҳал шуд. Дере нагузашта дигар ошпазҳо низ аз Хайрулло ибрат гирифта, чунин аробаҳоро дар дигар бозорҳо ба кор андохтанд.
Хайрулло ошпазиро ҳануз дар давраи бачагӣ дар зодгоҳаш деҳи Гешии ноҳияи Ваҳдат аз модараш омухта буд ва дар Алмаато ин ҳунарро такмил дод. Аввал дар сохтмон ва баъдан ду сол ошхонаеро иҷора гирифта кор кард. Баъд андешаи ошпазхонаи сайёр пайдо шуд ва ба ин кор даст зад.
Ҳоло дар Алмаато уро чун ошпази чирадаст мешиносанд ва ҳар вақт ба тую маъракахо низ даъват мекунанд. Вай дар ин бора мегуяд:
"Аввалҳо мо миқдори ками биринҷро ош мекардем. Ҳоло 15-20 ва ҳатто то сӣ кило биринҷ меандозем. Ба тую худоӣ ҳам даъват мекунанд. Баъзан моҳе то 10-15 бор чунин хидматро адо мекунем".
Хайрулло мегуяд, ки аз кушишу ҳунари вай ва шогирдонаш палави тоҷикӣ дар Алмаато бештар расм шудааст ва муштариёни зиёде пайдо кард. Ҳоло қариб дар ҳамаи бозорҳои Алмаато шогирдону дигар ошпазҳои тоҷик бо аробаҳояшон, ба гуфтаи Хайрулло, палави гарму дастсузи тоҷикиро мефурушанд.
Хайрулло ба ҷуз аз сайқал додани ҳунари пазандагӣ инчунин ба омузиши торихи таомҳои тоҷикӣ, ба вижа палав ҳам мароқ дорад. Ба гуфтаи у, беш аз 40 навъи палав мавҷуд аст.
"Палав хуроки миллии мост, ки баъд узбакҳо низ оҳиста - оҳиста пухтани онро омухтанд ва ҳоло дар байни уйғурҳо, кирғизҳо ва ҳам қазоқҳо низ пухтани он расм шуда истодааст".
Ба гуфтаи Хайрулло, дар давоми садсолаҳо палав шоҳтаоми тоҷикон ба хуроки дустдоштании мардуми Осиёи Марказӣ ва бархе аз дигар кишварҳо табдил ёфтааст ва он руз дур нест, ки дар маъракаҳои қазоқҳо низ он чун бешбармоқ хуроки писандида ва миллии ҳамаи онҳо хоҳад буд.