Пирӯзии "Регар" ТадАЗ бар тими олимпии Тоҷикистон

Ин бозӣ дар чаҳорчӯбаи омодагиҳои ҳар ду даста ба мусобиқоти байнулмилалӣ рӯзи 16 январ дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Нахуст Аббос Абдуллоев, ҳамлагари «Регар» ТадАЗ дар дақиқаи 25-ум аз ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро боз кард. Пас аз ҳафт дақиқа Иброҳим Рабимов, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ҳисобро баробар намуд. Дар қисми дуввуми дидор бозигарони «Регар» ТадАЗ Мансур Ҳакимов ва Низом Раҳимов боз ду гол ба самар расонданд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ба ҳайати даста аслан бозигарони 20-21-сола дохиланд ва ин бозии контролӣ ба чаҳорчӯбаи омодагиҳои футболбозони ҷавони тоҷик ба бозиҳои интихобии мусобиқоти олимпӣ бо тими Узбакистон, ки 7 феврал дар шаҳри Тошканд ва 14 феврал дар шаҳри Душанбе барпо мегарданд, маҳсуб мешуд.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими «Регар» ТадАЗ мегӯяд, ки ин ягона бозии санҷишии даста қабл аз ширкати қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми иттиҳод - 2007 буд. Дастаи «Регар» ТадАЗ дар гурӯҳи «А» 20 январ бо дастаи БАТЭ-и Борисови Белорус, 21 январ бо тими «Оқтеппа»-и Актюбински Қазоқистон ва 23 январ бо CSKA-и Маскави Русия рақобат хоҳад кард.

Ба гуфтаи оқои Ҳабибуллоев тими «Регар» ТадАЗ барои ширкат дар Ҷоми иттиҳод - 2007 рӯзи ҷумъаи 19 январ озими шаҳри Маскави Русия хоҳад шуд.

Ва як хабари дигар ин аст, ки шоми сешанбеи 16 январ дар тарабхонаи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода маросими табрикоти дастаи Регар» ТадАЗ - қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2006 баргузор шуд.

Тими «Регар-ТадАЗ» бо Ҷоми қаҳрамони футболи Тоҷикистон ва ҳар як узви ин даста бо медалҳои тиллои Федеросиюни футболи Тоҷикистон ва ҷавоизи сарпарасти даста - корхонаи арзизи тоҷик сарфароз гардиданд. Ба бозигари «Регар» ТадАЗ Хуршед Маҳмудов, ки беҳтарин футболбоз ва беҳтарин варзишгари сол эълом шудааст, ҷоизаи Федеросиюни футболи Тоҷикистон ва дипломи Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши ин кишвар супурда шуд. Бозигари дигари «Регар» ТадАЗ Иброҳим Рабимов, ки беҳтарин нимҳимоятгари сол эътироф гаштааст, бо ҷоиза сарфароз гардид. Ҳамчунин ба сармураббии «Регар» ТадАЗ Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, ки беҳтарин мураббии сол дониста шудааст, ҷоизаи Федеросиюни футболи Тоҷикистон эҳдо гашт.