Инқилоби ҷадиди саноатӣ ё пасосаноатӣ?..

Дар ин ҳафта Кумиссиюни Аврупо, ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо (ИА), дар Бруксел сиёсати нав дар бахши энержӣ барои 27 кишвари узви ин созмони қораиро нашр кард. Ҳадаф аз ин сиёсати фарогир дифоъ аз манобеъи таъмини маводи сӯхти ИА , таъмини мардум ва корхонаҳои қора бо маводи сӯхти фаровон ва ҳарчӣ арзонтар ва коҳиш додани хуруҷи газҳои гармхонаӣ гуфта мешавад. Жозе Баррозо, раиси Кумиссиюни Аврупо зимни муаррифии тарҳи сиёсати нави энержии ИА дар Бруксел гуфт: "Дар пешорӯи воқеъиятҳои ҷадид мо ба сиёсатҳои ҷадид зарурат дорем. Сиёсатҳое ки қобили рақобат будани Аврупоро таъйид ва муҳити зисти моро ҳимоят кунанд ва риштаи таъмини энержии моро амнтар гардонанд. Аврупо бояд ҷаҳонро ба сӯи як инқилоби нави саноатӣ ва ё метавон гуфт ба сӯи як инқилоби пасо-саноатӣ пеш бубарад. Ба сӯи рушди иқтисоде, ки ба карбон камтар ниёз дорад."

Стротежии нав, ки муаллифонаш онро ҳатто инқилоби нави саноатӣ дар риштаи энержӣ ном мебаранд, аз ҷумла ба манзури мубориза бо гармшавии ҷаҳонии иқлим то 15 соли дигар назар ба мизони соли 1990 20 дарсад коҳиш додани миқдори партоб кардани газҳои гармхонаиро дар назар гирифтааст. Аврупо тааҳҳуд месупурад, ки дар сурати ризоияти кишварҳои пешрафта ба ин пешниҳод, Аврупо низ ин рақамро ҳатто то 30 дарсад боло хоҳад бурд. Бино бар стротежии ҷадид, истифодаи аз анвоъи алтернативии энержӣ, аз ҷумла аз нирӯи бод ва маводи сӯхти ба истилоҳ биологӣ бояд то соли 2020 на камтар аз 20 дарсади ҷамъи масрафоти эенержиро ташкил диҳад. Аммо муҳимтарин ҳадафе, ки сиёсати нави эенржии Бруксел пеши худ дорад, пойин бурдани мизони вобастагии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз фурӯшандагони хориҷии нафту газ будааст.

Кумиссиюни Аврупо зимнан ба хотири таъмини як фазои рақобати комил хостори таҷзияи ширкатҳои бузурги энержии ин қора ба ширкатҳои фурӯшанда ва тавзеъдиҳандаи маводи сӯхт шудааст. Ин пешниҳод дар сурати пазируфта шуданаш ширкатҳои бузурги энержиро маҷбур хоҳад кард, шабакоти тавзеъи газу нирӯи барқи худро дар ихтиёри ширкатҳои дигар бигузоранд. Як ҳадаф шояд ширкати бузурги русии Газпром ҳам ҳаст, ки тайи солҳои ахир босуръат вориди бозори энержии Аврупо мешавад. Ва аммо бино ба хабарҳо, бархе аз кишварҳои аврупоӣ бо чунин бархӯрди шадид нисбат ба ғӯлҳои мавҷуда дар бозорҳои нафту газ ва нирӯи барқи қора розӣ нестанд ва ба роҳҳои нармтареро ҷиҳати ҳалли мавзӯъ бартарӣ медиҳанд. Амо Жозе Баррозо, раиси Кумиссиюни Аврупо: "ИА бояд ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар навъ бӯҳрони таъмини энержӣ механизмҳои муассири муштаракро рушд диҳад ва дар равобит бо хориҷ ба таври фаъолона як сиёсати муштараки энержиро пеш гирифта ва беш аз пеш бо кишварҳои севвум аз як гирбеон сар бароварда, гуфтугӯ кунад."

Акнун навбат ба 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупост, ки бояд ҳар кадом тарҳи сиёсати нави энержиро пеш аз ба ҳоли иҷро даромаданаш баррасӣ ва тасвиб кунанд.