Соли 1994 дар таърихи навтарини Тоҷикистон

Иттилоъи бештар

Дуруд бар "Озодиён" ва озодагон!

Сипос барои намак пошидан бар захми носурамон.
Гуфтааму боз хоҳам гуфт ки соли 1994 яке аз солҳои "ҳазору нӯҳсаду наваду ҷанг" буд. Ҷанге ки аз 5 маи 1992 то 27 июни 1997 ба дарозо кашиду ҷони беш аз 150 ҳазор ҳаммеҳани моро ситонд. Аз ҷумла 6 маи 1992 яке аз ҷигарбандони мо кушта шуд ки доғаш то Рузи Растохез дар диламон хоҳад буд.

Соли 1994 Тоҷикистон торикистон буду "юрчикон" ва "вовчикон" (лаънат бар ҳамаашон) теша бар решаи тоҷикон мезаданд. Ҳамон сол буд ки ҷангандаҳои нируҳои ҳавоии Узбакистон ҳар руз рустоҳои Рашту Тавилдараву Дарвозро бомбаборон мекарданд. Аз турктози он нокасон буд ки ду тан аз дӯстони ман ҷоми шаҳодат нушиданд ки яке 19-сола ва дигаре 18-сола буд.

Он солҳо ҷони тоҷикон бар каф буд, шумо нон мегӯед. Соли 1994 соли "наваду ҷангу гушнагӣ" буд. Чанг барои ҷону нон. Соле буд ки нон ба нархи ҷон мефурӯхтанду аз ному нанги тоҷикона камтар ба ёд меоварданд. Мо дидем, Худо дигаронро нишон надиҳад.
Сипос Худоро ки он солҳо пушти сар шуданд. Ҳазорон сипос.

Ариярамна
-------------------------------------

Соли 1994 як солест, ки насли бад бояд аз он ибрат гиранд ва нагузоранд, ки мавриди тавтеъаи душман қарор гиранд ва ҳамеша иттиҳод ва якпорчагии худро ҳифз кунанд. Чун мегўянд, ихтилоф биандоз ва ҳукумат кун, яъне ин ихтилоф ва даргириҳо тавтеъаи душман буд, чун судаш ба онҳо мерасид, на ба ин мардум.
وعتصموا بحبل الله جمیعا ولا تفرقو. Яъне ҳамагон ба ресмони илоҳӣ чанг занед ва муттаҳид бошед.

Чаро дар Қурони карим таърихи гузаштагон зиёд матраҳ шудааст? Ба хотири он ки мо ибрат бигирем. Масалан ҳар кас аз пайи фиръавн равад, оқибаташ маълум аст ва ҳар кас аз роҳи Мўсо равад, оқибаташ он хоҳад буд ان فی ذالک لعبره لمن یخشی.

Хулоса ин ки талош кунем, то мустақил, озод, ғанӣ ва муттакӣ ба худ бошем. Ислом ҳам мехоҳад, ки як ҷомеаи неки исломӣ бояд ҳамингуна бошад. Муттаҳид, якдаст, ҳушёр ва бедор бошем.

Маҳмад
-------------------------------------------

Салом ба шунавандагони ин радио ва хонандагони ин саҳифа!

Аввалан ба ҳамаи кормандони Озодӣ ташаккур мегўям ва сипас дар мавзўъе, ки имрўз матраҳ мешавад, гуфтаниям, ки аз он солҳо хотираҳои каме дорам, зеро хурдсол будам, вале дар ёд дорам, ки оинаи нилгун ва садоҳои гуногунро гўш мекардам, ки оё имрўз дар Тоҷикистон боз чанд нафар кушта шуд. Аз набуди нон танқисии зиёд мекашидем ва инро ҳам аз одамон шунида будам, ки чанд нафар аз гуруснагӣ фавтидаанд. Маргумири одамон аз гуруснагӣ, ба фикрам, ҳатто то охири соли 1994 давом дошт.

Биноан, имрўз бояд шукрона кунем, ки давлатамон ободу хонаамон пур аз нон аст ва мардумамон озодона қадам мезанад.

Як чизи дигар ҳам ба ёдам меояд, ки ҷавононе ки пас аз хатми мактаб мехостанд, ба донишгоҳҳо раванд ва ҳатто онҳое ки аллакай таҳсил мекарданд, аз тарси ҷон баъзан 2 ё 3 моҳ ба дарс намерафтанд, зеро ҷон ширинтар буд.

Ва дар охир ба ҳамаи шумо, алалхусус ҷавонон ва занон гуфтаниям, ки ба қадри нон бирасед. Баъзан одамон нонро дар кўча мехўранд, ки аз нисф зиёдаш ба замин мерезад ва зерипо мешавад. Гунаҳкор мешавем, нонро бояд эҳтиром кард.

Каздонӣ
------------------------------------

Ба "Ариярамна".
Ҳар куҷое рафтӣ, ҳамин гапро мегўӣ, чаро?
Соле буд, ки халқи точик фаҳмид, ки бародари худро мекушад ва агар ин гуна куштор идома додан гирад, ҷои бародарашро, як душмани дигаре мегирад, ки душмани ватанаш аст ва душмани наслаш.

Илоҳо, хонаи душман сўзад, чашми ҳамдилон рушан бошад, то дўстро аз душман фарқ кунанд.

Тоҷики Озод
---------------------------------------

Салом ба дастандаркорони радиои Озодӣ!

Дар хусуси мавзӯъи баҳси нав гуфтаниям, ҳар касе ки гузаштаи худ ва мусибатҳое ки бар сари миллаташ омадааст, фаромӯш кунад, ӯ набояд интизори ояндаи хубе бошад. Солҳои 1994 хунинтарин солҳо барои ин миллат маҳсуб мешавад ва худо он солҳоро ҳаргиз бознаорад.

Ва як чизи дигар, чӣ бояд кард, ки гузаштаи талх такрор нашавад. Ман феълан зуҳур ва вуҷуди чанд гурӯҳро дар кишвар таҳдид ба ояндаи он мешуморам:
1. Ҳизб-ут-таҳрир, ба истилоҳ, душманони ислом дар либоси ислом.
2. Густариши шиъапарастии тундравона ҳамчун омили тафриқаи мардум.
Зимнан, ин гурӯҳҳое ҳастанд, ки дар ҳамон соли 1994 зуҳур кардаанд. Мардуми мо аз пир то ҷавон бояд ҳушманд бошанд, ки ба доми ин дастаҳо наафтанд ва кишвари моро аз рушд дур накунанд.

Бо эҳтиром
Абдуллоҳи Маҳмуд
----------------------------------------

Ассалому алейкум хонандагон ва таҳигарони сомонаи радиои Озодӣ.
Хеле мавзӯъи олӣ пешкаш намудаед, ба шумо ташаккур барои ин мавзӯъ.

Ман дар ёд дорам, ки он вақтҳо 15-сола будам ва дар Афғонистон, дар муҳоҷират ба сар мебурдем. Ва хеле хуб дар ёд дорам, ки саршавии музокироти сулҳи Тоҷикистонро бо хушдунӣ пешвоз гирифтем. Шод будем, ки ба ватан бармегардем. Ва албатта, ҳолати муҳоҷирин дар шабурӯҳо хеле бад буд. Кампи муҳоҷирон дар ҷое воқеъ буд, ки он ҷо ҳамеша байни гурӯҳҳои афғон ҷангҳо рӯй медод, аниқтараш байни нирӯҳои Дӯстум ва Аҳмадшоҳи Масъуд. Дар ин ҷангҳо бисёр шаҳрвандони муҳоҷири тоҷик низ ба шаҳодат расидаанд.

Ва боз як чизи аламовар дар ёдам ҳаст. Дар тобистони соли 1994 дар байни муҳоҷирон як беморӣ зуҳур кард, ки ҷони бисёр шаҳрвандони моро рабуд. Дар ҳамин сол буд, ки Ризвон Содиров ба кампи муҳоҷирон, аниқтараш, ба қароргоҳи муҷоҳидон омад ва аз ҷинояткориҳои ӯ ҷони муҳоҷирон ба лаб омада буд. Ин бадбахт ҳам бисёре аз шаҳрвандони ғарибу мусофири Тоҷикистонро кушт.

Аммо доир ба авзоъи дохилии Тоҷикистон банда он қадар маълумот надорам, зеро он сол дар беруни Тоҷикистон будам.

Бо эҳтиром
Қумандон
------------------------------------

Он сол яке аз солҳои "ҳазору нуҳсаду наваду ҷанг" буд.
Ариярамна
--------------------------------------

Салом ба ҳамаи хонандагони ин саҳифа.
Ман мехостам фикри худамро дар ин бора баён кунам. Беқадр шудани рубл дар соли 1994 ба мардум хисороти зиёд ворид кард. Инчунин фаромӯшношуданист, ки дар Тоҷикистон нон камчин буд. Ман ҳатто шоҳиди он шудаам, ки дар ин сол аз он маҳаллае ки ман истиқомат мекардам, 5 тан аз шаҳрвандони тоҷик нон-нон-нон гуфта ҷони худро ба ҳақ супоридаанд. Ин аст хотироти ман аз соли 1994.

Мо бояд имрӯз шукри ин кунем, ки аз нон камбуд надорем ва ҳатто дар кӯчаҳои Душанбе имрӯз порҳаои нон ёфт мешавад, мардум ба нон беҳурматие мекунанду ба ҳар ҷое ки форадшон нонпораҳоро мепартоянд. Ё вақте занону духтарон хона мерӯбанд, он ҷо хеле зиёд нонрезаҳо ҳаст, ки ба сатили партов ва аз он ба партовгоҳҳо мепартоянд. Ин гуноҳи азимест, вале касе эътибор намедиҳад.

Аз ҳама ҷавонон ва хонандагони ин саҳифа хоҳиш дорам, ки нонро хор накунед, зеро "нон ҳам нону нонреза ҳам нон."
Амбиё Раҳмонзода
---------------------------------------

Салому алейкум.
Агар иҷозат диҳед, ман фикри худро бигӯям. Аз ҳама хубаш ин аст, ки мо тоҷикон бояд ин ҳодисаҳои бадбахтиро фаромӯш кунем. Дигар мо ҳоҷат ба он рӯзҳо надорем ва бояд ба гузашта салавот гуфт.

Шукри худованд, ки мо истиқлол ба даст овардем. Нест бод он касе ки дар хонаи азизи мо -- Тоҷикистон ҷанг андохт. Омин. Саломат бошед.

Ҷовидон
--------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.