CA Ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷир ва саломатии ӯ ба кӣ бастагӣ дорад? Оё муҳоҷират ҳамчун раванд, ба фикри шумо, мусбат аст ё манфӣ?
Ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва саломатии онҳо ба худи онҳо бастагӣ дорад, аммо муҳоҷирони тоҷик ҳоло беҳуқуқтарин мардум дар сартосари Русия ба шумор мераванд. Чаро? Мо на ҳукумати бэътимод дорем, ки ҳуқуқи шаҳрвандонашро ҳимоя кунад ва мо ҳама тоҷикони хундор худро дар ҷанги шаҳрвандй куштем ва ҳоло пароканда ва бесарвар ҳастем ва ҳамаи он созмонҳое ки ҳоло дар Русия фаъолият мекунанд, созмонҳои маҳаллй мебошанд.
Ва оқои Раҳмонов бо рафиқи худ, президенти Русия Владимир Путин менишинаду сўҳбат мекунад ва май менўшаду хурсандй мекунад, дар бораи мардуми худ дар Русия фикр намекунад. Путин собиқ корманди КГБ аст ва дастаҳои миллатгарои русро низ ҳамин созмони махфй омода кардаву ҳимоят мекунад ва ин дастаҳо муҳоҷиронро ҳадаф қарор медиҳанд.
Саломат бошед.
Кова
------------------------------------
Бо салом.
Дар аввал хуб мебуд, барои муҳоҷирон шароите сохта мешуд, то онҳоро ҳамаҷониба -- ҳам давлати фиристонанда ва ҳам давлати қабулкунанда дастгирӣ мекарданд. Ҳоло ҳозир ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федерасюни Русия қобилияти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷиронро надоранд, аз ин сабаб ҳар як муҳоҷир бояд ҳуқуқи худро донад ва саломатии хешро ҳифз кунад.
Ба саволи дуюм: Оё муҳоҷират ҳамчун раванд мусбат аст ё манфӣ? Гуфтаниям, ки албатта, мусбат аст ва хусусан барои Русия начандон пешрафта хеле мусоъид аст. Муҳоҷират дар ҳама ҷо вуҷуд дорад. Бубинед, аз Олмоне ки ҳама дороянду ҳама ҷояш тозаву озода аст, олмониён ба Амрикову Конодо, Австарлиё ва дигар мамолик муҳоҷират мекунанд. Бошад, ки ҷаноби Раҳмонов, ба мардуми мазлуми худ раҳм кунад, худоё.
Далер
--------------------------------------
Ассалому алайкум, дӯстони азиз.
Пеш аз ҳама изҳори миннатдорӣ ва шукр барои радио Озодӣ. Чунки ин амали хайре ки шумо анҷом медиҳед, саҳме хоҳад буд ба бедории миллати тоҷик.
Муҳоҷират, войи муҳоҷират...
Дурӣ аз ватан ва аҳли оила ва зану фарзанд ба кӣ хуш меояд? Хосатан муҳоҷират ба Русия, азобу шиканҷа, зимистони сард, фишору таҳқиру латукӯб. Оё ин ҳама мусбат аст?
Мансабдорон ва ҳукуматдорон дар шароити хуб зиндагӣ доранд. Оё онҳо боре фикр карданд, ки муҳоҷирон чӣ ҳол доранд? Мардум онҳоро интихоб карданд, ки ояндаи беҳтаре дошта бошанд. Вале афсӯс, оӯз то рӯз вазъи муҳоҷирони кории мо бадтар мешавад. Пас ба кӣ бастагӣ дорад? Маълум ки ба касе ки даъво дорад, 80 дарсади ройи мардумро ба даст овардаанд ва раиси ҷумҳур интихоб шудаанд ва 7 соли дигар дар ҳукм ҳастанд. Худо раҳм кунад ба мардуми мазлуми мо, омин.
Аҳмад
----------------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеҷ назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.