Ин ҷашнвора бо ибтикори Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ва кумаки молии Вазорати умури хориҷии Донмарк ё Дания роҳандозӣ шуда, дар он ба ҷуз аз филмҳое, ки ба ҳаёти муҳоҷирони Осиёи Марказӣ марбутанду дар ин минтақа ва Русия ба навор гирифта шудаанд, филмҳои дар Аврупо, Туркия ва Австралиё офаридашуда низ намоиш дода шуданд.
Саргузашту сарнавишти муҳоҷирони тоҷик мавзӯъи филме шудааст бо номи "Мо ба Маскав расидем". Ба гуфтаи Нурҷон Эрҷонов, намояндаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Қазоқистон, ин филм, ки соли 2004 дар Тоҷикистон ва Русия ба навор гирифта шудааст, вокеияти зиндагии мушкили муҳоҷирони тоҷикро дар ғурбат ва ҳам ватанашон нишон медиҳад. Вай мегӯяд, чун зиндагӣ дар Тоҷикистон мушкил аст, онон рӯ ба ғурбат меоранд.
Роза, як бонуи қазоқ, мегӯяд, вай бо лаҳзаҳое, ки дар ин филм дид қариб ҳамарӯза дучор мешавад: "Онҳоро ман дар бозору кӯчаҳо мебинам ва дилам ба онон месӯзад. Вале чи кунам, ки аз дастам чизе намеояд. Бар илова зиндагии мо ҳам чандон хуб нест"
Рӯзе, ки филм дар бораи муҳоҷирони тоҷик намоиш дода шуд, аз шаҳрвандони тоҷик касе ҳузур надошт. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи намояндаи Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, ташкилкунандагони ҷашнвора ба сафорати Точикистон дар Қазоқистон даъватнома фиристода буданд. Дидани филмҳои чашнвора ройгон буд, вале ин ҳам муҳоҷирони тоҷикро ҷалб накард, то боре бо чашмони дигар ба зиндагии хеш бингаранд.
Намояндаи дигари Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират хонум Элодӣ Фишер гуфт, ки агар сафорати Тоҷикистон ва ё Маркази фарҳангии тоҷикон хоҳиш дошта бошанд, ин созмон омодааст, филми "Мо ба Маскав расидем"-ро махсус барои муҳоҷирони тоҷик дар ҷои барояшон мувофиқ намоиш диҳад. Ҳамзамон бо тамошои филм намояндагони Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мехоҳанд, бо муҳоҷирони тоҷик дар мавзӯъҳои муҳими ҳуқуқи муҳоҷирон сӯҳбат ва табодули назар кунанд.
Онҳое, ки дар Тоҷикистонанд, филми "Мо ба Маскав расидем" ва дигар филмҳои ҷашнвораро дар худи кишварашон тамошо хоҳанд кард. Зеро сар аз соли нав ин ҷашнвора дар Тоҷикистону Қирғизистон идома хоҳад кард.