Интиқоли гази табиӣ ба аҳолии Тоҷикистон дар рӯзҳои бебарқӣ, ки гуфта мешавад, чанд рӯз идома мекунад, то якуми декабр қатъ нахоҳад шуд. Рӯзҳои 28, 29 ва 30-юми ноябр қарор аст, корҳои садбандӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда -1 шурӯъ шавад. Зимнан аз соати 22.00-и шаби 29 ноябр то соати 22.00-и 30 ноябр интиқоли барқ дар саросари Тоҷикистон мутаваққиф мегардад. Нирӯи барқ танҳо ба муассисаҳои ҳаётан муҳим мисли беморхона, макотиби миёна ва хадамоти рафъи садамаҳо интиқол дода мешавад.
Фаёзиддин Содиров, сухангӯи ширкати гази Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистон бо ширкати «Узтрансгаз»-и Ӯзбакистон барои харидории 680 миллион метри мукааб гази табиӣ дар соли ҷорӣ қарордод дорад ва то имрӯз ҳамагӣ 450 миллион метри мукааб газ мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ҳисоби захираи мавҷуда, ба гуфтаи ҷаноби Содиров, дар рӯзҳои бебарқӣ аҳолӣ бо газ шабонарӯз таъмин хоҳанд шуд. Ва аммо ширкати гази Тоҷикистон аз фаъолияти корхонаҳои саноии кишвар то охири ноябр, яъне дар рӯзҳои бебарқӣ нигарон аст.
Фаёзиддин Содиров: Ин рӯзҳо, ки барқ қатъ мегардад, ниёзи тамоми корхонаҳо ба газ зиёд гашта истодааст, аз ҷумла корхонаҳои алюминий, истеҳсоли семент, «Тоҷиказот» ва маркази гармидиҳии Душанбе. То тамоми кӯшишамонро барои он равона мекунем, ки дар навбати аввал ва саривақт ин корхонаҳо бо газ таъмин намоем.
Дар ҳоле, ки сокинони пойтахти Тоҷикистон ва шимоли кишвар дар рӯзҳои бебарқӣ бо гази табиӣ таъмин хоҳанд шуд, мақомоти ширкати «Қӯрғонтеппагаз» мегӯянд, наметавонанд, аҳолии минтақаро шабонарӯз бо газ таъмин кунанд. Раҳматулло Нақимов, муҳандиси аршади ширкати «Қӯрғонтеппагаз» мегӯяд, азбаски гази маҳаллӣ дар мавсими сармо кам мешавад, газ ба аҳолӣ тибқи реҷа интиқол меёбад:
Раҳматулло Нақимов: Чӣ хеле ки реҷа ҳаст, ҳамин хел таъмин мекунем, яъне саҳар аз соати 6:00 то 8:00, нисфирӯзӣ аз 11:00 то 13:00 ва бегоҳ аз 16:00 то 22:00. Мо наметавонем аз ин бештар диҳем, зеро гази маҳаллӣ кам мешавад ва мо онро чанд соат ҷамъ мекунем ва пас ба аҳолӣ медиҳем.
Ба гуфтаи ҷаноби Содиров, ҳамзамон тасмим гирифта шудааст, ки интиқоли газ дар қаламрави Тоҷикистон пас аз 1 декабр аз 6 соати имрӯз то 10 соат дар як шабонарӯз афзоиш ёбад. Аммо дар рустоҳои навоҳии дурдаст, ки бо газ ҳам таъмин нестанд, мушоҳада шудааст, ки нируи барқ низ тайи чанд рӯзи ахир тамоман интиқол наёфтааст.