Бишкек
Тибқи натиҷаи як назархоҳӣ, ки бо ҳимояи молии Оҷонси амрикоии рушди байналмилал ё ЮСАИД дар Қирғизистон сурат гирифт, эътимоди мардуми ин кишвар ба порлумон коҳиш дида ва аммо дар баробари ҳукумат афзоиш ёфтааст. Бино бар ин назарсанҷӣ, 71% аз ҳукумат, 69 дарсад аз дастгоҳи раёсати ҷумҳур ва фақат 59 дарсад аз порлумон тарафдорӣ кардаанд.
Дар варақаи саволу ҷавоб бештар масъалаҳои иқтисодиву сиёсӣ матраҳ гардидаанд. Бино ба ҷамъбандии назархоҳӣ, ки дар он 1.500 сокини манотиқи мухталифи Қирғизистон ширкат кардаанд, таи якуним соли баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати нав ин кишвар рӯ ба ҳоли рушд будааст. Ба ақидаи аксарияти дар ин назархоҳӣ ширкат дошта, сиёсате, ки ҳукумати нав пиёда мекунад, сиёсати дуруст ва қобили қабули мардум мебошад.
Аз мушаххасоте, ки мавриди таваҷҷӯҳи назархоҳон гардидааст, беҳбуди шароит дар муассисаҳои маориф, чун хӯроки гарми бепул ва ройгон тақсим кардани китобҳои дарсӣ, зиёд кардани маош, нафақа ва кӯмакпулӣ бо дарназардошти сари вақт пардохтани он мебошанд.
Аммо зимни назархоҳӣ иддае аз шаҳрвандони Қирғизистон аз авҷи фасоду ришвахорӣ ибрози ташвиш кардаанд. Ҳамчунин, афзоиши бекорӣ ва хонаводаҳои камбизоат, таҳдиди хатари ҷанги шаҳрвандӣ аз масъалаҳое маҳсуб шудаанд, ки 70 дарсади назархоҳонро ба ташвиши ҷиддӣ мувоҷеҳ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон зимни як суханронӣ дар баробари кормнадони мақомоти ҳуқуқ ва тартиботи кишвараш ба баъзе аз ин нукот ишора кард. Вай гуфт, ки вазъи ҷиноии кишвараш нигаронкунанда боқӣ мондааст ва маҳз дар шаҳри Бишкек ва вилоятҳои Чуй ва Иссиқкӯл чинояткорӣ авҷ гирифтааст. Қурмонбек Боқиев афзуд, ба маводи мухаддир рӯй овардани ҷавонон ҷинояткориро вусъат бахшидааст.