Барфи аввал ва.... шиддати меъёри интиқоли барқ

Мутобиқи меъёри муқарраркардаи идораи барқи Суғд, ба манзилҳои сокинони минтақаи шимолии Тоҷикистон барқ дар давоми 3 - 4 соат ҳар субҳу шом интиқол дода мешавад. Ва ин дар ҳолест, ки аз баҳори соли равон соати истифодаи газ низ барои сокинон танҳо ба ду - се соати бегоҳ муқаррар шудааст. Ҳамакнун барфи аввал ва поин рафтани ҳарорати ҳаво манзилҳои сокинонро дар сардиву торикӣ гузошт:

«Барқу газ дар хонаҳоямон тамоми рӯз нест. Мо ва кӯдаконамон азоб мекашем, хусусан, дар зимистон. Барои чӣ ҳамин хел? Чӣ тавр зиндагӣ кунем?»
«Вақте ки дар хонаи ман барқ нест, мебинам, ки хонаи ҳамсояам чароғон аст. Ин бемасъулиятии кормандони соҳаи барқро дар тақсими он нишон медиҳад.»
«Дар оила мо як нафар корношоями дараҷаи аввал дорем, шавҳарам, ки он кас беморанд. Боз модари 87-солаам ҳам ҳамроҳамон зиндагӣ мекунанд. Ба бемор нимашаб сӯзандору гузаронидан лозим, бо шамъ намешавад, аз идораи барқ хоҳиш кардам, ки ба манзили мо доимӣ барқ диҳанд, мо муҳтоҷем. Аммо ду бор аризаи маро ба сабаби лимити барқ рад карданд.»


Ба гуфтаи Муъмин Тошматов, раиси идораи шабакаи барқи Суғд, минтақаи шимолии Тоҷикистон солона ба 17 миллиард киловатт/ соат нирӯи барқ ниёз дорад ва дар фасли сармо бо паст рафтани нирӯи барқофарини нирӯгоҳи обии барқи Норак ба камбуди ҷиддии барқ дучор мешавад:
«Дар фасли зимистон сеюним миллиард киловатт/соат норасоии барқ дар вилояти Суғд эҳсос мешавад.»

Дар фасли сармо Тоҷикистон барои вилояти Суғд барқро бештар аз Узбакистон харидорӣ мекунад. Ба гуфтаи оқои Тошматов, нирӯгоҳи обии барқи Қайроқум танҳо тақрибан 20 дар сади ниёзи устонро бароварда месозад. Тоҷикистон метавонад ба минтақаи шимолии худ аз Қирғизистон барқ харидорӣ кунад. Барои ин дар ду сол қабл дар миёни Суғду Ботканд, вилояти ҷануби Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон як хати барқ кашида шуд. Аммо дар ҳоли ҳозир он комилан мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифтааст. Нарзулло Дадобоев, сарвари маркази иттилоотии ҳукумати Суғд мегӯяд, сари масъалаи транзити барқ бо Узбакистон мувофақа ҳосил нашудааст :
«Барқдиҳанда ҳаст. Қирғизистон аз нирӯгоҳи барқи обии Токтогул ба мо барқ дода метавонад. Аммо барои транзит Узбакистон маблағи зиёд мехоҳад. Бо пардохти он нархи барқ ду баробар боло меравад.»

Ба гуфтаи масъулини идораи барқи Суғд, танҳо бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун ва силсилаи нирӯгоҳҳои обӣ дар рӯдхонаи Зарафшон метавонад Суғд ва дигар манотиқи Тоҷикистонро аз буҳрони энергетикӣ берун кашида, манзили сокинонро дар ҳама фасли сол чароғон гардонад.