Бар асоси ин таҳқиқот маълум шуда, ки бемориҳои сармохӯрдагӣ (грипп ва амсоли он) ба нафаре, ки худро хушбахт меҳисобад, камтар сироят мекардааст. Муҳаққиқони амрикоӣ мегӯянд, ки агар одам хушбахту ором ва ё хуштабъ бошад, сарфи назар аз ҷинсият, фарбеҳ ва ё лоғар будан камтар сармо мехӯрад.
Ин таҳқиқот як хабари хуш барои онҳое ҳам дорад, ки худро хушбахт намедонанд. Бино бар натоиҷи ковишҳои муҳаққиқони амрикоӣ, мардуми баргаштабахт ва ё саршори эҳсосоти манфие, назири қаҳру хашм, низ камтар гирифтори сармохӯрдагӣ мешаванд. Ба таъбири дигар, маълум аст, ки хушбахтӣ масунияти бадани одамро баландтар мекунад, аммо бебахтӣ ба навбаи худ намегузорад, ки қобилияти дифоъии бадани инсон дар муқобили бемориҳо заъиф шавад.
Аммо мутаасифона одамоне, ки хушбахт нестанд, ҳатто вақте, ки сармо нахурдаанд, фикр мекунанд, ки ин беморӣ онҳоро сироят кардааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон, одамоне ки зери фишор ё нороҳат ҳастанд, низ зиёд шикоят мекунанд, ки сармо хӯрдаанд, дар ҳоле ки чунин нест.
Шелдон Коэн, профессори равоншинос дар донишгоҳи Мелон Карнеги дар шаҳри Питзбурги Амрико ва яке аз муаллифони аслии таҳқиқоти ахир, чандин сол аст, ки масъалаи иртиботи байни хушбахтӣ ва маризиҳоро пажӯҳиш мекунад. Ба эътиқоди вай пажӯҳишҳои баъдӣ собит хоҳад кард, ки мардуми хушбахт ҳамин тавр ба як силсила амрози дигар низ камтар гирифтор мешаванд. Қарор аст, натоиҷи таҳқиқоти Шелдон Коэн ба зудӣ дар маҷаллаи равоншиносии Psychosomatic Mеdicine чоп шавад.