...аммо оё Тоҷикистон ба танҳоӣ хокашро аз мина тоза карда метавонад?
Расули Шодон
Беш аз 20 кишвари дунё зери як паймони байналмилалӣ имзо гузоштанд, ки тибқи он бояд ҷонибҳои низоъ пас аз хатми ҷанг тамоми маводи инфиҷор нашударо аз майдонҳои ҷанг барчинанд.
Дар шаҳри Женева, дар Швейтсария як конфронси байналмилалӣ баргузор шуд ва дар он истифода аз силоҳи маъмулӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мубтакир ва созмондиҳандаи ин конфронс созмони байналмилалии Салиби сурх мебошад.
Сухангӯи ин созмон Петер Ҳерби дар бораи талошҳое, ки дар оғози солҳои 2000-ум шурӯъ шуда буд, чунин мегӯяд: "Мо аз ин душвориҳое, ки ба боқимондаҳои маводи мунфаҷираи даврони ҷанг иртибот мегирад, ошно ҳастем, яъне ҷангҳое, ки дар солҳои 1970 дар шибҳа ҷазираи Ҳиндучин ва Афғонистон дар замони таҷовузи Русия анҷом гирифта буданд."
Аммо Мавлоқулов Парвиз - ҳамоҳангсози амалиёти маркази минрӯбии Тоҷикистон мегӯяд, худи Тоҷикистон наметавонад мустақилона минҳоро ҷамъ кунад :
"Ин корро Тоҷикистон албатта наметавонад барои он ки иқтидор надорад. Барои тоза намудани минаҳои нотаркида маблағи зиёд лозим аст. Ба ғайр аз минаҳо Тоҷикистон бисёр мушкилоти дигар дорад, барои ҳамин Тоҷикистон наметавонад барои тоза намудани минаҳо маблағи зиёд сарф кунад."
Оқои Мавлонқулов ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои фақир дохил мешавад ва барои поккории минаҳо маблағ ва нирӯи корӣ лозим аст.
Созмони байналмилалии Салиби сурх мегӯяд, ки соли ҷорӣ дар Лубнон минаҳо 23 нафарро кушта ва 136 нафари дигар захмӣ кардаанд. Бино бар қавли ин созмон, дар Лаос дар 30 соли гузашта аз таркиши минаҳо 11.000 нафар кушта ва миллионҳо нафари дигар захмӣ шуданд.