Зулайхо Ҳакимова, як бонуи тоҷири бозори Корвон мегӯяд, дар оташсӯзии субҳи якшанбеи 12 ноябр ба маблағи тақрибан панҷсад ҳазор сомонӣ колои барои тиҷорат нася гирифтааш ба коми оташ рафтааст. Ӯ бо ёдоварӣ аз чанд оташсӯзие, ки дар ин бозор қаблан ба амал омадааст, гуфт, мутмаин нест, ки аз сӯи маъмурияти бозор ва ё мақомоти дигари масъул хисороти ин оташсӯзӣ ҷуброн бишавад. Зеро, мегӯяд ӯ, дар маврид мақомоти масъул таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд, дар сурате, ки тоҷирон маблағи молиёт ва дигар расмиётро комилан пардохт мекунанд.
Аз хонум Ҳакимова пурсидам, ки оё ӯ ва тоҷирони дигари аз ин оташсӯзӣ хисоротдида амволи худро суғурта ва ё бима кардаанд? Ҳарфе, ки ӯ дар посух ба ин суолам гуфт, ин буд, ки дар маҷмӯъ барои расмиёт маблағи зиёде пардохт мекунанд.
Аз идораи суғуртаи шаҳри Душанбе ба радиои «Озодӣ» иттилоъ доданд, тоҷироне, ки дар ин оташсӯзӣ мувоҷеҳ ба хисороти молӣ шудаанд, амволи худро бима накардаанд. Муҳаммадраҷаб Бойназаров, нозири идораи суғуртаи шаҳри Душанбе мегӯяд, дар мавриди суғурта кардани амвол миёни сокинон, ҳамчунин тоҷирон зиёд таблиғот мебаранд, вале мардум дар бештарин маворид, бима сохтани амволро харҷи барзиёд унвон ва аз пардохти маблағи он худдорӣ мекунанд.
Оқои Бойназаров гуфт, бар асоси Қонуни суғуртаи Тоҷикистон ду навъи бимаи амвол- ихтиёрӣ ва ҳатмӣ мавҷуд аст. Ва ҳар ду маврид низ ҳиссаи пардохти суғурта 3 дарсад муқаррар шудааст. Аммо меафзояд, суғуртаи манзил ва сохтмонҳо ду дарсад аз маблағи умумии арзиш мебошад.
Вале ин дар ҳолест, ки афроди соҳиби автомобили хусусӣ, ки гурӯҳи аслии пардохткунандаи маблағи бимаи ҳатмӣ мебошанд, шикоят аз он доранд, дар сурати мувоҷеҳ ба ҳодисае шудан дарёфти ҷуброн аз мақомоти суғурта аслан ғайри қобили имкон аст. Сафар Атоев, сокини Душанбе ва ронандаи мошини кирояи хусусӣ мегӯяд, аслан маблағе, ки аз сӯи мақомоти суғурта ба ҷабрдидагон ҷуброн мешавад, кирояи саргардонӣ нест, зеро то ба даст овардани ин маблағ, аз он бештар маблағ харҷ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳамчунин ширкатҳои хусусии суғурта фаъол аст. Фаъолияти ин ширкатҳоро қонуни кишвар дар мавриди фаъолияти созмонҳои хусусии бима, ки соли 2005 ба тасвиб расидааст, танзим мекунад. Аммо мақомоти давлативу хусусии суғуртаи кишвар мегӯянд, сокинон ҳанӯз ба дарки моҳияти ин навъи ҳифзи амвол нарасидаанд.